Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 декабри соли 2012,
№ 684 тасдиқ карда шудааст
Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2014 № 794)
1. Вазъи ҳозираи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон оид ба ҳифзи меҳнати онҳо яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
2. Муҳайё намудани шароити хуби меҳнат ва фароҳам овардани муҳити солими меҳнатӣ барои ҳар як корманд ниҳоят зарур мебошад, зеро аз се як ҳиссаи умри инсон дар ҷои кор мегузарад.
3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ маҷмӯи тадбирҳоеро амалӣ намуд, ки онҳо заминаи устувори рушди қонунгузории яке аз соҳаҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ - ҳифзи меҳнати кормандони тамоми соҳаҳои иқтисоди мамлакат гардиданд. Дар ин раванд дар навбати аввал санадҳои меъёрии ҳуқуқии пештар амалкунандаи марбути масъалаҳои ҳифзи меҳнати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҷдиди назар карда шуданд.
4. Бо мақсади танзими идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат дар ҷумҳурӣ Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи меҳнат", "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ", "Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор", "Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ", "Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният" ва "Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ" қабул гардиданд, ки ба фароҳам овардани шароити бехатари меҳнат ва ҳифзи меҳнати кормандон нигаронида шудаанд.
5. Маълум аст, ки инъикоскунандаи вазъи воқеии муҳофизати меҳнат ва шароити меҳнат дар ташкилоту муассисаҳои шакли моликияташон гуногун нишондиҳандаҳои оморӣ дар бораи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ маҳсуб меёбанд, мутаассифона дар марҳалаи кунунӣ нишондиҳандаҳои мазкур дақиқ ва мушаххас нестанд. Тартиби амалкунандаи тафтиш ва бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолоти ҷумҳурӣ дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ қабул гардида, ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй намебошад.
2. Мақсад ва вазифаҳои Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2016
6. Мақсади Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2016 (минбаъд Барнома) фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини ҳифзи ҳаёт, солимии кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ, пешгирӣ намудани осеббардории истеҳсолӣ, бемориҳои касбӣ ва таваккалҳои касбӣ мебошад.
7. Вазифаҳои Барнома иборат мебошанд:
- такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи меҳнат;
- татбиқи системаи идоракунии ҳифзи меҳнат, ки баҳодиҳии сатҳи таваккалҳои касбиро таъмин менамояд, таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳое, ки ба паст намудани осеббардории истеҳсолӣ равона шудаанд;
- таҳияи механизми ҳуқуқии суғуртаи иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
- ба вуҷуд овардан ва ташаккул додани механизми такмили ихтисоси кормандон, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии кормандон оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат;
- такмил додани механизми ҳавасмандгардонии иқтисодии корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии меҳнат.
8. Барои иҷрои вазифаҳои Барнома таҳия ва қабули як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва амалӣ намудани баъзе чорабиниҳо зарур мебошад, ки номгӯи онҳо тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2016 муқаррар карда мешавад (замима мегардад).
3. Натиҷаҳои пешбинишаванда
9. Самаранокии иҷтимоию иқтисодии татбиқи чорабиниҳои Барнома ба паст гардидани сатҳи осеббардории истеҳсолӣ ва бемориҳои касбӣ дар истеҳсолот, ки он аз шароити меҳнат, муҳофизати меҳнат ва таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандон вобаста мебошад, мусоидат менамояд.
10. Иҷрои чорабиниҳои Барнома имкон медиҳад:
- асосҳои қонунгузории соҳаи ҳифзи меҳнати кормандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммалтар гардонида шавад;
- сохтори ҳозиразамон ва самараноки идоракунии ҳифзи меҳнати кормандон дар корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳо новобаста аз тарзи хоҷагидорӣ ва шакли моликияти онҳо ташаккул ёбад;
- механизми ҳуқуқии фаро гирифтани кормандон ба суғуртаи иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ дар тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо фаъолтар гардонида шавад;
- дар заминаи ташаккул ёфтани низоми такмили ихтисос ва бозомӯзӣ сатҳи маърифати касбӣ ва ҳуқуқии кормандон дар самти ҳифзи меҳнат баланд бардошта шавад;
- тавассути ҳавасмандгардонии иқтисодии корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо саҳми онҳо дар раванди беҳтар намудани шароити меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи бехатарии меҳнат муассиртар гардад;
- таҳкурсии воқеии беҳтар гардонидани вазъи саломатии аҳолии кишвар ба вуҷуд оварда шуда, дар ин замина дарозумрии миёнаи ҳаёти кормандон таъмин карда шавад;
-коэффитсиенти афзоиши осеббардории истеҳсолӣ ба андозаи 5 фоиз паст гардад (аз теъдоди солонаи кормандони бар асари ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот зарардида бо назардошти 1000 нафар корманд);
- сатҳи бемориҳои касбӣ ба андозаи 5 фоиз паст гардад (аз теъдоди солонаи бар асари ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ба бемориҳои касбӣ дучор шудани кормандон бо назардошти 10 000 нафар корманд);
- мақомоти давлатӣ имкони баҳодиҳии воқеӣ ба вазъи мавҷудаи шароити меҳнат, ҳифзи меҳнат ва идоракунии системаи ҳифзи меҳнатро ба даст меоранд.
4. Асосҳои ҳуқуқӣ ва молиявии татбиқи Барнома
11. Масъалаҳои таъминот бо захираҳои моддӣ ва меҳнатие, ки барои татбиқи Барнома зарур аст, мустақилона аз ҷониби корфармоён ва иҷрокунандагон тибқи чорабиниҳои тасдиқгардида сурат мегирад.
12. Чорабиниҳои дахлдори гузаронидашаванда барои омода намудани иштирокчиён дар маҳалҳое, ки дорои чунин ташкилотҳо мебошанд, аз ҳисоби мақоми салоҳиятдори давлатӣ ва ташкилотҳои намояндагӣ (фармоишгарон) маблағгузорӣ карда мешаванд.
13. Мақоми салоҳиятдори ҳокимияти давлатӣ барои таъмини ҳуқуқии чорабиниҳои дар Барномаи мазкур пешбинишуда масъул мебошад.
Замима
ба Барномаи ҳифзи меҳнат
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои солҳои 2013-2016
Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2016
Ниг. ба замима