Замима
ба Созишномаи оид ба
Шӯрои туризми давлатҳои аъзои
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
аз 30 майи соли 2012
Низомнома оид ба Шӯрои туризми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
I. Муқаррароти умумӣ
1.1 Шӯро оид ба туризми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд Шӯро) бо мақсади татбиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм аз 23 декабри соли 1993 (минбаъд Созишнома), вусъат ва таҳкими робитаҳои байналмилалии туристии давлатҳои аъзои ИДМ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсис дода шудааст.
Шӯро мақоми ҳамкории байнисоҳавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи туризм буда, ҳадафи он ташкил ва ҳамоҳангсозии иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои сарони кишварҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои иқтисодии ИДМ мебошад.
1.2 Вазифаи асосии Шӯро мусоидат ба рушди ҳамкории мутақобилан судманд ва баробарҳуқуқ дар соҳаи туризм байни мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои туристии миллӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва дигар мебошад.
1.3 Шӯро дар фаъолияти худ Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва шартномаю қарорҳоеро, ки дар доираи Иттиҳод ва Низомномаи мазкур қабул шудаанд, ба роҳбарӣ қабул мегирад.
Шӯро доир ба фаъолияти худ ба Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ҳисоботдиҳанда мебошад.
Шӯро фаъолияти худро дар асоси нақшаҳои таҳия ва тасдиқшудаи хеш ташкил менамояд.
1.4 Шӯро бо Кумитаи иҷроияи ИДМ, дигар мақомотҳои Иттиҳод ва дар ҳолати зарурӣ бо котиботи ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин мақомотҳои ҳокимияти давлатии давлатҳои аъзои ИДМ ҳамгироӣ мекунад.
Шӯро ҳамасола ба Кумитаи иҷроияи ИДМ оид ба фаъолияти худ ахборот пешниҳод менамояд.
1.5 Ҳисобот оид ба фаъолияти Шӯро бо тартиби муқарраргардида дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони Ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои иқтисодии ИДМ, Шӯрои намояндаҳои ваколатдори доимии давлатҳои аъзои Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигари Иттиҳод, инчунин Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ, баррасӣ мегардад.
1.6 Шӯро аз ҷумлаи роҳбарияти мақомоти ҳокимияти давлатии соҳаи туризми давлатҳои аъзои ИДМ, ташаккул меёбад. Дар сурати ба ҷаласаи Шӯро равон кардани шахсе, ки аъзои Шӯроро иваз менамояд, ваколатҳои ӯ бояд тасдиқ карда шаванд. Ба ҳайати Шӯро бо ҳуқуқи овоз дар ҷаласа метавонанд роҳбари котиботи Шӯро ва намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ, ворид шаванд.
Ба ҳайати Шӯро дар асоси шартномаҳои дахлдор метавонанд намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии соҳаи туризми давлатҳое, ки аъзои ИДМ намебошанд, вале мақсад ва вазифаҳои Шӯроро ҷонибдорӣ менамоянд, бо ҳуқуқи овоз дар ҷаласа ворид шаванд.
II. Вазифаҳои Шӯро
Шӯро дар доираи салоҳияти худ функсияҳои зеринро иҷро менамоянд:
2.1 Омӯзиши тамоюл ва таваққӯи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм дар байни мақомотҳои давлатӣ, ташкилотҳои туристии миллӣ, минтақавӣ, байналмилалӣ ва дигарҳо.
2.2 Таҳлили рафти татбиқи Созишнома, дигар шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм, таҳия ва амалисозии барномаҳои муштарак оид ба рушди туризм.
2.3 Мусоидат ба таҳия ва татбиқи барномаҳои милли оид ба рушди туризм.
2.4 Мусоидат ба ҳамкории байнидавлатӣ дар ҷодаи омодасозии кадрҳои илмӣ ва илмию омузгорӣ, мубодила ва таҳлили тахассуси мутахассисони соҳаи туризм.
2.5 Мусоидат оид ба ҷалби сармоя барои рушди туризм бо мақсади таъсиси инфрасохтори туристӣ ва хизматрасонии босифат дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ.
III. Ҳуқуқҳои Шӯро
Барои татбиқи фаъолияти худ Шӯро ҳуқуқ дорад:
3.1 Аз мақомотҳои давлатҳои аъзои ИДМ талаб намудани маълумоте, ки барои иҷрои вазифа ва қарорҳои қабулнамудаи Шӯро зарур мебошад.
3.2 Дар ҳолати зарурӣ аз ҳисоби аъзои Шӯро бо ҷалби мутахассисон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои фаъолияти Шӯро ва татбиқи Созишнома комиссия ва гурӯхҳои корӣ таъсис диҳад.
3.3 Шӯро дар доираи салоҳияти худ қарор ва тавсияҳоро қабул намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ ба тартиби муқарраргардида ба баррасии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳод манзур менамояд.
IV. Ташкил ва тартиби кори Шӯро
4.1 Ҷаласаҳои Шӯро ва аз рӯи зарурат на камтар аз 1 маротиба дар як сол баргузор гашта, дар сурати иштироки на камтар аз нисфи аъзоёни Шӯро салоҳиятнок дониста мешаванд.
Макони баргузории ҷаласаи навбатӣ бо мувофиқаи пешакии аъзои Шӯро муайян мешавад.
Ҷаласаи ғайринавбатии Шӯро метавонад бо ташаббуси даъвати ҳар як давлати аъзои ИДМ баргузор гардад.
4.2 Роҳбарии Шӯро бо навбат аз ҷониби ҳар як давлати аъзои ИДМ дар шахсияти намояндаи он, бо тартиби номҳои давлатҳои аъзои ИДМ, аз рӯи алифбои русӣ чун қоида давоми сол амалӣ карда мешавад.
Роҳбарони собиқ ва ояндаи Шӯро, ҳамраисони роҳбари Шӯро маҳсуб меёбанд. Дар ҳолати муваққатан ҳузур надоштани роҳбари Шӯро, вазифаҳои ӯ ба яке аз ҳамраисон вогузор карда мешаванд.
4.3 Роҳбар фаъолияти Шӯроро ташкил намуда, Шӯроро дар ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва дигар мақомоти Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил марбут ба масъалаҳои фаъолияти Шӯро муаррифӣ менамояд.
4.4 Қарорҳои Шӯро бо овоздиҳии оддии аксарияти аъзои дар ҷаласа ҳузурдошта, қабул карда мешаванд. Аъзои Шӯрое, ки бо қарори он розӣ нест, метавонад ақидаи махсуси худро изҳор намояд ва он ба протоколи ҷаласа ворид карда мешавад. Қарорҳои Шӯро хусусияти тавсиявӣ доранд.
4.5 Бо қарори Шӯро дар ҷаласаҳои он метавонанд намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои миллии туристӣ ва Ассотсиатсияҳои манфиатдори давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ҳамчун нозир иштирок намоянд.
4.6 Таъминоти ташкилию техникӣ ва иттилоотии фаъолияти Шӯро аз ҷониби Котиботи он амалӣ карда мешавад.
Функсияҳои Котибот ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи туризм, ки роҳбари он Раисии Шӯроро ба ӯҳда дорад, дар якҷоягӣ бо воҳиди сохтории Кумитаи иҷроияи ИДМ вогузор карда мешавад.
Роҳбари Котиботи Шӯро намояндаи мақомоти ҳокимияти давлатии кишваре, ки раисикунандаи Шӯро буда, муовини роҳбари Котибот - намояндаи Кумитаи иҷроияи ИДМ мебошад.
4.7 Хароҷотҳои марбут ба баргузории ҷаласаҳои Шӯро аз ҳисоби мақомотҳои дахлдори ҳокимияти давлатие, ки давлати аъзои ИДМ-ро қабул мекунанд, амалӣ мешаванд. Хароҷотҳо оид ба сафари хизматӣ равон кардани аъзои Шӯро ва иштирокчиёни ҷаласаҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои равонкунандаи давлати аъзои ИДМ ба ӯҳда гирифта мешаванд.
Приложение к
Соглашению о Совете по туризму
государств-участников
Содружества Независимых Государств
от 30 мая 2012 года
ПОЛОЖЕНИЕ о Совете по туризму государств — участников Содружества Независимых Государств
I. Общие положения
1.1. Совет по туризму государств - участников Содружества Независимых Государств (далее - Совет) создан в целях реализации Соглашения о сотрудничестве в области туризма от 23 декабря 1993 года (далее - Соглашение), расширения и укрепления международных туристских связей государств - участников СНГ и мирового сообщества.
Совет является органом отраслевого сотрудничества СНГ в области туризма и призван организовывать и координировать исполнение решениЙ, принятых Советом глав государств, Советом глав правительств, Советом министров иностранных дел и Экономическим советом СНГ.
1.2. Основной задачей Совета является содействие развитию равноправного и взаимовыгодного сотрудничества в области туризма по линии государственных органов, национальных, региональных, международных и других туристских организаций.
1.3. Совет в своей деятельности руководствуется Уставом Содружества Независимых Государств, договорами и решенйями, принятыми в рамках Содружества, и настоящим Положением. Совет подотчетен в своей деятельности Совету глав правительств СНГ. Свою работу Совет организует на основе разработанных и утвержденных им планов.
1.4. Совет взаимодействует с Исполнительным комитетом СНГ, другими органами Содружества, при необходимости - с секретариатами международных организаций, а также органами государственной власти государств - участников СНГ.
1.5. Отчет о работе Совета рассматривается в установленном порядке на ниях Совета глав правительств, Совета министров иностранных дел, мического совета СНГ, Совета постоянных полномочных ?авителей государств - участников Содружества при уставных и других х Содружества, а также ?омиссии по экономическим вопросам при чическом совете СНГ. . .6. Совет формируется из руководителей органов государственной в области туризма государств - участников СНГ. При направлении на лие Совета лица, заменяющего члена Совета, его полномочия должны юдтверждены. В состав Совета с правом совещательного голоса могут ъ руководитель секретариата Совета, а также представитель яительного комитета СНГ. В состав Совета на основе соответствующих договоров могут входить авители органов государственной власти в области туризма государств, [яющихся участниками СНГ, разделяющих цели и задачи Совета, с I совещательного голоса.
II. Функции Совета
Совет в рамках своей компетенции выполняет следугощие функции:
2.1. Изучение тенденций и перспектив сотрудничества в области туризма инии государственных органов, иациональных, региональных, -шродных и других туристских организаций.
2.2. Анализ хода реализации Соглашения, других международных ров о сотрудничестве в области туризма, разработка и реализация гных программ развития туризма.
2.3. Содействие в разработке и реализации национальных программ по развитию туриз.ма.
2.4. Содействие межгосударственному сотрудничеству в области эвки научных и научно-педагогических кадров, обмена и повышения икации специалистов в области туризма.
2.5. Содействие в привлечении инвестиций для развития туризма в целях создания туристической инфраструктуры и качественного сервиса на основе народных стандартов.
III. Права Совета
Для осуществления своей деятельности Совет имеет право:
З.1.Запрашивать у соответствующих органов государствучастников СНГ информациго, необходимую для выполнения своих задач, а также информацию о выполнении решений Совета.
3.2. Создавать при необходимости комиссии и рабочие группы из числа членов Совета и привлеченных специалистов для решения вопросов деятельности Совета и реализации Соглашения.
3.3. Совет в пределах своей компетенции принимает решения и рекомендации, а в необходимых случаях вносит предложения в установленном порядке на рассмотрение Совета глав правительств СНГ.
IV. Организация и порядок работы Совета
4.1. Заседания Совета проводятся по мере необходимости, но не реже одного раза в год и признаются правомочными, если в них принимает участие не менее половины членов Совета.
Место проведения очередного заседания определяется по предварительной договоренности членов Совета.
Внеочередное заседание Совета может созываться по инициативе любого государства - участника СНГ.
4.2. Председательство в Совете осуществляется поочередно' каждым государством - участником СНГ в лице его представителя в порядке русского алфавита названий государств - участников СНГ, как правило, в течение одного года.
Предшествующий и последующий председатели Совета являются его сопредседателями. В случае временного отсутствия председателя Совета его обязанности возлагаются на одного из сопредседателей.
4.3. Председатель организует работу Совета, представляет Совет на заседаниях Совета глав государств, Совета глав правительств и других органов Содружества Независимых Государств по вопросам, связанным с деятельностью Совета.
4.4. Решения Совета принимаются простым большинством голосов его членов, присутствующих на заседании. Члены Совета, не согласные с его решением, могут выразить особое мнение, которое вносится в протокол заседания. Решения Совета имеют рекомендательный характер.
качестве наблюдателей представители заинтересованных министерств и ведомств, национальных туристских организации и ассоциации государствучастников СНГ, а также международных организаций.
4.6. Организационно-техническое и информационное обеспечение деятельности Совета осуществляется его секретариатом.
Функции секретариата возлагаготся на орган государственной власти в области туризма, руководитель которого председательствует в Совете, совместно со структурным подразделением Исполнительного комитета СНГ.
Руководителем секретариата Совета является представитель органа государственной власти государства, председательствующего в Совете, а заместителем руководителя секретариата - представитель Исполнительного комитета СНГ.
4.7. Расходы, связанные с финансированием проведения заседаний Совета, осуществляются за счет соответствующих органов государственной власти принимающего государства - участника СНГ. Расходы на командирование членов Совета и участников заседания осуществляются направляющими органами государственной власти и организациями государств - участников СНГ.
Ашхабад- 30.05.2012