Дар бораи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои дахлдор Шӯрои ҳамоҳангсози байниидоравиро таъсис диҳад.
3. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо иҷрои Барномаи мазкурро таъмин намоянд.
4. Маблағгузории Барнома дар доираи маблағҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда, инчунин маблағҳои муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва донорҳо ба роҳ монда шавад.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2001, № 272 "Дар бораи тасдиқи Барномаи Системаи давлатии омӯзиши соҳаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 декабри соли 2012, № 678
ш. Душанбе