Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 сентябри соли 2012, № 486 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №618"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №618

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон қарор мекунад:

Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №618 "Дар бораи Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:

- дар банди 2 рақамҳои "55", "13" ва "42" мутаносибан ба рақамҳои "48", "12" ва "36" иваз карда шаванд;

- дар банди 5 рақамҳои "42" ва "13" мутаносибан ба рақамҳои "39" ва "9" иваз карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 13 сентябри соли 2012, № 486

 ш. Душанбе