Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2012, № 555 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 485"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 485

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Оинномаи Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 485 "Дар бораи Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:

Дар банди 5:

- аз сархати якум калимаҳои "таъсиррасонии фаъол ба ҷараёни метеорологӣ ва дигар ҷараёнҳои геофизикӣ" хориҷ карда шаванд;

- сархатҳои сенздаҳум ва чордаҳум хориҷ карда шаванд;

- аз сархати понздаҳум калимаҳои "таъсиррасонии фаъол ба равандҳои ҳавошиносӣ" хориҷ карда шаванд.

Дар банди 6:

- аз сархати дуюм калимаҳои "ва ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз боридани жола" хориҷ карда шаванд;

- сархати ҳафтум хориҷ карда шавад;

- аз сархати сенздаҳум калимаи "радиолокаторҳо" хориҷ карда шавад;

- аз сархати чордаҳум калимаҳои "таъминоти озуқаи кормандони дастаҳо ва гурӯҳҳо дар давраи корҳои мавсимӣ" хориҷ карда шаванд.

Дар банди 7:

- сархатҳои сеюм ва ҳафтум хориҷ карда шаванд;

- аз сархати сенздаҳум калимаҳои "ва маълумоти радиолокатсионӣ" хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 2 октябри соли 2012, № 555

ш. Душанбе