ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи масъалаҳои таъмини фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 16.12.2010 № 969, аз 28.09.2012 № 1356, аз 15.09.2016 № 756, аз 29.04.2023 № 555, аз 24.07.2026 № 1196)
Бинобар таъсисёбии мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таъмини шароитҳои зарурии фаъолияти он, мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам ():
1. Шумораи ниҳоии кормандони мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон 43 воҳиди корӣ (бе дар назар доштани ҳайати хизматрасон), аз ҷумла шумораи кормандони дастгоҳи марказӣ 37 воҳиди корӣ муқаррар карда шавад (№ 1196).
2. хориҷ карда шуд ()
3. Маблағгузории мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад ().
4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ҷудо намудани маблағҳо ва таъминоти дигари моддию техникии мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро амалӣ намояд ();
- ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ вобаста ба таъсисёбии мақоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар мӯҳлати ду моҳ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид намояд ().
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
...