Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Шаҳристон
Мутобиқи моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба тағйир додани номи маҳалҳои аҳолинишини зерини ноҳияи Шаҳристон дастгирӣ карда шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Номи деҳот ва деҳаҳои зерини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд тағйир дода шаванд:
деҳоти "Янгикӯрғон" ба деҳоти "Бунҷикат"
деҳаи Муқур ба деҳаи Бакрободи деҳоти "Шаҳристон"
деҳаи Увоқ ба деҳаи Себзори деҳоти "Янгиқӯрғон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 ноябри соли 2012, № 624
ш. Душанбе
аз 2 ноябри соли 2012, № 624
ш. Душанбе
...