Созишнома оид ба Шӯрои туризми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 30 майи соли 2012

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо Қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 ноябри соли 2012, № 617

тасдиқ шудааст

Созишнома оид ба Шӯрои туризми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

Ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки минбаъд Тарафҳо номида мешаванд, бо мақсади татбиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм аз 23-юми декабри соли 1993,

ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи туризм аҳамияти муҳим дода,

бо саъю кӯшиши ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо оид ба самтҳои асосии фаъолияти туристӣ,

бо дарки он, ки рушди чунин ҳамкориҳо манфиатбахши мардуми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад,

ба мувофиқаи зайл расиданд:

Моддаи 1

Тарафҳо ҷиҳати ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ дар соҳаи туризм Шӯрои туризми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (минбаъд дар матн - Шӯро)-ро аз ҳисоби роҳбарияти мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатии давлатҳои аъзои ИДМ таъсис медиҳанд.

Моддаи 2

Шӯро масъалаҳои асосиро баррасӣ намуда, самтҳои афзалиятнок ва шаклҳои ҳамкориро дар соҳаи туризм муайян месозад ва бо тартиби муқарраргардида ба баррасии Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ пешниҳодоте, ки ба ҳалли масъалаҳои мушаххас дар соҳаи туризм равона шудаанд, манзур менамояд.

Моддаи 3

Шӯро фаъолияти худро дар асоси Низомнома дар бораи Шӯрои туризми давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки қисми ҷудонопазири Созишномаи мазкур мебошад, амалӣ месозад.

Моддаи 4

Созишномаи мазкур ба ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд ва давлатҳояшон иштирокчии онҳо мебошанд, дахолат мекунад.

Моддаи 5

Бо ризоияти Тарафҳо ба Созишномаи мазкур тағйиру иловаҳое дароварда мешаванд, ки бо протоколи дахлдор ба расмият дароварда шуда, қисми ҷудонопазири он мебошанд.

Моддаи 6

Масъалаҳои баҳснок байни Тарафҳо, ки ҳангоми истифода ва тафсири Созишномаи мазкур ба вуҷуд меоянд, бо роҳи машварат ва гуфтушуниди Тарафҳои манфиатдор ва ё тавассути тартиби дигари мувофиқашудаи Тарафҳо, ҳаллу фасл мешаванд.

Моддаи 7

Созишномаи мазкур пас аз 30 рӯзи аз санаи гирифтани огоҳиномаи сеюм аз ҷониби маҳфуздоранда оид ба иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ аз тарафи имзокунандагони он, ки барои мавриди амал қарор додани он зарур аст, эътибор пайдо мекунад.

Барои Тарафҳое, ки расмиёти дохилидавлатиро дертар иҷро кардаанд, Созишномаи мазкур пас аз 30 рӯз аз санаи гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор аз ҷониби маҳфуздоранда, эътибор пайдо мекунад.

Моддаи 8

Созишномаи мазкур пас аз мавриди амал қарор гирифтанаш барои ҳамроҳшавии ҳар кадом давлат бо роҳи пешниҳоди ҳуҷҷат ба маҳфуздоранда дар бораи ҳамроҳшавӣ, кушода аст.

Барои давлати аъзои ИДМ Созишномаи мазкур пас аз 30 рӯз аз санаи гирифтани ҳуҷҷат аз ҷониби маҳфуздоранда дар бораи ҳамроҳшавӣ, мавриди амал қарор мегирад.

Барои давлате, ки иштирокчии ИДМ маҳсуб намеёбад Созишномаи мазкур пас аз 30 рӯз аз санаи лаҳзаи гирифтани огоҳиномаи охирин аз ҷониби маҳфуздоранда дар бораи розигии имзокунандагони он ва ё давлатҳои ба он ҳамроҳшаванда, мавриди амал қарор мегирад.

Моддаи 9

Созишномаи мазкур ба мӯҳлати номуайян баста мешавад. Ҳар яке аз Тарафҳо ҳақ дорад, ки бо ирсоли огоҳиномаи хаттӣ ба маҳфуздоранда оид ба азми худ дар мӯҳлати на дертар аз 6 моҳ пеш аз баромадан ва бо танзими ӯҳдадориҳои молиявӣ ва дигаре, ки дар вақти амали Созишнома ба вуҷуд омадаанд, аз ҳамин Созишнома барояд.

Дар шаҳри Ашқобод 30 майи соли 2012 дар як нусхаи аслӣ бо забони русӣ иҷро гаштааст. Нусхаи аслӣ дар Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нигоҳ дошта мешавад, ки ба ҳар кадом давлати имзокунандаи Созишномаи мазкур нусхаи тасдиқшудаи онро ирсол менамояд. 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Озарбойҷон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Арманистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Беларус

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Қазоқистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Қирғизистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Молдова

Аз тарафи Ҳукумати

Федератсияи Россия

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Туркманистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Ҷумҳурии Узбекистон

 

Аз тарафи Ҳукумати

Украина

СОГЛАШЕНИЕ о Совете по туризму государств - участников Содружества Независимых Государств

Правительства государств - участников Содружества Независимых Государств, именуемые в дальнейшем Сторонами, в целях реализации Соглашения о сотрудничестве в области туризма от 23 декабря 1993 года,

придавая большое значение дальнейшему развитию сотрудничества в области туризма,

стремясь к координацин взаимодействия по основным направлениям туристской деятельности,

осознавая, что развитие такого сотрудничества отвечает интересам народов государств - участников Содружества Независимых Государств, согласились о нижеследующем:

Статья 1

Стороны для координации сотрудничества в области туризма создают Совет по туризму государств - участников Содружества Независимых Государств (далее - Совет) из руководителей соответствующих органов государственной власти государств-участников СНГ.

Статья 2

Совет рассматривает концептуальные вопросы, определяет приоритетные направления и формы сотрудничества в области туризма, вносит в установленном порядке на рассмотрение Совета глав правительств СНГ предложения, направленные на решение конкретных задач в области туризма.

Статья 3

Совет осуществляет свого деятельность на основе Положения о Совете по туризму государств - участников Содружества Независимых Государств, которое является неотъемлемой частью настоящего Соглашения.

Статья 4

Настоящее Соглашение не затрагивает прав и обязательств каждой из Сторон, вытекающих для нее из других международных договоров, участником которых является ее государство.

Статья 5

По согласию Сторон в настоящее Соглашение могут быть внесены нзменения и дополнения, являющиеся его неотъемлемой частью, которые оформляются соответствующим протоколом.

Статья 6

Спорные вопросы между Сторонами, возникающие при применении и толковании настоящего Соглашения, решаются путем консультаций и переговоров заинтересованных Сторон или посредством другой согласованной Сторонами процедуры.

Статья 7

Настоящее Соглашение вступает в силу по истечении 30 дней с даты получения депозитарием третьего уведомления о выполнении подписавшими его Сторонами внутригосударственных процедур, необходимых для его вступления в силу.

Для Сторон, выполнивших внутригосударственные процедуры позднее, настоящее Соглашение вступает в силу по истечении 30 дней с даты получения депозитарием соответствующих документов.

Статья 8

Настоящее Соглашение после его вступления в силу открыто для присоединения любого государства путем передачи депозитарию документа о присоединении.

Для государства - участника СНГ настоящее Соглашение вступает в силу по истечении 30 дней с даты получения депозитарием документа о присоединеиии.

Для государства, не являющегося участником СНГ, настоящее Соглашение вступает в силу по истечении 30 дней с даты получения депозитарием последнего уведомления о согласии подписавших его или присоединившихся к нему государств на такое присоединение.

Статья 9

Настоящее Соглашение заключается на неопределенный срок. Каждая из Сторон вправе выйти из настоящего Соглашения, направив депозитарию письменное уведомление о таком своем намереник не позднее чем за 6 месяцев до выхода и урегулировав финансовые и иные обязательства, возникшие за. время действия Соглашения.

Совершено в городе Ашхабаде 30 мая 2012 года в одном подлинном экземпляре на русском языке. Подлинный экземпляр хранится в Исполнительном комитете Содружества Независимых Государств, который направит каждому государству, подписавшему настоящее Соглашение, его заверенную копию.

За Правительство Азербайджанской Республики

 

За Правительство Республик Армения

 

За Правительство Республики Веларусь

 

За Правительство Республики Казахстан

 

За Правительство Кыргызскон Ресрублики

 

За Республим Молдова

За Правительство Российской Федерации

 

За Правительство Республики Таджикистан

 

Правительство Туркменистана

 

За Правительство Республики Узбекистан

 

За Правительство Украины