Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 ноябри соли 2012, № 665
тасдиқ шудааст
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 22 ноябри соли 2012, № 665
тасдиқ шудааст
Созишнома дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ
Ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд,
дар асоси муқаррароти Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои давраи то соли 2020, ки бо Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 14 ноябри соли 2008 тасдиқ карда шудааст, Конвенсияи байналмилалӣ оид ба карантин ва ҳифзи растанӣ (Рим, соли 1951, дар таҳрири соли 1997) дар қисми амалигардонии сиёсати мувофиқашудаи аграрӣ, коркарди чораҳои муштарак оид ба баланд бардоштани амнияти озуқаворӣ, экологӣ ва назорати сифати озуқаворӣ, таъмини карантини растанӣ амал карда,
ба масъалаҳои пешгирии мутақобилаи ҳудудҳо аз ворид ва паҳншавии организмҳои зараррасони карантинӣ (объектҳои карантинӣ) ҳангоми амалигардонии муносибатҳо ва рушди робитаҳои хоҷагиву тиҷоратӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аҳамияти ҷиддӣ дода,
қоидаҳо ва принсипҳои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи карантини растанӣ, муқаррароти асосии Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантини растанӣ аз 13 ноябри соли 1992-ро ба назар гирифта,
бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои гузаронидани сиёсати мувофиқашуда дар соҳаи татбиқи талаботу чораҳои карантинӣ ва фитосанитарӣ
ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1
Тарафҳо Шӯрои ҳамоҳангсозиро оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ (минбаъд - Шӯро) таъсис медиҳанд.
Шӯро фаъолияти худро дар асоси Низомнома дар бораи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба карантини растании давлатҳои аъзои ИДМ, ки қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур мебошад, ба амал мебарорад.
...