Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аз 20 Ноябри Соли 2012, № 661 "Дар бораи идомаи татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.07.2014 № 437 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи идомаи татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2013, № 516)

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 январи соли 2014 то 31 декабри соли 2014 татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Норак, ноҳияҳои Фархор ва Ёвони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ҳисор ва Файзобод идома дода шуда, механизми мазкур ҳамчунин дар ноҳияҳои Рӯшон, Роштқалъа ва Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои Мӯъминобод, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон ва Панҷи вилояти Хатлон, шаҳрҳои Панҷакент, Конибодом ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд, ноҳияҳоя Рашт, Ҷиргатол, Тоҷикобод ва Тавилдара ҷорӣ карда шавад  (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2013, № 516).

2. Дар давраи татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат амали қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" ва аз 2 майи соли 2007, № 244 "Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд" дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии дар банди 1 қарори мазкур зикргардида боздошта шавад.

3. Котибони озоди комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ), ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии дар банди 1 қарори мазкур номбаршуда фаъолият менамуданд, дар давраи амали қарори мазкур ба ихтиёри Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дода шаванд.

4. Барои пардохти хароҷоти маъмурӣ ва ҳуҷҷатгузории механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи на зиёда аз 2 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳое, ки барои пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд, иҷозат дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.11.2013, № 516).

5. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки дар онҳо механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад, оид ба ҷараёни иҷрои қарори мазкур ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

6. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон "Амонатбонк" тартиби таъин ва пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоатро таҳия ва тасдиқ намоянд.

7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, № 586 "Дар бораи ҷорӣ намудани низоми таҷрибавии дастгирии унвонии иҷтимоӣ дар шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Ёвон" беэътибор дониста шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                             Эмомалӣ Раҳмон

аз 20 ноябри соли 2012, № 661

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи идомаи татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Аз 1 январи соли 2013 то 31 декабри соли 2014 татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва ноҳияи Айнии вилояти Суғд, шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Норак, ноҳияҳои Фархор ва Ёвони вилояти Хатлон, ноҳияҳои Ҳисор ва Файзобод идома дода шавад.

2. Дар давраи татбиқи механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат амали қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" ва аз 2 майи соли 2007, № 244 "Дар бораи пардохти кӯмакпулӣ ба оилаҳои камбизоат, ки кӯдаконашон дар мактабҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд" дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии дар банди 1 қарори мазкур зикргардида боздошта шавад.

3. Котибони озоди комиссияҳои ноҳиявӣ (шаҳрӣ), ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 379 "Дар бораи тақвияти кӯмакрасонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат" дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии дар банди 1 қарори мазкур номбаршуда фаъолият менамуданд, дар давраи амали қарори мазкур ба ихтиёри Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дода шаванд.

4. Барои пардохти хароҷоти маъмурӣ ва ҳуҷҷатгузории механизми таҷрибавии кӯмаки унвонии иҷтимоӣ ба Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи на зиёда аз 0,5 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳое, ки барои пардохти кӯмаки унвонии иҷтимоӣ пешбинӣ шудаанд, иҷозат дода шавад.