Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара"
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара" таъсис дода шавад.
2. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Данғара дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи соҳаи тандурустӣ ва воҳидҳои кории амалкунанда масъалаҳои ташкилию ҳуқукии Муассисаи давлатии "Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара"-ро ҳал намояд.
3. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 603 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл ворид карда шавад:
"Муассисаи давлатии "Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 12 октябри соли 2012, № 575
ш. Душанбе