Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, № 713 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, № 311 "Дар бораи тасдиқи низомномаҳои Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, Кумитаи ҷоизаи мазкур ва ҳайати ин Кумита" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

а) дар ном ва бандҳои 1 ва 2 қарори мазкур калимаҳои "адабиёт, санъат ва меъморӣ" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика" иваз карда шавад;

б) дар Низомномаи Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, № 311 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни Низомнома калимаҳои "адабиёт, санъат ва меъмории" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи" иваз карда шавад;

- дар банди 1 калимаҳои "адабиёт, санъат ва меъморӣ, олимони адабиёт ва санъатшинос, мунаққидон" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ, журналистика ва муҳаққиқони ин соҳаҳо" иваз ва баъд аз калимаҳои "муассисаҳои фарҳанг ва санъат" калимаҳои ", идораҳои воситаҳои ахбори омма" илова карда шавад;

- дар зербандҳои а) ва г)-и банди 4 калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ, назария ва таърихи эҷодиёти бадеӣ" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ, журналистика, назария ва таърихи эҷодиёти бадеӣ ва публитсистӣ" иваз карда шавад.

в) дар Низомномаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июли соли 1996, № 311 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар ном ва матни Низомнома калимаҳои "адабиёт, санъат ва меъморӣ" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика" иваз карда шавад;

- банди 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"1. Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ барои асарҳои барҷастаи сазовори эътирофи васеи ҷамъиятигашта, аз нигоҳи бадеию публитсистӣ олӣ дар соҳаҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика, инчунин барои саҳми бузург дар рушди назария ва амалияи эҷодиёти бадеию публитсистӣ дода мешавад";

- дар сархати дуюми банди 2 калимаи "шаш" бо калимаи "ҳафт" иваз карда, баъд аз калимаҳои "барои кӯдакон ва наврасон," калимаҳои "як ҷоиза дар соҳаи журналистика," илова карда шавад;

...

- дар сархати якуми банди 4 баъд аз калимаҳои "адабӣ, санъат," калимаи "публитсистӣ" ва дар сархати дуюм баъд аз калимаҳои "асарҳои мусиқӣ" калимаҳои "ва публитсистӣ" илова карда шавад.

2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, № 233 "Дар бораи тасдиқи Ҳайати Кумитаи Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

а) дар ном ва банди 1 қарори мазкур калимаи "Ҷоизаҳои" ба калимаи "Ҷоизаи" ва калимаҳои "адабиёт, санъат ва меъмории" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи" иваз карда шавад;

б) Ба Ҳайати Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, № 233 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:

- дар номи Ҳайат калимаҳои "адабиёт, санъат ва меъмории" бо калимаҳои "адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи" иваз карда шавад;

- бандҳои 5, 10 ва 18 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"5. Пиров Маҳмадсаид Шоҳиддинович - мудири шӯъбаи фарҳанги Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.";

"10. Саидов Нуриддин Саидович - Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.";

"18. Сиддиқов Саид Раҷабалиевич - муовини якуми раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2012, № 713

ш. Душанбе