×

Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 аз 3 декабри соли 2012, № 687

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2012,

№ 687 тасдиқ шудааст

БАРНОМАИ рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020

Муқаддима

1. Асоси таҳияи Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 (минбаъд - Барнома)-ро банди 22 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2012, № 34 "Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 ва вазифаҳо дар соли 2012" ва банди 16 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо омӯзгорон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (1 сентябри соли 2011) ташкил медиҳад.

2. Барнома аз маҷмӯи қисмҳои қонунгузорӣ, сохторӣ, ташкилӣ ва вазифавӣ иборат мебошад, ки онҳо дастгирӣ ва рушди фаъолияти зеҳнӣ, ҳифзи самараноки моликияти зеҳниро таъмин мекунанд.

1. Тавзеҳи зарурати қабули Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020

3. Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави инкишофи ҷомеаи тоҷик оғоз ёфт. Давлатро зарурат пеш омад, ки ба масъалаи рушди нерӯи ақлонӣ ва моликияти зеҳнӣ диққати махсус диҳад. Дар ҷаҳони муосир, вақте ки илм ва технология бо суръат рушд мекунанд, рушди нерӯи зеҳнӣ ва моликияти зеҳнӣ дар ҳар як мамлакат гарави таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди иқтисодиёти инноватсионии он мебошад. Вазифаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариши марҳила ба марҳилаи иқтисодиёт ба роҳи инноватсионии рушд мебошад ва вобаста ба ин сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавасмандгардонии рушди нерӯи инсон ва эҷодиёти зеҳнӣ нигаронида шудааст.

Солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати мамлакат чораҳое оид ба дастгирии неруи зеҳнӣ, рушди фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, фаъолияти эҷодӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ андешида шудаанд. Ҳуҷҷати муайянкунанда дар ин соҳа Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар моддаи 40 он омадааст: "Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илми ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст".

4. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Низоми миллии ҳифзи моликияти зеҳнӣ таъсис ёфта ва он амал мекунад. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 1993, № 242 бо мақсади ҳимояи манфиатҳои давлатӣ дар соҳаи ихтироот, намунаҳои саноатӣ, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, ҳамоҳангсозии корҳои ихтироъкорӣ дар ҷумҳурӣ дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоотӣ таъсис дода шуда буд. Ҳамчунин ба мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии муаллифон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи асарҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар хориҷи кишвар, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 дар назди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста таъсис дода шудааст.

Дар ин самт бештар аз 18 қонун ва 9 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудаанд, ки ба меъёрҳои кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон - гражданӣ, ҷиноӣ, гумрукӣ ва ҷавобгарии маъмурӣ -мувофиқ меоянд. Ҳамчунин даҳҳо санадҳои меъёрии зерқонунӣ дар намуди низомномаю қоидаҳо низ қабул гардидаанд, ки муносибатҳоро нисбат ба объектҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ аниқ намуда, сиёсати давлатиро дар соҳаи илм муайян мекунанд ва ба дастгирии нерӯи илмӣ ва таҳқиқоти илмии афзалиятдошта, фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, андешидани чораҳо оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ нигаронида шудаанд, аз ҷумла:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон";

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007-2015";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Барномаи ҳамгироии илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020";

Дар ин ҳуҷҷатҳо ба андозаи муаяйн ҷиҳатҳое низ инъикос гардидаанд, ки ба масъалаҳои рушди инноватсионӣ дар мамлакат, ҳавасмандгардонии фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ муносибати бевосита доранд. Масалан, дар Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, дар қисми 5 "Ҷалби нерӯи илмӣ дар равандҳои инноватсионӣ" таваҷҷӯҳ ба зарурати қабули чораҳо оид ба беҳтарсозии тамоми низоми фаъолияти ихтироъкорӣ дар мамлакат махсусан таъкид карда шудааст: "Бо дарназардошти он, ки фаъолияти ихтироъкорӣ ва истифодаи амалии ихтироъот яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи фаъолияти инноватсионӣ мебошад, лозим меояд, ки барои беҳтарсозии ташкили таҳқиқоти патентӣ, корҳои патентии ҳуқуқӣ ва литсензионӣ, дастгирии олимон ва кормандони илмию техникӣ, ки ба фаъолияти ихтироъкорӣ машғуланд, корҳои зиёде ба сомон расонида шаванд".

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳое низ қабул гардидаанд, ки баъзе намудҳои фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсиониро ба танзим медароранд, аз ҷумла:

- "Дар бораи дастовардҳои селексионии растаниҳо";

- "Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он";

- "Дар бораи намунаҳои саноатӣ";

- "Дар бораи ихтироот";

- "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ";

- "Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол";

- "Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ";

- "Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ";

- Дар бораи фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ";

- "Дар бораи тухмипарварӣ";

- "Дар бораи ҳифзи навъҳо".

Дар қисми сеюми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон боби "Моликияти зеҳнӣ" ворид карда шудааст.

Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда бо дарназардошти стандарт ва меъёрҳои байналмилалӣ имкон доданд, ки дар ҷумҳурӣ барои ташаккул ва фаъолияти низоми мақсаднок ва фарогири қонунгузорӣ ҷиҳати таъмини рушди пайдарпаи моликияти зеҳнӣ замина ба вуҷуд оварда шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайати як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ шомил гардид, ҳамчунин як қатор созишномаю конвенсия ва шартномаҳои байналмилалиро, ки масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳниро ба танзим медароранд, имзо намуд ва ба онҳо ҳамроҳ шуд, аз ҷумла:

- Конвенсияи Стокголм, ки Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳниро таъсис дод (1967);

- Конвенсияи Париж дар бораи ҳифзи моликияти саноатӣ (1883);

- Шартнома оид ба шарикии патентӣ (1970);

- Созишномаи Страсбург дар бораи таснифи байналмилалии патентӣ (1971);

- Созишномаи Нитсш дар бораи Таснифи байналмилалии молҳо ва хизматҳо барои бақайдгирии тамғаҳо (1957);

- Созишномаи Локарн, ки таснифи байналмилалии намунаҳои саноатиро муқаррар кардааст (1968);

- Шартномаи Будапешт дар бораи эътирофи байналмилалии маҳфуздории микроорганизмҳо бо мақсади расмиёти патентӣ (1977);

- Созишномаи Мадрид дар бораи бақайдгирии байналмилалии тамғаҳо (1891);

- Конвенсияи умумиҷаҳонӣ дар бораи ҳуқуқи муаллиф (1952);

- Конвенсияи Берн дар бораи ҳифзи асарҳои адабӣ ва бадеӣ (соли 1886);

- Созишнома дар бораи тадбирҳои ҳифзи моликияти саноатӣ ва таъсиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи моликияти саноатӣ (соли 1993);

- Ташкилоти авруосиёии патентӣ (1994);

- Конвенсия оид ба ҳифзи манфиатҳои иҷрочиён, офарандагони фонограммаҳо ва ташкилотҳои барномаи эфирӣ (Рим, 1981);

- Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқуқи муаллиф (Женева, 1966);

- Аҳдномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба иҷро ва фонограммаҳо (Женева,1966).

5. Табиист, ки фаъолияти зеҳнӣ ба такмили доимии заминаи меъёрии ҳукуқие ниёз дорад, ки ин фаъолиятро ба танзим дарорад. Бо мурури солҳо, дар рафти амалишавии Барнома зарурати таҳияи санадҳои нави қонунгузорӣ ба миён омада, ба қонунгузорӣ бо мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти зеҳнӣ дар соҳаи иқтисодиёт бо дарназардошти таҷрибаи аллакай андӯхтаи фаъолияти низоми меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили амалия, самаранокии татбиқ ва тамоюли рушди қонунгузорӣ дар соҳаи фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ дар давлатҳои дигар тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.

Ба мақсади тафсири ҳолат ва ҷараёни рушди нерӯи зеҳнӣ ва инноватсионӣ ва самаранокии ҷамъбастии соҳаи илмию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баъзе индикаторҳоеро (нишониҳандаҳоеро) таҳлил менамоем, ки онҳо дар амалияи ҷаҳонӣ ҷиҳати истифода қабул шудаанд.

Дар айни замон хароҷоти дохилӣ ба таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 0,12 фоизро аз Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) ташкил медиҳад. Дар давлатҳои мутараққӣ бошад, он дар ҳудуди 1-3 фоиз аз ММД қарор дорад. Бояд зикр намуд, ки хароҷот ба илм дар мамлакати мо ба таври доимӣ меафзояд: дар соли 2011 агар он 38 миллиону 150 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2012 он ба 50 миллиону 900 ҳазор сомонӣ расидааст. Вале, бо вуҷуди ин таъмини молиявии таҳқиқот ва коркардҳои илмӣ ҳамоно нокифоя боқӣ мемонад.

Тибқи маълумотҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати то 31 декабри соли 2011 дар ҷумҳурӣ дар соҳаи илм 5756 нафар кормандони илмӣ фаъолият менамуданд, ки аз онҳо 2195 нафар соҳиби дараҷаи илмӣ (аз ҷумла, 630 нафар доктори илм ва 1565 нафар номзади илм) ва 2931 нафар бе дараҷаи илмӣ мебошанд. Тибқи маълумоти Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011 дар 48 Шӯрои диссертатсионие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, 336 рисола, аз ҷумла 26 рисолаи докторӣ ва 310 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудаанд.

Ҳайати кормандоне, ки бо таҳқиқ ва такмили илм машғуланд, аз рӯи ҳисоби ба 10 ҳазор нафари машғул дар иқтисодиёт 24 нафарро ташкил медиҳад.

Миқдори дархостҳои патентӣ ба ихтироот, ки аз тарафи дархосткунандагони миллӣ дар мамлакат пешниҳод шудаанд, дар соли 2008 - 113 адад, соли 2009 - 116 ададро ташкил дод. Мувофиқи маълумоти Комиссияи навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъи назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон миқдори патентҳо ба дастовардҳои селексионӣ дар соли 2011 - 13 адад, дар соли 2012 - 4 адад ва мувофиқан дар ин солҳо шаҳодатномаҳои муаллифӣ 66 ва 12 ададро ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба мамлакатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта хеле паст мебошанд.

Оид ба имкониятҳои истифодаи технологияҳои муосири иттилоотию иртиботӣ бояд қайд кард, ки амалан ҳамаи муассисаву ташкилотҳое, ки дар онҳо таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешаванд, ба шабакаи Интернет дастрасӣ доранд.

6. Таъсири асноди меёърии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида, ки асоси заминаи қонунгузории фаъолияти соҳаи моликияти зеҳниро ташкил медиҳанд, ҳамчунин шарҳи баъзе индикаторҳои (нишондиҳандаҳои) муҳими ҳолат ва рушди низоми моликияти зеҳнӣ дар мамлакати мо ва муқоисаи онҳо бо мамлакатҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки дар ин самт мушкилиҳои ҳалталаб зиёданд. Ин мушкилотро ба мақсади ташаккул додани низоми муосири комил ва ба таври воқеӣ амалкунандаи моликияти зеҳнӣ, ки ҷавобгӯи стандартҳои ҷаҳонӣ бошад, ҳал бояд кард.

Ба ҷумлаи чунин мушкилот инҳоро мансуб донистан мумкин аст: сатҳи пасти татбиқи амалии натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ; ҷалби сусти ҷавонон ба соҳаи эҷодиёти илмию техникӣ ва ихтироъкорӣ; ташаккул наёфтани низоми тайёр кардани мутахассисон дар идоракунии моликияти зеҳнӣ; сатҳи нокифояи ҳифзи ҳуқуқҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ; самаранокии пасти тадбирҳо оид ба пешгирии гардиши маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ; норасоиҳо дар ҳамкории байниидоравӣ ва набудани ҳамоҳангии зарурӣ байни шарикҳо оид ба таъмини ҳимояи моликияти зеҳнӣ; истифодаи сусти имкониятҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ барои дастгирии низоми эҷодиёти зеҳнӣ;

Ҳолати воқеӣ ва мушкилоти мавҷуда дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аҳамияте, ки татбиқи мақсадноки натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ дар гузариши иқтисодиёт ба роҳи инноватсионии рушд дошта метавонад, ҳамчунин манфиатҳои стратегии миллӣ зарурати қабули Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсонро дар давраи то соли 2020 тақозо мекунанд.

2. Мақсад ва вазифаҳои асосӣ ва иҷрокунандагони Барнома

7. Мақсади Барнома ин такмили низоми миллии дастгирӣ ва рушди моликияти зеҳнӣ, ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он, фароҳам овардани шароити мусоид барои истифода ва тиҷоратигардонии объектҳои моликияти зеҳнӣ, ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ, фаъолияти эҷодӣ, мустаҳкамгардонии афзалияти дастовардҳои илмӣ ва техникии олимон ва мутахассисони ватанӣ, пешгирии гардиши маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ мебошад.

8. Барои расидан ба мақсадҳои Барнома ҳал намудани вазифаҳои асосии зерин зарур аст:

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳифзи моликияти зеҳнӣ;

- такмили низоми идораи моликияти зеҳнӣ ва ҳифзи он, ташаккули инфрасохтори зарурӣ;

- чораандешӣ оид ба ҳимояи бозори ҷумҳурӣ аз густариш ва истифодаи маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ;

- тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои он дар гардиши иқтисодӣ;

- равнақ додани хадамот оид ба масъалаҳои моликияти зеҳнӣ дар вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту корхонаҳо, таъмини ин хадамот бо мутахассисон;

- истифодаи таҷрибаи байналмилалии фаъолияти низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ.

9. Самтҳои асосии рушд ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо мебошанд:

- дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорӣ, рушди нерӯи зеҳнӣ;

- такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ;

- ташаккул ва рушди инфрасохтори низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идораи он;

- пешгирӣ ва бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

- такмил ва равнақ додани низоми таҳсилот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

- ҳамкории байналмилалӣ оид ба рушди низоми моликияти зеҳнӣ.

10. Барои арзёбӣ кардани самаранокӣ ва натиҷадиҳии иҷрои чорабиниҳои Барнома нишондиҳандаҳои оморие истифода мешаванд, ки онҳо нерӯи зеҳнӣ ва омилҳои рушди он, объектҳо ва фаъолият дар соҳаи моликияти зеҳниро тавсиф медиҳанд.

11. Иҷрокунандагони Барнома вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистои, Маркази миллии патенту иттилоот, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Академияи илмҳои тиббии назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, корхона ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

3. Самтҳои асосии татбиқи Барнома

§1. Дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ ва ихтироъкорй, рушди нерӯи ақлонӣ

12. Натиҷаҳои назарраси эҷодиёт дар ҳама соҳаҳои фаъолияти инсон - илм ва технология, адабиёт, фарҳанг, истеҳсолот - бевосита ба сатҳи умумии зеҳнии ҷомеа, самаранокии низоми таҳсилот, ташаккули нерӯи илмӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди эҷодиёти ҷавонон алоқаманд аст. Маҳз дар давлатҳое, ки дар онҳо дар ин самт ба муваффақиятҳо ноил гардиданд, нишондиҳандаҳои моликияти зеҳнӣ бештар буда, иқтисодиёт бо роҳи инноватсионӣ тараққӣ мекунад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самти стратегӣ ба рушди низоми таҳсилот, такмили нерӯи илмию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи зеҳнии ҷомеа ҳамчун асос барои ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ равона карда шудааст.

Бинобар ин, он далел тасодуфӣ нест, ки дар солҳои охир Ҳукумати мамлакат якчанд асноди муҳими аҳамияти стратегӣ доштаро тасдиқ намуд: Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020. Ниҳоят боз як ҳуҷҷати муҳиме, ки нақш ва аҳамияти нерӯи зеҳниро дар рушди ҷомеа муайян мекунад, Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 мебошад.

Дар ин Барнома, бо мақсади инкишоф додани муқаррароти асосии мавҷуда дар Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2011-2015 ва Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020, чорабиниҳое муайян карда шудаанд, ки ба мутамарказгардонии захираҳо ва нерӯи илмӣ дар таҳқиқоти афзалиятдошта, яъне дар он таҳқиқоте, ки тавассути онҳо имконияти ба даст овардани далелҳои нави илмӣ ва ихтироот, тавлиди ғояҳои нави илмӣ ва донишҳои технологӣ, таҳияи лоиҳаҳои инноватсионии рақобатпазир, ҳавасмандгардонии фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ, тиҷоратигардонии натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва то татбиқи онҳо, фароҳам овардани шароит барои фаъолияти эҷодии олимон ва мутахассисони ҷавон зиёд аст, равона карда шудаанд.

13. Бо дарназардошти эҳтиёҷоти рушди иқтисодиёти мамлакат, махсусияти фаъолияти мактабҳои илмӣ, таҷрибаи амалии ҷаҳонии табдили донишҳои илмӣ ба технологияҳои рақобатпазир, ба ҷумлаи самтҳои илмӣ ва илмию технологӣ инҳоро мансуб донистан мумкин аст: нанотехнологияҳо ва наномавод; маводи филизии созандагӣ, маводи композитсионии полимерӣ; манбаъҳои барқароршавандаи энергия; усулҳои моделсозии математикии мӯътадилгардонии кори гидроузелҳо; биотехнология; селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзӣ; технологияҳои биологии тиббӣ; ташхис, пешгирӣ ва табобати касалиҳои инсон; технологияи истеҳсоли доруҳои нави табобатӣ дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ; пешгирии фоҷиаҳои табиӣ ва техногенӣ.

Аҳамияти бузургро барои мамлакати мо ҳалли масъалаҳои марбут ба дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии кори селексионерҳо, ки ба ҷорӣ намудани навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои чорво, масъалаҳои танзим ва ҳифзи моликияти зеҳнии онҳо машғуланд, соҳиб аст. Нақши пешбарро дар иқтисодиёти мамлакат комплекси агросаноатӣ мебозад, бинобар ин, таваҷҷӯҳи махсусро ба асосҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ - селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои чорво равона кардан зарур аст.

Дар Тоҷикистон навъҳои олии сатҳи ҷаҳонии пунбадона, гандум ҷуворимакка, зироатҳои хӯрока, мевагӣ ва сабзавотӣ ба даст оварда шудаанд. Навъҳои ватанӣ дар қисми зиёди масоҳатҳои киштбоби ҷумҳурӣ кишт мешаванд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тағйироти ҷиддӣ дар комплекси агросаноатии мамлакат рӯй доданд, ки онҳо ба тамоми низоми селексияи навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои чорво таъсир расониданд.

Тайи солҳои Истиқлолияти давлатӣ як қатор тадбирҳо ҷиҳати батартибдарорӣ ва дастгирии фаъолияти селексионӣ бо дарназардоштии тағйироте, ки дар комплекси агросаноатии мамлакат рӯй доданд, ҳамчунин талабот ва меъёрҳое, ки ба фаъолияти селексионӣ дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон ва ташкилотҳои байналмилалӣ пешниҳод шудаанд, қабул гардиданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тухмипарварӣ", "Дар бораи ҳифзи навъҳои растанӣ" қабул карда шуданд. Тамоми корҳои ташкилӣ оид ба арзёбии дастовардҳои селексионӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани навъҳои нав, озмоиши онҳо дар қитъаҳои навъсанҷии давлатӣ, ноҳиябандӣ ва додани шаҳодатномаҳои муаллифӣ ба дастоварди селексионӣ ба зиммаи Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

14. Дар доираи амалисозии Барнома дар солҳои наздик зарураст, ки корҳои назаррасе оид ба такмили тамоми низоми фаъолияти селексионӣ, мувофиқ гардонидани он ба стандартҳои байналмилалӣ, ҳифзи манфиатҳои селексионерҳои ватанӣ ва истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ иҷро карда шаванд.

Пеш аз ҳама зарур аст, ки корҳои омодагӣ барои шомил гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонӣ оид ба навъҳои растанӣ ва ҳамроҳшавии он ба Конвенсияи ин Созмон идома дода шаванд. Дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонӣ оид ба ҳифзи навъҳои нави растаниҳо ба ҳифзи навъҳо ва ҳуқуқҳои селексионерҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, табодули навъҳо ва иттилооти илмӣ, шиносоӣ бо технология ва усулҳои нави селексия, таҳияи дурусти расмиёти муқарраргардида оид ба пардохти маблағ ба офарандагони навъҳо, мукофотдиҳӣ барои парвариши навъҳо мусоидат менамояд.

Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъҳо, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зарур аст, ки оид ба роҳ надодан барои дар ҳудуди Тоҷикистон киштани тухмиҳои ноҳиябандинашуда, навъҳое, ки оид ба пайдоиши онҳо асноди мувофиқ вуҷуд надорад ё маҳсулоти қочоқ мебошанд, чораҳои муассир таҳия ва қабул намоянд. Набудани тартибот дар ин кор боиси омехташавии механикӣ ва ифлосгардонии навъҳои генотипии зироатҳои кишоварзӣ, пастшавии сифати маҳсулот гардида, навъҳо муаллифони худро гум мекунанд ва селексионерҳои ватанӣ бе ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба моликияти зеҳнӣ мемонанд.

Албатта, мубодилаи маводи генетикӣ ва муайян кардани имконияти кишти навъҳои селексияи хориҷӣ дар кишвари мо, ки аз рӯйи ҳосилнокӣ ва сифат аз навъҳои маҳаллӣ камӣ надоранд ва ё аз онҳо бартарӣ ҳам доранд, амалияи оддиест, ки дар тамоми давлатҳо татбиқ мешавад. Вале ин чорабиниҳоро дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон зери назорати Комиссияи давлатии навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудан мебояд. Танҳо ин муассисаҳо метавонанд оид ба имконияти кишти ин ё он навъ дар ҷумҳурӣ хулосаи дахлдор пешниҳод намоянд.

Яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҳалталаб муайян кардани тартиби аниқи муносибатҳо байни муаллифи навъ ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ мебошад. Талаб карда мешавад, ки бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷӣ асноди зарурии меъёрии ҳуқуқӣ ва низомномаю шартномаҳои мувофиқ таҳия карда шаванд.

Муаллифони навъҳо бояд ба он эътимод дошта бошанд, ки моликияти зеҳнии онҳо зери ҳимоя қарор дорад ва барои истифодаи навъҳои офаридаи онҳо чӣ дар мамлакат ва чӣ дар хориҷ аз он ба онҳо бо тартиби муқарраргардида маблағи мувофиқ пардохт карда мешавад.

Пас аз коркарди ҷиддӣ ва ҳамаҷиҳатаи ин масъала зарур аст, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дастовардҳои селексионии растаниҳо", "Оид ба тухмипарварӣ", "Оид ба ҳифзи навъҳои растаниҳо", тағйироту иловаҳо ворид карда шаванд. Имкон дорад, ки ҳамаи ҷиҳатҳои ин масъала дар қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёбанд.

15. Дар доираи амалисозии Барнома пешбинӣ мегардад, ки барои фаъолгардонӣ ва пешгирии ихтироъкорӣ, такмили низоми ташкили таҳқиқоти патентӣ, корҳои патентии ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар мамлакат бояд Маркази миллии патенту иттилоот, вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту корхонаҳо корҳои зиёдеро ба сомон расонанд.

Бояд ба назар гирифт, ки фаъолияти ихтироъкорӣ ва татбиқӣ амалии ихтироот яке аз омилҳои асосии пешрафти илмию техникӣ буданд, мебошанд ва хоҳанд буд. Ихтироъ қисми таркибии пешрафти инноватсионӣ мебошад, ки бе он рушди иқтисодиёти муосири инноватсионӣ тасаввурнашаванда аст.

Зимни арзёбӣ кардани фаъолияти вазорату идораҳо, муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаву ташкилотҳо ва роҳбарони онҳо мебояд, ки аз нишондиҳандаи фаъолияти ихтироъкорӣ истифода карда шавад.

§2. Такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ

16. Фаъолияти зеҳнии инсон омили муайянкунадаи пайдоиш ва рушди ахлоқию моддии ҷомеаи инсонӣ, вазъи амволӣ ва некӯаҳволии моддии шахси алоҳида, ҷамъияту давлат ва ҳамчунин ҷомеаи ҷаҳонӣ буд ва боқӣ мемонад. Вобаста ба ин, танзими ҳуқуқии ин соҳаи ҳаётан муҳим нишондиҳандаи зарурӣ ва афзалияти ҷамъияту давлат мебошад.

Ба дарки чунин муҳимияти фаъолияти зеҳнии инсон, дар ҳар як давлат асосҳои ҳуқуқии ҳифзи дастовардҳои зеҳнӣ таҳия карда шудаанд, ки мақсади онҳо ба фаъолияти эҷодӣ, фурӯхти тиҷоратии натиҷаҳои ин эҷодиёт ҳавасманд гардонидани одамон мебошад ва ин бешубҳа боиси рушди зеҳнӣ, беҳшавии ҳолати амволии онҳо мегардад ва, ниҳоят, ба устувории иқтисодии давлат бевосита таъсир карда, ба рушди иқтисодии он мусоидат менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мақсади ҳавасмандгардонии фаъолияти зеҳнӣ, ҳамчунин таъмини рушди нерӯ сиёсати фаъолро оид ба фароҳам овардани шароити зарурӣ ҷиҳати ҳифзи дастовардҳои зеҳнӣ дар ҳудуди худ амалӣ менамояд.

17. Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи зарурии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ мавҷуд аст, ки он аз асноди меъёрии ҳуқуқии сатҳ ва соҳаҳои гуногун иборат буда, дар давраҳои гуногуни истиқлолияти мамлакат таҳия ва қабул шудаанд. Зикр кардан зарур аст, ки асноди ҳуқуқӣ тибқи асноди ҳуқуқии байналмилалӣ ва аз рӯйи натиҷаҳои машваратҳои зарурӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ қабул карда шудаанд.

Албатта, асоси ҳуқуқии ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки тибқи моддаи 40 он "Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст". Ҳамин тавр, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибати ҷамъият ва давлатро нисбат ба моликияти зеҳнӣ муайян карда, мақомоти давлатиро ба таҳия ва қабули асноди меъёрии ҳуқуқии зарурии соҳа, ба вуҷуд овардани шароити мусоид ва иҷрои амалиётҳои қодир ба таъмини ҳифзи ин навъи моликият ҳидоят менамояд.

Дар асоси ин муқаррароти конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқӣ ва танзими ҳуқуқии минбаъдаи моликияти зеҳнӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии гуногуне таъмин карда мешавад, ки онҳо хусусияти ҳуқуқи шахсӣ ва ҳуқуқи оммавӣ доранд.

Ҳифзи ҳуқуқи шахсӣ ва танзими моликияти зеҳнӣ дар сатҳи санадҳои меъёрии ҳуқуқии умумӣ ва махсуси қонунгузории гражданӣ таъмин карда мешавад. Дар низоми қонунгузории гражданӣ нақши муайянкунанда, умумӣ ва пешбар ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, ки дар он муқаррароти умумии ҳифз ва танзими моликияти зеҳнӣ баён карда шудаанд. Муқаррароти махсуси ҳифз ва танзими моликияти зеҳнӣ дар қонунҳои махсус ва санадҳои зерқонунӣ пешбинӣ гардидаанд. Санадҳои махсуси қонунгузории гражданӣ аз рӯйи ниҳод (институт)-ҳо ё алоҳида ва гурӯҳи объектҳои ба ҳам монанди моликияти зеҳнӣ таҳия ва қабул карда шудаанд.

Ҳифзи ҳуқуки шахсӣ ва танзими моликияти зеҳниро ба таври аёнӣ дар ҷадвали зерин дидан мумкин аст:

+-----------+------------+--------+---------------+------------------ҷ
| Ниҳодҳои  | Объектҳои  |Муқарра-| Муқаррароти   |      Эзоҳ        |
| моликияти | моликияти  |роти    | махсус        |                  |
| зеҳнӣ     | зеҳнӣ      |умумӣ   |               |                  |
+-----------+------------+--------+---------------+------------------+
| Ҳуқуки    | Асар       | Кодекси| Қонуни        |                  |
| муаллиф ва+------------+ граж-  | Ҷумҳурии      |                  |
| ҳуқуқҳои  | Овозхонӣ   | дании  | Тоҷикистон    |                  |
| вобаста   +------------+ Ҷум-   | "Дар бораи ба |                  |
|           | Басаҳна-   | ҳурии  | ҳуқуқи муаллиф|                  |
|           | гузорӣ     | Тоҷи-  | ва ҳукуқҳои   |                  |
|           +------------+ кистон | вобаста"      |                  |
|           | Сабтҳои    |        |               |                  |
|           | овоз (фоно-|        |               |                  |
|           | граммаҳо)  |        |               |                  |
|           +------------+        |               |                  |
|           | Барномаҳои |        |               |                  |
|           | телевизионӣ|        |               |                  |
+-----------+------------+        +---------------+------------------+
| Ҳуқуқи    | Ихтироъ    |        | Қонуни        | Зарурати ҳифзи   |
| патентӣ   +------------+        | Ҷумҳурии      | умумӣ ва танзими |
|           | Моделҳои   |        | Тоҷикистон    | ҳамаи объектҳои  |
|           | муфид      |        | "Дар бораи    | ҳуқуқи патентӣ   |
|           |            |        | ихтироот"     | дар доираи Қонуни|
|           +------------+        +---------------+ ягонаи патентӣ   |
|           | Намунаи    |        | Қонуни        | вуҷуд дорад      |
|           | саноатӣ    |        | Ҷумҳурии      |                  |
|           |            |        | Тоҷикистон    |                  |
|           |            |        | "Дар бораи    |                  |
|           |            |        | намунаҳои     |                  |
|           |            |        | саноатӣ"      |                  |

| Воситаҳои | Номгузории |        |               | Зарурат доир ба  |
| фардику-  | ширкатӣ    |        |               | Қонуни Ҷумҳурии  |
| нонӣ      +------------+        +---------------+ Тоҷикистон "Дар  |
|           | Тамғаи молӣ|        | Қонуни        | бораи номгузо-   |
|           | ва тамғаи  |        | Ҷумҳурии      | риҳои ширкатӣ"   |
|           | хизматра-  |        | Тоҷикистон    | вуҷуд дорад      |
|           | сонӣ       |        | "Дар бораи    | Зарурати ворид   |
|           |            |        | тамғаҳои молӣ | кардани иловаҳо  |
|           |            |        | ва тамғаҳои   | ба Кодекси       |
|           |            |        | хизматрасонӣ" | гражаднии        |
|           +------------+        +---------------+ Ҷумҳурии         |
|           | Номгузории |        | Қонуни        | Тоҷикистон       |
|           | маҳалли    |        | Ҷумҳурии      | оид ба           |
|           | истеҳсоли  |        | Тоҷикистон    | ишорати          |
|           | мол        |        | "Дар бораи    | тиҷоратӣ         |
|           |            |        | ишораҳои      | вуҷуд дорад      |
|           |            |        | ҷуғрофӣ"      |                  |
|           +------------+        +---------------+                  |
|           | Ишорати    |        | Муқаррароти   |                  |
|           | тиҷоратӣ   |        | махсус        |                  |

| Объектҳои | Сирри      |        | Қонуни        | Зарурати ҳифзи   |
| ғайри-    | тиҷоратӣ   |        | Ҷумҳурии      | умумӣ ва танзими |
| анъанавӣ  | ва хизматӣ |        | Тоҷикистон    | ҳамаи дастовард- |
|           |            |        | "Дар бораи    | ҳои селексионӣ   |
|           |            |        | сирри         | (навъи растаниҳо |
|           |            |        | тиҷоратӣ"     | ва ҷинси чорво)  |
|           +------------+        +---------------+ дар доираи қонуни|
|           | Топологияи |        | Қонуни        | ягонаи Ҷумҳурии  |
|           | микросхема-|        | Ҷумҳурии      | Тоҷикистон "Оид  |
|           | ҳои интег- |        | Точикистон    | ба дастовардҳои  |
|           | ралӣ       |        | "Дар бораи    | селексионӣ" вуҷуд|
|           |            |        | топологияи    | дорад.           |
|           |            |        | интегралӣ     | Зарурати таҳияи  |
|           +------------+        +---------------+ самади меъёрии   |
|           | Дастовард- |        | Қонуни        | ҳуқуқӣ "Оид ба   |
|           | ҳои селек- |        | Ҷумҳурии      | пешниҳодҳои оқи- |
|           | сионӣ      |        | Тоҷикистон    | лона", ҳамчунин  |
|           |            |        | "Дар бораи    | "Оид ба кашфиёт" |
|           |            |        | навъҳои       | ба мақсади       |
|           |            |        | растанӣ",     | ҳавасмандгардонии|
|           |            |        | Қонуни        | он вуҷуд дорад   |
|           |            |        | Ҷумҳурии      |                  |
|           |            |        | Тоҷикистон    |                  |
|           |            |        | "Дар бораи    |                  |
|           |            |        | кори          |                  |
|           |            |        | зотпарварӣ"   |                  |
|           +------------+        +---------------+                  |
|           | Пешниҳодҳои|        |               |                  |
|           | оқилона    |        |               |                  |
|           +------------+        +---------------+                  |
|           | Кашфиёт    |        |               |                  |

Гузашта аз ин, ҳифзи хуқуқи оммавии моликияти зеҳнӣ бо меъёрҳои қонунҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- Кодекси ҷиноятӣ;

- Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ;

- Кодекси гумрук;

- Кодекси андоз.

Дар ин конунҳо меъёрҳои ҳуқуқие мавҷуданд, ки онҳо одатан амалҳои муайян ё тартиби ворид кардани объектҳои моликияти зеҳниро ба гардиши гражданӣ манъ менамоянд.

Объектҳои моликияти зеҳнӣ ва ҳифзи муносиби онҳо ба рушди танзими ҳуқуқии минтақавӣ ва байналмилалӣ ва ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо ниёз доранд.

18. Дар айни замон дар сатҳҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ созишномаҳои зиёде тасдиқ шудаанд ва амал мекунанд, ки ба қоидаҳои асосии ниҳодҳои алоҳидаи моликияти зеҳнӣ бахшида шудаанд. Нисбат ба баъзеи онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай муносибати худро муайян намудааст.

+-------+----------------+----------+------------+----------+--------ҷ
|Ниҳод  |  Санадҳои      |Иштироки  | Санадҳои   |Иштироки  | Эзоҳ   |
|(инсти-|  байналмилалии |Ҷумҳурии  | минтақавии |Ҷумҳурии  |        |
|тутҳои |   ҳуқуқӣ       |Тоҷикистон| ҳуқуқӣ     |Тоҷикистон|        |
|моли-  |                |          |            |          |        |
|кияти  |                |          |            |          |        |
|зеҳнӣ  |                |          |            |          |        |
+-------+----------------+----------+------------+----------+--------+
|Ҳуқуқи | Конвенсияи     | Иштирокчӣ|            |          |        |
|муаллиф| умумиҷаҳонӣ оид|          |            |          |        |
|ва ҳу- | ба ҳуқуқи      |          |            |          |        |
|қуқҳои | муаллиф        |          |            |          |        |
|вобаста+----------------+----------+------------+----------+--------+
|       | Конвенсияи Берн| Иштирокчӣ| Созишномаи | Иштирокчӣ|Такмил  |
|       | дар бораи ҳифзи|          | ҳамкорӣ дар|          |додани  |
|       | асарҳои адабӣ  |          | соҳаи ҳифзи|          |қонуни  |
|       | ва бадеӣ       |          | ҳуқуқи     |          |амал-   |
|       |                |          | муаллиф ва |          |кунанда |
|       |                |          | ҳуқуқҳои   |          |"Оид ба |
|       |                |          | вобаста    |          |ҳуқуқи  |
|       |                |          |            |          |муаллиф |
|       |                |          |            |          |ва ҳу-  |
|       +----------------+----------+------------+----------+куқҳои  |
|       | Шартномаи      | Иштирокчӣ| Созишномаи | Иштирокчӣ|ба он   |
|       | Созмони        |          | ҳамкорӣ оид|          |вобаста"|
|       | умумиҷаҳонии   |          | ба пешгирии|          |зарур   |
|       | моликияти      |          | ҳуқуқвай-  |          |аст     |
|       | зеҳнӣ оид      |          | ронкуниҳо  |          |        |
|       | ба ҳукуқи      |          | дар соҳаи  |          |        |
|       | муаллиф        |          | моликияти  |          |        |
|       |                |          | зеҳнӣ      |          |        |
|       +----------------+----------+------------+----------+        |
|       | Конвенсияи Рим | Иштирокчӣ| Созишнома  | Иштирокчӣ|        |
|       | оид ба ҳифзи   |          | оид ба     |          |        |
|       | ҳуқуқҳои иҷро- |          | ташкили    |          |        |
|       | кунандагон,    |          | мубодилаи  |          |        |
|       | офарандагони   |          | байнидав-  |          |        |
|       | фонограммаҳо ва|          | латии итти-|          |        |
|       | ташкили барно- |          | лоот ва    |          |        |
|       | маҳои эфирӣ    |          | ташаккули  |          |        |
|       |                |          | захираҳои  |          |        |
|       |                |          | миллии     |          |        |
|       |                |          | маълумоти  |          |        |
|       |                |          | ҳуқуқи     |          |        |
|       |                |          | муаллиф ва |          |        |
|       |                |          | ҳуқуқҳои ба|          |        |
|       |                |          | он вобаста |          |        |

|       | Шартномаи      | Иштирокчӣ|            |          |        |
|       | Созмони        |          |            |          |        |
|       | умумиҷаҳонии   |          |            |          |        |
|       | моликияти зеҳнӣ|          |            |          |        |
|       | оид ба иҷро ва |          |            |          |        |
|       | фонограммаҳо   |          |            |          |        |

|       | Шартнома оид ба|          |            |          |        |
|       | сабти байнал-  |          |            |          |        |
|       | милалии асарҳои|          |            |          |        |
|       | аудиовизуалӣ   |          |            |          |        |

|       | Конвенсия оид  |          |            |          |        |
|       | ба фонограммаҳо|          |            |          |        |

|       | Конвенсия оид  | Иштирокчӣ|            |          |        |
|       | ба радифҳои    |          |            |          |        |
|       | маснӯи Замин   |          |            |          |        |
|       | (спутникҳо)    |          |            |          |        |
+-------+----------------+----------+------------+----------+        |
|       | Конвенсияи     |          |            |          |        |
|       | бисёрҷониба оид|          |            |          |        |
|       | ба пешгирии    |          |            |          |        |
|       | андозситонӣ аз |          |            |          |        |
|       | маблағи муко-  |          |            |          |        |
|       | фотӣ муаллифӣ  |          |            |          |        |

|Моли-  | Конвенсияи     | Иштирокчӣ| Конвенсияи | Иштирокчӣ|        |
|кияти  | Париж дар бораи|          | авроосиёии |          |        |
|саноатӣ| ҳифзи моликияти|          | патентӣ    |          |        |
|       | саноатӣ        |          |            |          |        |

|       | Созишномаи     |          | Созишнома  | Иштирокчӣ|        |
|       | Мадрид оид ба  |          | оид ба     |          |        |
|       | пешгирии ишора-|          | чораҳо     |          |        |
|       | ҳои қалбакӣ ё  |          | роҷеъ ба   |          |        |
|       | баиштибоҳо-    |          | огоҳонӣ ё  |          |        |
|       | варанда дар мол|          | пешгирии   |          |        |
|       |                |          | истифодаи  |          |        |
|       |                |          | тамғаҳои   |          |        |
|       |                |          | қалбакии   |          |        |
|       |                |          | молӣ ва    |          |        |
|       |                |          | ишораҳои   |          |        |
|       |                |          | географӣ   |          |        |

|       | Шартномаи      | Иштирокчӣ| Созишнома  | Иштирокчӣ|        |
|       | Найроби дар    |          | оид ба     |          |        |
|       | бораи ҳифзи    |          | таъминоти  |          |        |
|       | рамзи олимпӣ   |          | тарафайни  |          |        |
|       |                |          | ҳифзи сир- |          |        |
|       |                |          | ҳои байни- |          |        |
|       |                |          | давлатӣ дар|          |        |
|       |                |          | соҳаи ҳифзи|          |        |
|       |                |          | ҳуқуқии    |          |        |
|       |                |          | ихтироот   |          |        |

|       | Шартномаи      |          | Консепсияи | Иштирокчӣ|        |
|       | Вашингтон оид  |          | ташаккули  |          |        |
|       | ба моликияти   |          | захираҳои  |          |        |
|       | зеҳнӣ нисбат ба|          | миллии     |          |        |
|       | микросхемаҳои  |          | маълумот   |          |        |
|       | интегралӣ      |          | ва ташкили |          |        |
|       |                |          | мубодилаи  |          |        |
|       |                |          | байнидав-  |          |        |
|       |                |          | латии итти-|          |        |
|       |                |          | лоот оид ба|          |        |
|       |                |          | огоҳонӣ ё  |          |        |
|       |                |          | пешгирии   |          |        |
|       |                |          | ҳуқуқвай-  |          |        |
|       |                |          | ронкуниҳо  |          |        |
|       |                |          | дар соҳаи  |          |        |
|       |                |          | моликияти  |          |        |

|       | Шартнома оид ба|          | Созишнома  | Иштирокчӣ|        |
|       | қонунҳо дар    |          | оид ба     |          |        |
|       | бораи тамғаҳои |          | стандарти  |          |        |
|       | молӣ           |          | ягонаи     |          |        |
|       |                |          | гардиши    |          |        |
|       |                |          | объектҳои  |          |        |
|       |                |          | моликияти  |          |        |
|       |                |          | зеҳнӣ, ки  |          |        |
|       |                |          | аз ҳисоби  |          |        |
|       |                |          | маблағҳои  |          |        |
|       |                |          | давлатӣ дар|          |        |
|       |                |          | ҳудуди     |          |        |
|       |                |          | давлатҳои  |          |        |
|       |                |          | аъзои      |          |        |
|       |                |          | Ҷомеаи     |          |        |
|       |                |          | иқтисодии  |          |        |
|       |                |          | Авруосиё   |          |        |
|       |                |          | офарида    |          |        |
|       |                |          | шудаанд    |          |        |

|       | Шартнома оид ба| Иштирокчӣ|            |          |        |
|       | шарикии патентӣ|          |            |          |        |

|       | ҳуқуқи патентӣ |          |            |          |        |

|       | Будапешт дар   |          |            |          |        |
|       | бораи эътирофи |          |            |          |        |
|       | байналмилалии  |          |            |          |        |
|       | маҳфуздории    |          |            |          |        |
|       | микроорганизмҳо|          |            |          |        |
|       | бо мақсади рас-|          |            |          |        |
|       | миёти патентӣ  |          |            |          |        |

|       | Созишномаи     | Иштирокчӣ|            |          |        |
|       | Мадрид дар     |          |            |          |        |
|       | бораи бақайд-  |          |            |          |        |
|       | гирии байнал-  |          |            |          |        |
|       | милалии тамғаҳо|          |            |          |        |

|       | Созишномаи     |          |            |          |        |
|       | Лиссабон оид ба|          |            |          |        |
|       | ҳифзи номгузо- |          |            |          |        |
|       | риҳои маҳаллӣ  |          |            |          |        |
|       | ва сабти бай-  |          |            |          |        |
|       | налмилалии онҳо|          |            |          |        |
|       +----------------+----------+------------+----------+--------+
|       | Созишномаи     |          |            |          |        |
|       | Гаага оид ба   |          |            |          |        |
|       | маҳфуздории    |          |            |          |        |
|       | байналмилалии  |          |            |          |        |
|       | намунаҳои      |          |            |          |        |

|       | Страсбург оид  |          |            |          |        |
|       | ба таснифи     |          |            |          |        |
|       | байналмилалии  |          |            |          |        |
|       | патентӣ        |          |            |          |        |

|       | Созишномаи Нитс| Иштирокчӣ|            |          |        |
|       | оид ба таснифи |          |            |          |        |
|       | байалмилалии   |          |            |          |        |
|       | молҳо ва хиз-  |          |            |          |        |
|       | матҳо барои    |          |            |          |        |
|       | бақайдгирии    |          |            |          |        |
|       | тамғаҳо        |          |            |          |        |

|       | Созишномаи     | Ҳамроҳ   |            |          |        |
|       | Локарн оид ба  | шудааст  |            |          |        |
|       | таъсиси таснифи|          |            |          |        |
|       | байналмилалии  |          |            |          |        |
|       | намунаҳои      |          |            |          |        |
|       | саноатӣй       |          |            |          |        |

|       | Созишномаи Вена| Иштирокчӣ|            |          |        |
|       | оид ба таъсиси |          |            |          |        |
|       | таснифи байнал-|          |            |          |        |
|       | милалии унсур- |          |            |          |        |
|       | ҳои тасвирии   |          |            |          |        |
|       | аломатҳо       |          |            |          |        |

| Конвенсияи таъсиси     | Аъзо     |            |          |        |
| Созмони умумиҷаҳонии   |          |            |          |        |
| моликияти зеҳнӣ        |          |            |          |        |
+------------------------+----------+------------+----------+--------+
| Созишнома оид ба       |          |            |          |        |
| ҷанбаҳои тиҷоратии     |          |            |          |        |
| ҳуқуқҳо ба моликияти   |          |            |          |        |
| зеҳнӣ                  |          |            |          |        |

Такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ шарти зарурӣ буда, имкон медиҳад, ки тамоюлҳои муосир дар рушди иқтисодиёти инноватсионӣ ва ҷомеаи иттилоотӣ ба назар гирифта шаванд. Ин раванд бояд ба афзалиятҳои миллӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ, таҳқиқоти илмии масъалаҳои ҳалталаб дар ин самт ва таҳлили ҳамаҷиҳатаи амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ асос ёфта бошад.

19. Саноатикунонии объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар рушди иқтисодиёти миллӣ саҳми назаррас мегузорад. Дар ин маврид ба ин соҳаи иқтисодиёт технологияҳои нав, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ таъсири зиёд доранд. Қонунгузории мувофиқ ба стандартҳои муосир аз ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста бояд барои эҷодиёт ва ҳифзи инвеститсия, ки ба рушди он, таъмини баробарии манфиатҳои муаллифон ва дигар ҳуқуқсоибон, истифодабарандагон, ҷомеа, давлат, ҳамчунин истифода ва ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар муҳити рақамӣ нигаронида шудаанд, шароити мусоид фароҳам оварад.

Таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ аз зарурати рушди минбаъдаи қонунгузории миллӣ доир ба ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба мақсади такмили шароити ҳифзи объектҳои алоҳидаи ин ҳуқуқҳо, аз ҷумла барномаҳои компютерӣ ва захираи маълумотҳо, ниҳоди асарҳои хизматӣ, шартномаҳо оид ба истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва муқаррароти қонунгузории амалкунанда шаҳодат медиҳад.

Аҳамияти бештар афзояндаро барои гардиши иқтисодӣ иттилооти махфии хусусияти техникӣ, ташкилӣ ё тиҷоратидошта соҳиб аст. Дар савдои ҷаҳонӣ ҳаҷми аҳдномаҳо, ки мавзӯи онҳо сирри истеҳсолот (ноу-хау) мебошад, бо ҳаҷми савдои иҷозатдодашуда, ки ба патентҳои додашуда асос ёфтааст, муқоисашаванда мебошад.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқии иттилооти махфӣ (махсус) такмилро тақозо мекунад.

§3. Такмил ва рушди инфрасохтори низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он

20. Дар айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инфрасохтори зерини низоми таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ вуҷуд доранд, ки дар сатҳи давлатӣ ва мустақилона таъсис дода шудаанд:

а) Инфрасохторҳои давлатӣ:

- Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки вазифаҳои он аз инҳо иборат аст: сабт ва додани патент ба ихтироот, намунаҳои саноатӣ; сабт ва додани шаҳодатномаҳо ба тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонӣ.

- Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба вазифаҳои он сабт ва додани шаҳодатнома ба навъҳои нави растанӣ ва зоти чорво дохил мешавад.

- Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли воҳиди сохторӣ (шӯъбаи ҳуқуқ, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста), ки ба вазифаҳои он пешниҳоди маслиҳатҳои ҳуқуқӣ ба муаллифон ва бо хоҳиши онҳо додани шаҳодатномаҳои муаллифӣ, ҳифз намудани манфиатҳои қонунии муаллифон ва ворисони онҳо ҳангоми истифодаи асарҳои илм, адабиёт ва санъат дар Тоҷикистон ва ҳориҷи кишвар, назорат намудани дурустии пардохти ҳаққи қалами муаллифон аз ҷониби муассисаву идораҳои ҷумҳурӣ дохил мешавад.

б) Иттиҳодияҳо ва ташкилотҳо:

- Иттифоқ ва иттиҳодияҳои гуногун (нависандагон, оҳангсозон, рассомон, синамогарон ва монанди ин).

- Идораи дастаҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон.

21. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ инфрасохтори зарурии сатҳи давлатӣ мавҷуд буда, инчунин заминаи зарурии ҳуқуқӣ барои амалисозии ҳифз дар сатҳи иттиҳодияҳо ва ташкилотҳо фароҳам оварда шудааст. Вале нисбат ба онҳо сиёсати давлатии ягона дар ин соҳаи ҳаётан муҳим амалӣ карда намешавад. Дар сатҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият ҷиҳати мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ фаъолият кунад ҳам, вале ин кифоя буда, самаранокии кори он назаррас нест.

Вобаста ба самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи афзалиятдошта дар марҳилаи кунунӣ рушди минбаъдаи инфрасохтори низоми ҳифз ва идораи моликияти зеҳнӣ мебошад. Ин амалисозии чорабиниҳоро оид ба рушди инфрасохтори соҳавӣ ва минтақавии ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла муносибгардонии фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоотии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳиди сохтории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаи моддию техникӣ ва таъминоти кадрии он, ба вуҷуд овардани низоми назорат ва танзими бозори моликияти зеҳнӣ, такмили низоми идоракунии дастаҷамъонаи ҳукуқи муаллиф ва ҳуқукҳои вобаста, механизми ҳимояи моликияти зеҳнӣ, ташкили кори ваколатдорони патентиро талаб мекунад.

Дар доираи Барнома амалисозии чорабиниҳое, ки ба рушди инфрасохтори соҳавӣ ва минтақавии ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ нигаронида шудаанд, идома дода мешавад. Амалисозии ин чорабиниҳо иҷрои корҳои зеринро пешбинӣ мекунад: таъсис ва таҳкими хадамоти патентию литсензионӣ дар вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳои илмӣ ва таҳсилотӣ; бо мутахассисони касбӣ таъмин намудани ин хадамот; ташкили кӯмакҳои моддӣ ба манфиатдорон дар ин самт; таҳияи заминаваи меъёрии ҳуқуқии мувофиқ.

22. Амалисозии чорабиниҳои ташкилию техникие ба назар гирифта шудааст, ки ба муносибсозии фаъолияти Маркази миллии патенту иттилоотии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳиди сохтории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, аз ҷумла: таъмини макони зарурии ин марказ, ки ба маблағгузорӣ ва таъминоти кадрии фаъолияти он мувофиқ бошад; таҳкими заминаи моддию техникӣ; татбиқи технологияҳои муосир; ҷиҳозонидани ҷойҳои кори таъсисдодашуда; ташкили баландбардории тахассус, такмили ихтисос ва коромӯзии кормандони соҳаи моликияти зеҳнӣ.

Тавре маълум аст, дар Маркази миллии патенту иттилоот таъсис додани Интернет-портали Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 пешбинӣ гардидааст. Вобаста ба қабули Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020 мувофиқи мақсад аст, ки Интернет-портали ягонаи ин ду Барнома таъсис дода шавад. Дар ин маврид, дастрасии васеъ ба шабакаи ҷаҳонии Интернет таъмин гардида, шабакаи марказҳои иттилоотии тамосии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, вазорату идораҳо, сохторҳои дигар ташаккул дода мешавад.

Табиист, ки номгӯйи маълумотҳое, ки дар Интернет-портал ҷойгир карда мешаванд, таввассути таъмини иттилоотии амалкардаи низоми моликияти зеҳнӣ дар мамлакат хеле меафзояд.

Ҳамин тариқ, Маркази миллии патенту иттилоот ба маркази асосии мамлакат оид ба таъмин намудани иттилоот ба иҷрокунандагони ин ду Барномаи афзалиятдошта табдил меёбад, ки амалисозии онҳо барои рушди равандҳои инноватсионӣ ва барои афзоиши минбаъдаи нақши нерӯи зеҳнӣ ва моликияти зеҳнӣ дар ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ аҳамияти хеле муҳим дорад.

Бобаста ба зарурати таъмини амалисозии сиёсати самараноки давлатӣ ҳангоми ҳал кардани вазифаҳои чандзинагӣ оид ба ҳифз, арзёбӣ, интиқоли ҳуқуқ ба объектҳои моликияти зеҳнӣ ва назорат ба истифодаи онҳо, дар заминаи Маркази миллии патенту иттилоот таъсис додани воҳиде мувофиқи мақсад аст, ки он мониторингро дар самти арзебӣ, интиқол ва истифодаи ҳуқуқҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ, ҳамчунин роҳбарии методиро ба фаъолияти манфиатдорон дар ин самтҳо, аз ҷумла, оид ба масъалаҳои патентигардонии хориҷии объектҳои моликияти саноатӣ, интиқоли технологияҳои дутаъинот таъмин намояд.

23. Самти муҳими амалисозии чорабиниҳо оид ба такмили ташкили корҳои ваколатдорони патентӣ - ин баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои онҳо, ташкили омодагии касбии онҳо, баланд бардоштани тахассус ва такмили ихтисос мебошад.

Дар ин маврид тавассути ба вуҷуд овардани низоми асноди меъёрии ҳуқуқӣ бояд ҳукуқ ва манфиатҳои қонунии муаллифон, ташкилотҳои таҳиягар ва инвесторҳо, аз ҷумла давлат таъмин карда шуда, низоми муассири ташкилию ҳуқуқии пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳамчунин танзими возеҳи амалисозии ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ, ки ба ҷалби маблағҳои буҷетӣ ба вуҷуд оварда шудаанд, ташаккул дода шавад.

Амалисозии чораҳои зикршуда имкон медиҳад, ки ҳавасмандгардонии эҷодиёт, ҳифз ва рушди нерӯи зеҳнии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои нигаҳдории рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ ва рушди содирот, нигаҳдории воридоти технологияҳои пешқадам ва фаъолгардонии равандҳои инвеститсионӣ дар саноати ватанӣ таъмин карда шавад.

§4. Пешгирӣ ва бартарафсозии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ

24. Устувории муносибатҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, ҳамчунин қаноатмандии иштирокчиёни он аз бисер ҷиҳат ба сатҳи пешгирӣ ва бартараф кардани ҳуқуқвайрокуниҳо дар ин соҳа вобаста аст.

Айни замон дар доираи низоми ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирт кардани ҳуқуқвайрокуниҳо бо тартиби муайяни қонунгузориҳои зерини соҳавӣ таъмин карда мешавад:

Қонунгузории гражданӣ, ки дар чаҳорчӯбаи он ҳуқуқвайрокуниҳо тариқи амалиёти фаъолонаи худи эҷодкор бо истифодаи тарз ва воситаҳои гражданию ҳукуқӣ пешгирӣ карда мешаванд;

Қонунгузориҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ, ки дар чаҳорчӯбаи он ба ҳуқуқвайронкунандагон мақомоти ваколатдори давлатӣ дар доираи салоҳияти худ мубориза мебаранд. Вале дар ин ҷо пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ба талабот ва иштироки фаъоли худи шахсони манфиатдор вобаста мебошад.

Қонунгузории гумрук, ки дар доираи он назорат ба гардиши объектҳои моликияти зеҳнӣ амалӣ карда мешавад.

Меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузориҳои мавҷудаи гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳифзи моликияти зеҳнӣ заминаи кофӣ ба вуҷуд меоваранд.

Масалан, ба мақсади пешгирӣ кардани маҳсулоти ғизоии қочоқ ва қалбакӣ дар бозори истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ", "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунадагон", "Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ"-ро ба роҳбарӣ мегирад.

Дар натиҷаи гузаронидани тафтишот ва назорати давлатӣ кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар соли 2011 19 ҳолат ва дар давраи се моҳи соли 2012 6 ҳолати вайрон намудани талаботи қонунгузории соҳаи моликияти зеҳниро ошкор намуданд. Аксарияти ин қонунвайрокуниҳо ба фурӯши маҳсулоти ширкат ва корхонаҳои дигар бо истифодаи тамғаҳои молии қалбакӣ алоқаманд мебошанд.

Яке аз сабабҳои асосии паҳншавии маҳсулоти қалбакӣ дар ҷумҳурӣ, ин пеш аз ҳама паст будани маърифати ҳуқуқии истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон мебошад. Дар ин самт мебояд корҳои тавзеҳотӣ ба воситаи гузаронидани семинармашваратҳо бо истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон амалӣ карда шуда, ҳамзамон тариқи васоити ахбори омма амалӣ намудани корҳои тавзеҳотӣ пурзӯр карда шаванд.

Барои таҳкими ҳимояи бозори истеъмолии ватанӣ зарур аст, ки дар қонунгузории мамлакат як қатор тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

Бо мақсади беҳтар кардани кори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо мебояд, ки ба ниҳодҳои ҳамшабеҳи хориҷӣ мутахассисон барои коромӯзӣ ва азхудкунии усулҳои муосири ҳифзи моликияти зеҳнӣ фиристонида шаванд.

Маҳсулоти "дуздӣ" - аз молҳои оддӣ то доруҳои табобатӣ ва маҳсулоти ғизоӣ - ҳоло ба бозори истеҳсолии мамлакат ворид мешаванд. Корҳои зиёдеро анҷом додан мебояд, то пеши роҳи паҳншавии маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ гирифта шавад.

25. Солҳои охир дар ҷаҳон истеҳсолоти ба ном организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ модификатсияшуда ва маҳсулоти ғизоии дорои ингредиентҳои аз ҷиҳати генетикӣ модификатсияшуда паҳн гардидааст. Истеҳсолоти назоратнашаванда ва содироти ин гуна организмҳо ва маҳсулоти ғизоӣ ва паҳншавии онҳо дар гардиши тиҷоратӣ метавонад ба саломатии инсон зарари зиёд оварда, ҳолати экологиро бад гардонад ва ба рақобатпазирии маҳсулоти ғизоии ватанӣ таъсири манфӣ расонад. Бинобар ин, зарур аст, ки ба асноди қонугузории амалкунанда, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии биологӣ" ислоҳу иловаҳо ворид карда шавад, то тартиби батанзимдарорӣ, иҷозатномадиҳӣ ва воридсозии ин организм ва маҳсулоти ғизоӣ муқаррар карда шавад.

Меъёрҳои қонунгузории танзимкунандаи тарафҳои алоҳидаи мубориза алайҳи маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ ба ҳамгунсозӣ (унификатсия) нисбат ба объектҳои гуногуни моликияти зеҳнӣ ниёз доранд. Зарур аст, ки мувофиқасозии амалиётҳои мурофиавӣ ва меъёрҳои ҷавобгарии граждании ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ нисбат ба мубориза алайҳи маҳсулоти қочоқ гузаронида шавад.

Дар Тоҷикистон ба масъалаҳои таъҷилии пешгирии савдои маҳсулоти қочоқ гурӯҳҳои махсусан таъсисдодашуда аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои гумрук машғул мебошанд. Вале дар фаъолияти ин мақомот низоми зарурӣ, ҳамоҳангии ваколатҳо ва вазифаҳо вуҷуд надоранд. Ҳамин тариқ, яке аз вазифаҳои асосӣ баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои байниидоравӣ байни шариконе мебошад, ки ба мубориза алайҳи маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ вобаста карда шудаанд.

26. Бо мақсади таъмини муқобилати самаранок ба вайронкориҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ гузаронидани чорабиниҳои байниидоравии таъҷилии пешгирӣ ва амалиётҳои махсус ҷиҳати пешгирӣ кардани далелҳои ҳуқуқвайрокуниҳо ба объектҳои моликияти зеҳнӣ идома дода мешавад.

Вобаста ба ин мувофиқи мақсад дониста мешавад, ки мақомоти ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ, ки масъул ҷиҳати амалисозии чорабиниҳои зикршуда мебошанд, имконияти таъсиси сохторҳои махсусгардонидашудаеро меомӯхтанд, ки ба ӯҳдадориҳои онҳо ошкор ва қабул кардани чораҳои пешбиникардаи қонунгузорӣ оид ба роҳ надодан ба густариши маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ, ҳамчунин таъмини ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мансуб буда метавонистанд.

Барои баланд бардоштани самаранокии ҳимояи моликияти зеҳнӣ зарур аст, ки амалияи татбиқи қонунгузориҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ, баровардани қарорҳо оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла таҷрибаи мавҷудаи байналмилалӣ омӯхта шавад ва дар ин замина оид ба такмили қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқтатбиқкунӣ дар ин соҳа пешниход таҳия карда шавад.

Ба мақсади дар ҷумҳурӣ мураттаб гардонидани воридот ва фурӯши маҳсулоти дорои объекти зеҳнӣ роҳ надодан ба паҳншавии маҳсулоти қалбакӣ, зарур аст, ки таҷрибаи мавҷудаи байналмилалии татбиқи воситаҳои техникӣ оид ба ҳифзи объектҳои ҳуқуқии муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста омӯхта шавад ва масъалаи татбиқи воситаҳои зикршуда дар Ҷумҳурии Точикистон баррасӣ карда шавад.

Ба мақсади муайян кардани ҳолати воқеии корҳо ва муайян намудани сатҳи маҳсулоти қочоқ зарур аст, ки ба таври доимӣ мониторинги бозори моликияти зеҳнӣ таъмин карда шуда, таҳлили комили иттилооти воридшаванда гузаронида шавад. Ҳамчунин дурнамои тамоюлҳои асосии истеҳсол ва паҳншавии маҳсулоти қочоқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад, ки ин танҳо ҳангоми мавҷудияти маводи дақиқи оморӣ оид ба ҳаҷми истеҳсолот, воридот ва фурӯши маҳсулот имкон дорад.

§5. Такмил ва рушди низоми таҳсилот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ

27. Барои баланд бардоштани самаранокии доимии фаъолияти низоми моликияти зеҳнӣ зарур аст, ки чораҳои таъминоти кадрии касбии ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он саривақт андешида шаванд. Дар назар аст, ки ташаккул ва такмили низоми таҳсилоти мувофиқ ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар самтҳои асосии зерин амалӣ карда мешавад:

- татбиқи марҳилавии ҳамаи шакл ва намудҳои таҳсилот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

- тайёр кардани коршиносон (экспертҳо) ва мутахассисон на танҳо дар самти ҳифзи моликияти зеҳнӣ, балки инчунин иқтисодчиён, менеҷерҳо, маркетологҳо, мутахассисон оид ба технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, ки вазифаи онҳо то ба татбиқи амалӣ расонидани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва инноватсионӣ мебошад;

- ташкили заминаи таълимию методӣ, нашри китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълимӣ ва барномаҳо ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо;

- аз нав дида баромадани номгӯи ихтисосҳое, ки ба стандарти онҳо бояд омӯзиши масъалаҳои моликияти зеҳнӣ ворид гарданд;

- дар барномаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ҷорӣ намудани як қатор курсҳои махсус оид ба моликияти зеҳнӣ ("Низоми миллии моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Асосҳои ҳифз ва идоракунии моликияти зеҳнӣ" ва монанди инҳо);

- дар назди Маркази миллии патенту иттилоот таъсис додани марказ оид ба тайёр кардани кадрҳо дар самти моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он, пешниҳоди хизматрасониҳои таълимӣ, касбӣ ва иттилоотӣ;

- ташаккули низоми муосири такмил ва баланд бардоштани тахассуси роҳбарон ва мутахассисони мақомоти ҷумҳуриявӣ, муассисаҳои илмӣ ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ваколатдорони патентӣ;

- дар муассисаҳои илмии академӣ ва соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба масъалаҳои муҳими моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он;

- омода намудани пешниҳод ба Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ оид ба таъсиси Маркази таълимии моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилот дар самти моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он.

§6. Ҳамкории байналмилалӣ оид ба рушди низоми соҳаи моликияти зеҳнӣ

28. Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ барои рушди низоми моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин барои ҳар як давлати дигар дорои аҳамияти калон мебошад.

Дар раванди ташаккули низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷрибаи байналмилалии ба вуҷуд овардани низоми моликияти зеҳнӣ, хусусан дар қисми асосҳои қонунгузорӣ ва фаъолияти онҳо хеле самаранок истифода шуданд. Дар солҳои наздик лозим меояд, ки ба таҷрибаи байналмилалии на танҳо давлатҳои мутараққӣ бештар таваҷҷӯҳ намуд, ҳатто онро таҳлил карда, душвориҳо, хатоҳо ва хусусиятҳои минтакавиеро фаҳмида бояд ба инобат гирифт, ки бо онҳо давлатҳои зиёде дар раванди ташаккули низоми моликияти зеҳнӣ дучор омадаанд.

29. Дар тамоми давраи амали Барнома гузаронидани чорабиниҳои гуногун оид ба ҳамкории байналмилалӣ аз рӯи самтҳои ассоии зерин пешбинӣ карда мешавад:

-такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;

-гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ ва коркардҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои афзалиятдоштаи илм ва техника, ки дар онҳо имконияти ба даст овардани натиҷаҳои нави таҳқиқот ва ихтироот, технология ва маҳсулоти инноватсионӣ зиёд аст;

-омӯзиш ва истифодаи таҷрибаи хориҷии дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, қадрдонӣ кардан ва баланд бардоштани завқи олимон, адабиётшиносон, оҳангсосзон, навоварони истеҳсолот ва монанди инҳо дар фаъолияти эҷодӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ;

- таҳияи чорабиниҳои муштарак оид ба ҳифзи моликияти зеҳнӣ, пешгирии паҳншавии маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ;

-гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба баланд бардоштани омодагии касбии коршиносон ва мутахассисон оид ба идоракунии моликияти зеҳнӣ;

-ҳамгироии комилтари низоми миллии моликияти зеҳнӣ дар шабакаи иттилоотию иртиботии Интернет.

Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он ба баланд бардоштани обрӯю эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати ҳуқуқӣ ҷиҳати таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои моликияти зеҳнӣ мусоидат мекунад.

4. Мониторинги нишондиҳанда (индикатор)-ҳо ва арзёбии самаранокии татбиқи Барнома

30. Ба сифати воситаи назорат ба иҷрои чорабиниҳои Барнома системаи мониторинг ва арзёбӣ истифода мешавад, ки он индикаторҳои миқдории зерин дорад:

- миқдори ҳайати кормандоне, ки ба таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ машғуланд, аз рӯйи ҳисоби 10 ҳазор кормандони машғул дар иқтисодиёт (нафар);

- миқдори кормандоне, ки дараҷаҳои илмии доктори илм ва номзади илм доранд, аз рӯйи ҳисоб ба 10 ҳазор аҳолӣ (нафар);

- зариб (коэффисиент)-и фаъолияти ихтироъкорӣ (миқдори дархостҳои патентӣ ба ихтироот, ки аз тарафи дархосткунандагони миллӣ дар мамлакат пешниҳод шудаанд, аз рӯйи ҳисоб ба 10 ҳазор аҳолӣ);

- микдори патентҳо ва шаҳодатномаҳои муаллифӣ ба дастовардҳои селексионӣ, ки аз тарафи Комиссияи навъсанҷии зироатҳои кишоварзӣ ва ҳифзи навъи назди Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд;

- вазни хоси технологияҳои истифодашавандаи нав ва такмилёфтаи истеҳсолотӣ, ки объектҳои моликияти зеҳнӣ доранд, дар миқдори умумии онҳо (фоиз);

- миқдори воҳидҳои идоракунӣ (шӯъбаҳо, гурӯҳҳо) дар вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилот ва корхонаҳое, ки ба муассисаҳои фаъолияти патентию литсензионӣ машғуланд;

- миқдори воҳидҳо дар вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳое, ки ба масъалаҳои ҳифзи моликияти зеҳнӣ машғуланд;

- миқдори далелҳои ошкоргардида оид ба паҳншавии маҳсулоти қочоқ ва қалбакӣ;

-миқдори асноди меъёрии ҳуқуқии қабулшуда, аз ҷумла иловаҳо, тағйирот ва ислоҳоте, ки низоми ҳифзи моликияти зеҳниро ба танзим медароранд;

- миқдори воҳидҳои таълимӣ (факултаҳо, кафедраҳо, гурӯҳҳо)-и муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ки дар онҳо тайёр кардани мутахассисон ва баланд бардоштани тахассуси онҳо дар соҳаи идоракунии моликияти зеҳнӣ гузаронида мешавад.

5. Таъминоти молиявии татбиқи Барнома

31. Манбаи асосии таъминоти захиравии татбиқи Барнома маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ мебошанд, ки онҳо дар маблағгузории мақомоти давлатии масъул ҷиҳати иҷрои чорабиниҳои дахлдори Барнома ҷудо гардидаанд.

32. Барои иҷрои чорабиниҳои Барнома манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузориро ҷалб кардан мумкин аст, аз ҷумла: маблағҳои хусусии ташкилоту корхонаҳо, хазинаҳои ғайридавлатии маблағгузоранда ва маблағгузориҳои хусусӣ, қарзҳои бонкҳои тиҷоратӣ. Ба ҳайси манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ маблағҳои инвеститсионӣ ва инноватсионии ташкилотҳо, хазинаҳо, ширкатҳо ва спонсорҳои хориҷӣ, захираҳои донорӣ ва шарикӣ ва манбаъҳои дигарро истифода кардан мумкин аст, агар ҷудокунӣ ва истифодаи ин маблағҳо хилофи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад. Ҳамчунин пешбинӣ мегардад, ки зимни иҷрои баъзе чорабиниҳо кӯмакҳои машваратӣ, методӣ ва техникӣ аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) расонида мешавад.

Нишондиҳандаҳои дурнамои мақсадноки хароҷоти молиявӣ, манбаъҳо ва ҳаҷми маблағгузориҳо зимни таҳияи чорабиниҳои алоҳидаи Барнома муайн карда мешаванд. Нишондиҳандаҳои хароҷоти молиявиро вобаста ба имкониятҳои воқеии буҷети давлатӣ, ҳаҷми маблағҳои ғайрибуҷетии воридшуда ва аниқ кардани эҳтиёҷот ба маблағҳои молиявӣ тағйир додан мумкин аст.

6. Идоракунии татбиқи Барнома

33. Идоракунии татбиқ ва назорат ба рафти иҷрои чорабиниҳои Барнома ба зиммаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда мешавад. Дар назди ин вазорат Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба идоракунии амалисозии Барнома таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, корхонаву ташкилотҳои масъул ҷиҳати иҷрои чорабиниҳои Барнома шомил мегарданд.

Ба вазифаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба идоракунии татбиқи Барнома инҳо мансубанд: дастгирӣ ва мувофиқасозии амалиётҳо оид ба рушди низоми моликияти зеҳнӣ; ҳавасмандгардонии фаъолияти илмӣ, илмию техникӣ ва эҷодӣ; ҳифзи моликияти зеҳнӣ дар мамлакат ва назорат ба иҷрои чорабиниҳои Барнома.

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ рафти амалишавии Барномаро муҳокима карда, аҳамият ва самаранокии чораҳоеро, ки ба ҳалли вазифаҳо ва дарёфти мақсадҳои Барнома нигаронида шудаанд, арзёбӣ мекунад, пешниҳодҳоро оид ба беҳтарсозии ташкили корҳо ҷиҳати назорат ба иҷрои чорабиниҳои Барнома баррасӣ менамояд.

34. Ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва арзёбии мавод оид ба иҷрои чорабиниҳои Барнома, таҳлили мушкилоти пайдошуда, омода кардани пешниҳодҳо оид ба такмили соҳаи моликияти зеҳнӣ ва ирсоли онҳоро барои баррасӣ ба Шӯрои ҳамоҳангсозиро сохторҳои дахлдори вазорату идораҳо, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академияҳои илмҳои соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилоту корхонаҳо амалӣ менамоянд.

7. Натиҷаҳои чашмдошт

35. Қабул ва татбиқи Барнома имкон медиҳад, ки:

- фаъолияти инноватсионӣ ва зеҳни дастгирӣ ва ҳавасманд гардонида шавад;

- заминаи меъёрии ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ такмил дода шавад;

- инфрасохтори низоми ҳифзи моликияти зеҳнӣ ва идоракунии он ташаккул ва равнақ дода шавад;

- ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ пешгирӣ ва бартараф сохта шаванд;

- низоми таҳсилот дар соҳаи моликияти зеҳнӣ такмил ва равнақ дода шавад;

- самаранокии фаъолияти ихтироъкорӣ ва ҷорӣ намудани натиҷаҳои он дар гардиши иқтисодӣ баланд бардошта шавад;

- ҳамкории байналмилалӣ оид ба рушди низоми моликияти зеҳнӣ таҳкими бештар ёбад.

36. Татбиқи чорабиниҳои Барнома ҳавасмандгардонии эҷодиёт, ҳифз ва рушди нерӯи зеҳнии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои нигаҳдории рақобатпазирии иқтисодиёти ватанӣ ва рушди содирот, нигаҳдории воридоти технологияҳои пешқадам ва фаъолгардонии равандҳои инвеститсиониро дар саноати ватанӣ таъмин менамояд.

37. Татбиқи чорабиниҳои Барнома барои дар сатҳи зарурӣ ҳифз ва ҳимоя намудани объектҳои зерини моликияти зеҳнӣ имконият медиҳад:

а) натиҷаҳои моликияти зеҳнӣ:

- осори илм, адабиёт ва фарҳанг; ъ

- овозхониҳо, фонограммаҳо ва барномаҳои телевизионӣ;

- ихтироот, моделҳои фоиданок, намунаҳои саноатӣ, дастовардҳои селексионӣ;

- топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ ва ғайра.

б) воситаҳои фардикунонии иштирокчиёни гардиши граждании молҳо, корҳо ва хизматрасониҳо:

- номгузориҳои ширкатӣ;

- тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ;

- ишораҳои ҷуғрофӣ ва ғайра.

Замима

ба Барномаи рушди нерӯ

ва моликияти зеҳнии инсон

дар давраи то соли 2020

Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон дар давраи то соли 2020

Ниг. ба Замима