Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 2012, № 1151 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

Мувофиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади такмили сохтори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  фармон  медиҳам:

1) Банди 2 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2008, №450 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Бандҳои 10, 11, 12, 13, 14 ва 15 мутобиқан бандҳои 11, 12, 13, 14, 15 ва 16 ҳисоб карда шаванд.".

2) Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, №143 "Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

-дар банди 4 рақамҳои "575" ва "241" мутаносибан ба рақамҳои "587" ва "253" иваз карда шаванд;

-ба сохтори Дастгоҳи марказии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 14 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"14. Шӯъбаи чорабиниҳои техникӣ".

Бандҳои 14-16 мутобиқан бандҳои 15-17 ҳисобида шаванд.

3) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо намудани маблағҳоро барои хароҷоти нигоҳдории воҳидҳои иловагии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ва дар солҳои минбаъда аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ намояд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе ,

18 октябри соли 2011, № 1151