Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2012,
№ 696 тасдиқ шудааст
Тартиби ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи мораторияи ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2014 № 786)
1. Тартиби мазкур тибқи банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2011, №1146 "Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" бо мақсади ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои дар сатҳи зарурӣ иҷро кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ", ҳамчунин баланд бардоштани ҳавасмандии онҳо барои саривақт ва босифат иҷро кардани мақсад ва вазифаҳои касбӣ таҳия шудааст.
2. Ҳавасмандгардонӣ бо додани шаҳодатномаи "Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истеҳсолот", додани қарзи имтиёзноки давлатӣ аз Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ" пешниҳод намудани соҳибкор ба номзади ба аъзогии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз бахши хусусӣ, инчунин пешниҳод намудани соҳибкор барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад .
3. Ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкории зерин дар соҳаҳои истеҳсолӣ бо ҳамин тарз ба роҳ монда мешавад:
а) Ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ:
- додани шаҳодатномаи "Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истеҳсолот";
- додани қарзи имтиёзноки давлатӣ.
б) Ба соҳибкори инфиродӣ ва роҳбари якуми шахси ҳуқуқӣ:
- пешниҳод намудани онҳо ба номзадӣ ба аъзогии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз бахши хусусӣ;
пешниҳод ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Ҳавасмандгардонии соҳибкорон бо шаҳодатномаи "Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истеҳсолот" дар асоси қарори Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (минбаъд - Комиссияи давлатӣ) аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) дода мешавад. Намунаи шаҳодатномаро Комиссияи давлатӣ тасдиқ мекунад.
5. Комиссияи давлатӣ вобаста ба таснифоти хоси фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, нишондиҳанда ва шартҳои додани ҳавасмандгардониро муқаррар менамояд. Нишондиҳандаҳои умумии зерин муқаррар карда шудаанд:
- риояи қонунгузорӣ оид ба мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- бо натиҷа будани кор дар давраи татбиқи мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- иҷрои намунавии вазифаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти бенуқсон ва дигар муваффақиятҳо дар соҳаи соҳибкорӣ;
- таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кори нав, ки дар онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд;
- дигар хусусиятҳои хоси субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ (донистани забонҳои давлатӣ, хориҷӣ, кор бо компютер).
6. Қарзи имтиёзноки давлатӣ ба субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ метавонад ба мӯҳлати на зиёда аз 3 сол муқаррар карда шавад.
7. Бо мақсади ҳавасмандкунӣ натиҷаҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, арзёбӣ мегарданд.
8. Дар асоси арзёбии натиҷаҳои кори субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи мораторияи санҷишҳо барои таъин намудани қарзи имтиёзноки давлатӣ мумкин аст на бештар аз 60 фоизи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (аз шумораи воқеии онҳо дар соли ояндаи баъди ба итмом расидани давраи мораторияи санҷишҳо) пешниҳод карда шаванд.
9. Субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар ҳолатҳои зерин ҳавасманд карда намешаванд:
- ҳангоми роҳ додани қонуншиканӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, ки мӯҳлаташ ҳоло нагузаштааст;
- агар дар соҳаи соҳибкорӣ камтар аз 1 сол фаъолият карда бошанд;
- агар дорои шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012 № 859 "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" дода мешаванд, набошанд.
10. Барои пешниҳод намудани субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба ҳавасмандгардонӣ Комиссияи давлатӣ хулоса пешниҳод менамояд.
11. Натиҷаи фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ ба Кумита на дертар аз як соли ояндаи баъди ба охир расидани давраи татбиқи мораторияи санҷишҳо аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ пешниҳод карда мешавад.
12. Комиссияи давлатӣ тибқи ҷадвали замимагардида натиҷаҳои фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро аз рӯи хол арзёбӣ менамояд.
13. Дар асоси натиҷаҳои фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ Комиссияи давлатӣ ба натиҷаҳои фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мувофиқи нишондиҳандаҳои пешниҳодшуда баҳо мегузорад. Субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолие, ки аз рӯи яке аз ин нишондиҳандаҳо пасттар аз 3 хол мегиранд ва субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолие, ки баҳои ҷамъбастиашон камтар аз 14 хол мебошад, барои таъин намудани ҳавасмандгардонӣ пешниҳод карда намешаванд.
14. Комиссияи давлатӣ аз рӯи натиҷаи арзёбӣ ба Кумита пешниҳод оид ба додани қарзи имтиёзноки давлатӣ ба субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои рушд ва васеъ гардонидани соҳибкорӣ манзур менамояд.
15. Кумита масъалаи додани қарзи имтиёзноки давлатиро ба субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ, ки тибқи талаботи банди 14 Тартиби мазкур пешниҳод шудааст, ба Муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкорӣ" барои баррасӣ пешниҳод менамояд" .
16. Масъалаи ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ баъд аз додани хулосаи мусбии Комиссияи давлатӣ тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 апрели соли 2002, № 809 "Дар бораи тасдиқи Тартиби пешниҳод кардан ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоридани онҳо" амалӣ карда мешавад.
Замима
ба Тартиби ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ
дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи мораторияи ҳамаи
намудҳои санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар
соҳаҳои истеҳсолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд
Ҷадвали арзёбии фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ
Насаб, ном, номи падар--------------------------------------
Номи шахси ҳуқуқӣ -----------------------------------------
Номгӯи истеҳсолот ------------------------------------------
Рақам ва силсилаи Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои
истеҳсолӣ--------------------------------------------------------
+---+----------------------------------------------+--------+--------ҷ
|Р/т| Нишондиҳандаҳо | Баҳо | Эзоҳ |
+---+----------------------------------------------+--------+--------+
| 1 | Риояи қонунгузорӣ оид ба мораторияи санҷиши | | |
| | фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои | | |
| | истеҳсолӣ | | |

| 2 | Натиҷаи кор дар давраи татбиқи мораторияи | | |
| | санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар | | |
| | соҳаҳои истеҳсолӣ | | |

| 3 | Иҷрои намунавии вазифаҳои соҳибкорӣ, | | |
| | фаъолияти бенуқсон ва дигар муваффақиятҳо | | |
| | дар соҳаи соҳибкорӣ | | |

| 4 | Таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кории нав, ки дар | | |
| | онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият| | |
| | менамоянд | | |

| 5 | Дигар хусусиятҳои хоси субъекти соҳибкорӣ дар| | |
| | соҳаи истеҳсолӣ (донистани забонҳои давлатӣ, | | |
| | хориҷӣ, кор бо компютер) | | |

| 6 | Ҳамагӣ | | |

Аъзои Комиссияи
давлатӣ ----------------- -----------------------
(имзо) (насаб, ном, номи падар)
Сана "--"--------- соли-----
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2012,
№ 696 тасдиқ шудааст
Тартиби ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки дар давраи мораторияи ҳамаи намудҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд
1. Тартиби мазкур тибқи банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2011, №1146 "Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" бо мақсади ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои дар сатҳи зарурӣ иҷро кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ", ҳамчунин баланд бардоштани ҳавасмандии онҳо барои саривақт ва босифат иҷро кардани мақсад ва вазифаҳои касбӣ таҳия шудааст.
2. Ҳавасмандгардонӣ бо додани шаҳодатномаи "Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истеҳсолот", додани қарзи имтиёзноки давлатӣ дар доираи Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012 № 201 тасдиқ карда шудааст, пешниҳод намудани соҳибкор ба номзади ба аъзогии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз бахши хусусӣ, инчунин пешниҳод намудани соҳибкор барои гирифтани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
3. Ҳавасмандгардонии субъектҳои соҳибкории зерин дар соҳаҳои истеҳсолӣ бо ҳамин тарз ба роҳ монда мешавад:
а) Ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ:
- додани шаҳодатномаи "Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истеҳсолот";
- додани қарзи имтиёзноки давлатӣ.
б) Ба соҳибкори инфиродӣ ва роҳбари якуми шахси ҳуқуқӣ:
- пешниҳод намудани онҳо ба номзадӣ ба аъзогии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз бахши хусусӣ;
пешниҳод ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
4. Ҳавасмандгардонии соҳибкорон бо шаҳодатномаи "Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи истеҳсолот" дар асоси қарори Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷиши фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (минбаъд - Комиссияи давлатӣ) аз ҷониби Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумита) дода мешавад. Намунаи шаҳодатномаро Комиссияи давлатӣ тасдиқ мекунад.
5. Комиссияи давлатӣ вобаста ба таснифоти хоси фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, нишондиҳанда ва шартҳои додани ҳавасмандгардониро муқаррар менамояд. Нишондиҳандаҳои умумии зерин муқаррар карда шудаанд:
- риояи қонунгузорӣ оид ба мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- бо натиҷа будани кор дар давраи татбиқи мораторияи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ;
- иҷрои намунавии вазифаҳои соҳибкорӣ, фаъолияти бенуқсон ва дигар муваффақиятҳо дар соҳаи соҳибкорӣ;
- таъсиси зиёда аз 100 ҷойи кори нав, ки дар онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд;
- дигар хусусиятҳои хоси субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ (донистани забонҳои давлатӣ, хориҷӣ, кор бо компютер).
6. Қарзи имтиёзноки давлатӣ ба субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ метавонад ба мӯҳлати на зиёда аз 3 сол муқаррар карда шавад.
7. Бо мақсади ҳавасмандкунӣ натиҷаҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар давраи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, арзёбӣ мегарданд.
8. Дар асоси арзёбии натиҷаҳои кори субъектҳои соҳибкорӣ дар давраи мораторияи санҷишҳо барои таъин намудани қарзи имтиёзноки давлатӣ мумкин аст на бештар аз 60 фоизи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ (аз шумораи воқеии онҳо дар соли ояндаи баъди ба итмом расидани давраи мораторияи санҷишҳо) пешниҳод карда шаванд.
9. Субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар ҳолатҳои зерин ҳавасманд карда намешаванд:
- ҳангоми роҳ додани қонуншиканӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, ки мӯҳлаташ ҳоло нагузаштааст;
- агар дар соҳаи соҳибкорӣ камтар аз 1 сол фаъолият карда бошанд;
- агар дорои шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2012 № 859 "Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ" дода мешаванд, набошанд.
10. Барои пешниҳод намудани субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба ҳавасмандгардонӣ Комиссияи давлатӣ хулоса пешниҳод менамояд.
11. Натиҷаи фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ ба Кумита на дертар аз як соли ояндаи баъди ба охир расидани давраи татбиқи мораторияи санҷишҳо аз ҷониби субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ пешниҳод карда мешавад.
12. Комиссияи давлатӣ тибқи ҷадвали замимагардида натиҷаҳои фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро аз рӯи хол арзёбӣ менамояд.
13. Дар асоси натиҷаҳои фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ Комиссияи давлатӣ ба натиҷаҳои фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мувофиқи нишондиҳандаҳои пешниҳодшуда баҳо мегузорад. Субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолие, ки аз рӯи яке аз ин нишондиҳандаҳо пасттар аз 3 хол мегиранд ва субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолие, ки баҳои ҷамъбастиашон камтар аз 14 хол мебошад, барои таъин намудани ҳавасмандгардонӣ пешниҳод карда намешаванд.
14. Комиссияи давлатӣ аз рӯи натиҷаи арзёбӣ ба Кумита пешниҳод оид ба додани қарзи имтиёзноки давлатӣ ба субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои рушд ва васеъ гардонидани соҳибкорӣ манзур менамояд.
15. Кумита пешниҳод оид ба додани қарзи имтиёзноки давлатӣ ба субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро, ки тибқи талаботи банди 14 Тартиби мазкур пешниҳод карда шудааст, мувофиқи "Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2012, № 201 тасдиқ карда шудааст, баррасӣ менамояд.