Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 485
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Оинномаи Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008, № 485 "Дар бораи Муассисаи давлатии обуҳавошиносӣ" тасдиқ шудааст, тағйироти зерин ворид карда шавад:
Дар банди 5:
- аз сархати якум калимаҳои "таъсиррасонии фаъол ба ҷараёни метеорологӣ ва дигар ҷараёнҳои геофизикӣ" хориҷ карда шаванд;
- сархатҳои сенздаҳум ва чордаҳум хориҷ карда шаванд;
- аз сархати понздаҳум калимаҳои "таъсиррасонии фаъол ба равандҳои ҳавошиносӣ" хориҷ карда шаванд.
Дар банди 6:
- аз сархати дуюм калимаҳои "ва ҳифзи зироатҳои кишоварзӣ аз боридани жола" хориҷ карда шаванд;
- сархати ҳафтум хориҷ карда шавад;
- аз сархати сенздаҳум калимаи "радиолокаторҳо" хориҷ карда шавад;
- аз сархати чордаҳум калимаҳои "таъминоти озуқаи кормандони дастаҳо ва гурӯҳҳо дар давраи корҳои мавсимӣ" хориҷ карда шаванд.
Дар банди 7:
- сархатҳои сеюм ва ҳафтум хориҷ карда шаванд;
- аз сархати сенздаҳум калимаҳои "ва маълумоти радиолокатсионӣ" хориҷ карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 2 октябри соли 2012, № 555
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2008 года, №485
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
В Уставе Государственного учреждения по гидрометеорологии Комитета по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 октября 2008 года, №485 "О Государственном учреждении по гидрометеорологии" внести следующие изменения:
В пункте 5:
- из абзаца первого исключить слова "активного воздействия на метеорологические и другие геофизические процессы";
- абзац тринадцатый и абзац четырнадцатый исключить;
- из абзаца пятнадцатого исключить слова "активных воздействий на метеорологические процессы".
В пункте 6: из абзаца второго исключить слова "и защита сельскохозяйственных угодий от градобития";
- абзац седьмой исключить;
- из абзаца тринадцатого исключить слово "радиолокаторов";
- из абзаца четырнадцатого исключить слова "пайковым довольствием работников отрядов и групп в период сезонных работ".
В пункте 7:
- абзацы третий и седьмой исключить;
из абзаца 14 исключить слова "и радиолокационных наблюдений".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 2 октября 2012 года, №555