Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Оид ба ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №590
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 590 "Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"2. Шумораи ниҳоии кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 110 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), аз ҷумла дастгоҳи марказӣ ба миқдори 90 воҳид (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шуда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда шавад."
2. Ба Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №135 тасдиқ шудааст:
- сархати шашум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ";
- сархатҳои ҳаштум, нӯҳум ва дувоздаҳум хориҷ карда шуда, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Шӯъбаи маҷмӯӣ ва иттилоот".
3. Сархати сеюми Нақшаи идоракунии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №590 тасдиқ шудааст, хориҷ карда шавад.
Раиси
Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 13 сентябри соли 2012, № 488
ш. Душанбе