Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ аз 30 майи соли 2012

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

ба Созишнома дар бораи таъсиси

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба

карантини растании давлатҳои

аъзои ИДМ аз 30 майи соли 2012

Замима

ба Созишнома дар бораи таъсиси

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба

карантини растании давлатҳои

аъзои ИДМ аз 30 майи соли 2012

Низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ

I. Муқаррароти умумӣ

1.1. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ (минбаъд - Шӯро) барои таъмини ташкилии ҳамкориҳои байни мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои аъзои Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ аз 30 майи соли 2012 (минбаъд - Созишнома) оид ба масъалаҳои пешгирии мутақобилаи ҳудудҳо аз воридкунӣ ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ (объектҳои карантинӣ) ҳангоми амалигардонии муносибатҳо ва инкишофи робитаҳои хоҷагиву тиҷоратӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои гузаронидани сиёсати мувофиқашуда дар соҳаи татбиқи талаботу чораҳои карантини фитосанитарӣ таъсис дода мешавад.

1.2. Шӯро дар фаъолияти худ Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин қарорҳое, ки дар доираи ИДМ қабул гардидаанд, Низомномаи умумӣ дар бораи мақомоти ҳамкории соҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Низомиомаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

1.3. Шӯро мақоми ҳамкории соҳавии ИДМ буда, фаъолияти худро дар доираи салоҳияти худ ба амал мебарорад ва ба Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои иқтисодии ИДМ ҳисобдиҳанда мебошад.

II. Самтҳои асосии фаъолияти Шӯро ва вазифаҳои он

2.1. Самтҳои асосии фаъолияти Шӯро инҳо мебошанд:

ҳамоҳангсозии фаъолияти муштараки мақомот ва ташкилотҳои давлатҳои аъзои Созишнома, ки вазифаҳои худро оид ба карантини растанӣ, ба манфиатҳои пешгирии мутақобилаи ҳудудҳо аз ворид ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ (объектҳои карантинӣ) ба амал мебароранд;

мусоидат ба мубодилаи иттилооти қонунгузорӣ, меъёрӣ, методӣ ва дигар иттилоот дар соҳаи карантини растанӣ, аз ҷумла:

...

Приложение

к Соглашению о создании

Координационного совета по

карантину растений государств-

участников СНГ

от 30 мая 2012 года

Приложение

к Соглашению о создании

Координационного совета по

карантину растений государств-

участников СНГ

от 30 мая 2012 года

ПОЛОЖЕНИЕ

о Координационном совете по карантину растений государств - участников СНГ

I. Общие положения

1.1. Координационный совет по карантину растений государствучастников СНГ (далее - Совет) создается для организационного обеспечения сотрудничества между органами и организациями государств - участников Соглашения о создании Координационного совета по карантину растений государств - участников СНГ от 30 мая 2012 года (далее - Соглашение) по вопросам взаимного предохранения территорий от заноса и распространения карантинных вредных организмов (карантинных объектов) при осуществлении контактов и развитии хозяйственных и торговых связей в рамках Содружества Независимых Государств, создания благоприятных условий для проведения согласованной политики в области применения карантинных фитосанитарных требований и мер.

1.2. Совет в своей деятельности руководствуется Уставом Содружества Независимых Государств, международными договорами, а также решениями, принятыми в рамках СНГ, Общим положением об органах отраслевого сотрудничества Содружества Независимых Государств и настоящим Положением.

1.3. Совет является органом отраслевого сотрудничества СНГ, осуществляющим свою деятельность в пределах своих полномочий и подотчетным Совету глав правительств и Экономическому совету СНГ.

II. Основные направления деятельности Совета и его функции

2.1. Основными направлениями деятельности Совета являются:

...