Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012, № 686 "Дар бораи Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси воситаҳои ахбори омма барои солҳои 2013-2017 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҷиҳати амалӣ намудани Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 3 декабри соли 2012, № 686

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Программе подготовки квалифицированных кадров средств массовой информации на 20132017 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Программу подготовки квалифицированных кадров средств массовой информации на 2013-2017 годы (прилагается).

2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан, Министерству культуры Республики Таджикистан, Комитету по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти ежегодно в пределах предусмотренных средств принять необходимые меры по реализации данной Программы (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 3 декабря 2012 года, № 688