Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2012, № 666 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999, № 218"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999, № 218

Мутобиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади ба танзим даровардани масъалаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба банди 2 Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1999, № 218 тасдиқ гардидааст, сархати зерин илова карда шавад:

"Шаҳрвандони давлатҳое, ки дар замима ба Қоидаҳои мазкур нишон дода шудаанд, аз бақайдгирии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар мақомоти корҳои дохилӣ мутобиқи усули мутақобила ба мӯҳлатҳои дар замимаи номбурда пешбинигардида озод карда мешаванд".

2. Ба Қоидаҳо замимаи зерин илова карда шавад:

"Замима ба Қоидаҳои иқомати шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қоидаҳои убури транзитии шаҳрвандони хориҷӣ аз тариқи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Номгӯи давлатҳое, ки шаҳрвандони онҳо аз бақайдгирии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият дар мақомоти корҳои дохилӣ мутобиқи усули мутақобила озод карда мешаванд:

1. Ҷумҳурии Қирғизистон - 60 рӯз.".

3. Вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати _ татбиқи қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

аз 23 ноябри соли 2012, № 666

ш. Душанбе