Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2012, № 620 "Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, стратегия, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон" ва бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат доир ба масъалаҳои ҷавонон инчунин фароҳам овардани шароити иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилӣ барои рушди иҷтимоии ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 муайян гашта, ҳамзамон вазифадор карда шавад, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати татбиқи Барномаи мазкур дар доираи маблағҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ андешад.

3. Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар асоси Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии ҷавононро таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраргардида маблағгузории онро таъмин намоянд.

4. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои амалишавии Барнома ҳар сол то моҳи декабр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод намояд.

5. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, № 561 "Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 208 "Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                    Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 ноябри соли 2012, № 620

ш. Душанбе