Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, № 122
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2009, № 122 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ" тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шавад:
- дар банди 1.1. баъд аз калимаҳои "бекор намудан" калимаи "тағйир додан" илова карда шавад;
- дар матни Қоидаҳо калимаҳои "стикери" ва "стикерҳои" мутобиқан ба калимаҳои "баргаи" ва "баргаҳои" иваз карда шавад;
- дар банди 1.6. баъд аз калимаҳои "тамдиди мӯҳлат" калимаи "тағйир" илова карда шавад;
- зербанди "б" банди 1.6. дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"б) Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми намуд ва навъҳои раводидро медиҳад; тамдид ва тағйири раводидҳои шаҳрвандони хориҷиро барқарор ва бекор мекунад. Раёсати консулӣ дар ҳолати мувофиқ набудаии навъи раводид ба мақсади вуруди шаҳрванди хориҷӣ метавонад онро бекор намояд ва раводиди навъи дахлдорро таҳия намояд;";
- дар зербанди "б" банди 2.1. баъд аз калимаҳои "вазорату идораҳои давлати хориҷӣ" калимаҳои "ва ё бо даъвати вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шавад;
- дар зербанди "г" банди 2.1. баъд аз калимаи "ярмаркаҳо" калимаҳои "таҳқиқоти илмӣ ва таҷрибаомӯзӣ" ва баъд аз калимаҳои "ташриф оварданианд ё ин ки овардаанд" калимаҳои "инчунин аъзои оилаи онҳо" илова карда шавад:
- дар банди 2.2. баъд аз калимаҳои "шаҳрванди хориҷӣ" калимаҳои "инчунин дар ҳолати истисно падар, модар, бародар ва хоҳар, ки дар парастории шаҳрванди хориҷӣ қарор доранд." илова карда шавад;
- дар сархати дуюми банди "в" боби 3 калимаҳои "Хадамоти муҳоҷирати" ба калимаҳои "Хадамоти шиносномавию бақайдгирии" иваз карда шавад;
- дар зербанди "г" банди 5.1. ҷумлаҳои "Навъи раводиди мазкур тағйир дода намешавад ва бояд қатъиян бо мақсади вуруди шаҳрванди хориҷӣ мутобиқ бошад. Дар ҳолати мувофиқ набудани мақсади вуруд ба навъи раводиди мазкур, будубоши минбаъдаи шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон номатлуб мебошад" хориҷ карда шавад;
...

- дар сархати сеюми зербанди "д" банди 5.1. калимаҳои "Вазорати корҳои дохилии" ба калимаҳои "назди Ҳукумати" иваз карда шавад; - дар зербанди "и" банди 5.1.:
а) калимаҳои "Хадамоти муҳоҷирати" ба калимаҳои "Хадамоти шиносномавию бақайдгирии" иваз карда шавад;
б) сархати панҷум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Раводиди навъи мазкур метавонад танҳо дар ҳолати ҳамсар ё падару модар, бародару хоҳари шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан ба раводидҳои навъи "истиқомати доимӣ (ИД)" ва "ҳамсари шаҳрванд (ХШ)" тағйир дода шавад";
- дар зербанди "с" банди 5.1. калимаҳои "Вазорати фарҳанги" ба калимаҳои "Кумитаи оид ба корҳои дини назди Хукумати" иваз карда шавад;
- дар зербанди "т" банди 5.1. калимаҳои "ба мӯҳлати зарурии расонидани ёрии башардӯстона" ва "Дар ҳолатҳои истисноӣ (тақсим намудани ёрии башардӯстона байни аҳолӣ, ташкилот, муассиса, назорат аз рӯи иҷрои тақсимот ва ғайраҳо) раводид метавонад ба мӯҳлати зарурии иҷрои ин иқдом, вале на зиёда аз 6 моҳ дода шавад" хориҷ карда шавад;
- дар зербанди "т" банди 5.1. сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон раводиди башардӯстонаро ба мӯҳлати арзшуда, вале на зиёда аз 1 сол дода метавонад. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди башардӯстонаро ба мӯҳлати то 3 моҳ ва бо инобати тамдиди минбаъдаи он дар Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд.";
- дар сархати нӯҳуми банди 10.1. ҳарфҳои "а, б, в, д, ж, з, о, р" ба ҳарфҳои "а, б, в, г, д, ж, з, к, о, п, р, с, т, у" иваз карда шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2012, № 710
ш. Душанбе