Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 июли соли 1996, № 311
тасдиқ шудааст
Низомномаи Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 04.02.2000 № 64, аз 28.08.2001 № 402, аз 02.11.2007 № 549, аз 03.12.2012 № 713)
1. Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ барои асарҳои барҷастаи сазовори эътирофи васеи ҷамъиятигашта, аз нигоҳи бадеию публитсистӣ олӣ дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, инчунин барои саҳми бузург дар рушди назария ва амалияи эҷодиёти бадеию публитсистӣ дода мешавад ().
2. Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика як маротиба дар 2 сол (солҳои ҷуфт) дода мешаванд (.
ҳафт ҷоиза муқаррар карда мешавад: аз ҷумла, як ҷоиза дар соҳаи адабиёт, як ҷоиза дар соҳаи санъати театр ва синамо, як ҷоиза дар соҳаи мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ, як ҷоиза дар соҳаи санъати тасвирӣ ва меъморӣ, як ҷоиза дар соҳаи эҷодиёти бадеӣ (адабиёт, санъати тасвирӣ, театр, мусиқӣ, синамо) барои кӯдакон ва наврасон, як ҷоиза дар соҳаи журналистика, як ҷоизаи махсуси байналмилалӣ дар соҳаи адабиёти тоҷик барои тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиб ().
Андозаи як ҷоиза мутаносиб ба 3500 доллари ШМА буда, бо асъори миллӣ аз рӯи қурби ҷории рӯзи қабули қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон дар бораи мукофотонӣ пардохта мешавад ().
3. Пешбарӣ кардани асарҳо барои гирифтани Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ аз тарафи вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои эҷодӣ, ҷамъиятӣ, муассисаҳои илмӣ, мактабҳои олӣ, коллективҳои меҳнатӣ, редакцияҳои рӯзномаю маҷаллаҳо ва матбааҳо сурат мегирад. Асарҳо дар маҷлисҳои коллегия, раёсатҳо, котиботи раёсатҳо, Шӯроҳои бадеӣ ва илмӣ, маҷлисҳои коллективҳои меҳнатӣ дар вазъияти серталабӣ ҳангоми баҳодиҳӣ ба асар, мавқеи онҳо дар раванди бадеӣ, саҳми эҷодии ҳар як номзад ва иштироки васеи ҷамоатчигӣ ва таъмини пурраи ошкорбаёнӣ пешниҳод мешаванд.
4. Пешниҳод намудани асарҳои адабӣ, санъат, публитсистӣ иншоотҳои меъморӣ ва корҳои илмӣ (ба нашр расида, оммавӣ иҷрошуда ва буньёдгашта) барои гирифтани Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ бояд на дертар аз як соли пеш аз хатми қабули корҳо сурат гирад ().
Асарҳои адабӣ, санъати тасвирӣ ва мусиқӣ, меъморӣ, корҳои илмӣ бояд на пештар аз 5 сол (ба намоиши оммавӣ гузошта шуда бошанд, эҷод гардида бошанд) ва фильмҳои синамоию телевизионӣ, намоишномаҳои театрӣ ва телевизионӣ, барномаҳои концертиву асарҳои мусиқӣ ва публитсистӣ бояд на пештар аз 3 соли санаи мукофотдиҳӣ эҷод ва ё иҷро шуда бошанд ().
Асарҳои пештар мукофотонидашуда (ё барои гирифтани мукофот пешниҳодгардида) барои гирифтани мукофоти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда намешаванд. Як номзад наметавонад дар як вақт ба гирифтани Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ду ва ё зиёда корҳо пешбарӣ карда шавад.
Ҳангоми мавҷуд будани дастовардҳои барҷастаи нави дорандаи Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ин мукофот метавонад ба ӯ такроран дода шавад, вале пешниҳод намудан барои гирифтани мукофот бояд на камтар аз 5 соли баъд аз бори аввал гирифтани он, сурат гирад.
5. Коллективе, ки барои гирифтани Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешниҳод шудааст, бояд танҳо муаллифони асосиро дар бар гирад, ки саҳми он дар ин маврид ҳалкунанда бошад.
Ба ҳайати коллективи мукофотгирандагон дохил кардани шахсон аз рӯи аломатҳои маъмурӣ, машваратӣ ва ё ташкилотӣ мумкин нест. Шумораи пешниҳодшавандагон набояд аз 8 нафар зиёдтар бошад.
Ба ҳайати пешниҳодшавандагон ашхосе метавонанд дохил шаванд, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, якҷоя бо ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақша, лоиҳа ва барномаҳои ин ташкилотҳои пешниҳоднамуда корҳо иҷро намудаанд.
6. Корҳое, ки ба гирифтани Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешниҳод мешаванд, аз тарафи Кумитаи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд "Кумита" номида мешавад) то 25 декабри соли пеш аз фарорасии соли мукофотдиҳӣ қабул карда мешаванд ().
Тартиби тайёр намудани ҳуҷҷатҳо тибқи дастуре, ки аз тарафи Раёсати Кумита тасдиқ шудааст, муайян мешавад.
7. Рӯйхати корҳои аз тарафи Кумита қабулшуда бо номбурдани муаллимон ва ташкилоти онҳоро пешниҳодкарда, баъд аз хатми қабули онҳо, дар воситаҳои ахбори омма чоп мешавад.
Баъд аз ба нашр расидани рӯйхати корҳои қабулшуда, аъзоёни Кумита бо корҳое, ки ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиқистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешниҳод шудаанд, шинос шуда, афкори умумро меомӯзанд ва баъдан дар секцияҳо ва Пленуми Кумита корҳои лоиқро барои баррасии минбаъда интихоб менамоянд.
Барои шиносоии оммавӣ бо корҳое, ки ба иштирок дар конкурс роҳ дода шудаанд, рӯйхати онҳо бо номбурдани муаллифон ва ташкилотҳои ин корҳоро пешниҳоднамуда, моҳи март дар воситаҳои ахбори омма нашр мегардад.
8. Асарҳои аз тарафи Кумита баррасишаванда бояд ҳаматарафа дар матбуот, телевизион ва барномаҳои радио, дар маҷлисҳои аҳли ҷомеа, дар коллективҳои меҳнатӣ ва таълимӣ, дар маҷлисҳои ҳайати бадеӣ, таҳририву нашриётӣ, дар ташкилотҳои эҷодиву ҷамъиятӣ бояд муҳокима шаванд. Муҳокима бояд характери мубоҳисавӣ дошта, ба таври демократӣ сурат гирад, то ки афкор ва баҳои оммаи васеъ ошкоро зоҳир гардад. Материалҳои ин муҳокимаҳо, тақризҳо, мулоҳизаҳо ва пешниҳодҳо бояд то 10 маи соли додани мукофот ба Кумита фиристода шуда, ҳангоми баррасии корҳое, ки ба дарьёфти Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ пешкаш шудаанд, ба назар гирифта мешаванд.
Ташкил намудани азназаргузаронӣ ва таношою шунидани намоишномаҳо, асарҳои мусиқӣ, барномаҳои концертӣ, кино ва телефильмҳо, намоишгоҳҳои ҳунарӣ, тасвирӣ дар вақти кори ҷаласаҳои Кумита ба ӯҳдаи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои эҷодӣ якҷоя бо Кумита гузошта мешавад.
9. Қарор дар бораи додани Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ аз тарафи Кумита ба таври овоздиҳии махфӣ қабул шуда, то 20 июнь ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод мешавад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар арафаи ҷашни Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегардад.
10. Ба ашхосе, ки сазовори Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рудакӣ шуданд, унвони "Дорандаи Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ", диплом ва нишони фахрӣ дода мешавад. Дар вақти мукофотонидани як гурӯҳ муаллифон бо Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рудакӣ мукофотпулии он байни онҳо баробар тақсим мешавад. Аз мукофотпулӣ андоз ситонида намешавад.
11. Диплом ва нишони фахрии Лауреати фавтидаи Мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ва ё баъд аз марг бо мукофоти мазкур тақдиршуда ҳамчун хотира ба оилаи вай дода мешаванд. Мукофотпулӣ ба таври мерос аз рӯи тартибе, ки қонунгузории шаҳрвандӣ пешбинӣ менамояд, дода хоҳад шуд.