Тартиби ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологӣ аз 2 октябри соли 2012, № 542

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2012,

№ 542 тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 октябри соли 2012,

№ 542 тасдиқ шудааст

ТАРТИБИ ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологӣ дар асоси талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттилооти экологӣ" таҳия карда шуда, раванди ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологиро, ки ба ӯҳдаи мақомоти давлатии идоракунӣ, ташкилотҳои давлатӣ, корхонаҳои тиҷоратӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ гузошта шудааст, ба танзим медарорад.

2. Ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологиро Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) амалӣ месозад.

3. Кумита ҷиҳати ҷамъоварии марказонидашуда, баҳисобгирӣ, маҳфуз доштан ва истифодаи иттилооти экологӣ тадбирҳоро таҳия ва амалӣ мегардонад.

4. Иттилооте, ки ба Кумита пешниҳод мегардад, расман қабул гардида, ба қайд ва ҳисоб гирифта мешавад, инчунин шабакабандӣ гардида, барои пешниҳод ба мақомот ва ташкилоти дахлдор, истифода аз ҷониби зерсохторҳои он омода карда мешавад.

2. Ташаккули захираҳои давлатии иттилооти экологӣ

5. Захираҳои иттилооти экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон захираҳои иттилооти давлатӣ буда, бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини мубодилаи иттилоот байни мақомот ташаккул дода мешавад.

6. Захираҳои иттилооти экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иттилооте, ки дар шабакаҳои иттилоотии экологӣ мавҷуд аст, инчунин ҳуҷҷатҳо ва маълумот дар бораи ҳифзи табиат ташаккул меёбанд.

7. Захираҳои давлатии иттилооти экологӣ аз мавод ва ҳуҷҷатҳои зерин иборатанд:

...

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 2 октября 2012 года, № 542

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 2 октября 2012 года, № 542

ПОРЯДОК

формирования и ведения государственных экологических информационных ресурсов

1. Общие положения

1. Порядок формирования и ведения государственных экологических информационных ресурсов разработан на основании требований статьи 6 Закона Республики Таджикистан "Об экологической информации" и регулирует процесс формирования и ведения государственных экологических информационных ресурсов, возложенных на государственные органы управления, государственные организации, коммерческие предприятия, общественные объединения и физические лица.

2. Формирование и ведение государственных экологических и информационных ресурсов осуществляется Комитетом по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Комитет).

3. Комитет разрабатывает и осуществляет меры по централизованному сбору, учету, хранению и использованию экологической информации.

4. Информация, направляемая в Комитет, проходит официальную приемку, регистрацию, учет, а также систематизацию и подготовку к представлению соответствующим органам и организациям и использованию соответствующими его подразделениями.

2. Формирование государственных экологических информационных ресурсов

5. Экологические информационные ресурсы Республики Таджикистан являются государственными информационными ресурсами и формируются с целью реализации государственной политики в области охраны окружающей среды, обеспечения обмена информацией между органами.

6. Экологические информационные ресурсы Республики Таджикистан формируются в соответствии с законодательством Республики Таджикистан на основе информации, содержащейся в экологических информационных системах, а также иных природоохранных сведений и документов.

...