Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 600
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №600 "Дар бораи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 2 қарор рақамҳои "1038" ва "94" мутаносибан ба рақамҳои "1599" ва "84" иваз карда шаванд.
2. Дар Низомномаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №600 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
а) дар банди 1 пас аз калимаи "буда" калимаҳои "таҳия ва" илова карда шуда, калимаи "муҳоҷират" ба калимаҳои "муҳоҷирати дохилӣ (ихтиёрӣ) ва экологӣ" иваз карда шаванд;
б)дар банди 5:
- сархати дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"-тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои зеринро дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият амалӣ менамояд:".
- сархати сеюми зербанди "г" дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"-таъин, бозҳисобӣ, пардохти нафақаҳо ва кӯмакпулиҳои давлатии иҷтимоӣ, назорати дурустӣ ва роҳбарии методии онҳоро анҷом медиҳад";
- сархати нав бо мазмуни зерин илова карда шавад:
"- махзани маълумотро оид ба нафақахӯрон таъсис медиҳад ва амалӣ менамояд".
3. Дар сохтори дастгоҳи марказии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Точикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №600 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- сархати шашум хориҷ карда шавад;
- сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Шӯъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робита бо ҷомеа".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2012, № 472
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №600
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
В постановление Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №600 "О Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:
1. В пункте 2 постановления цифры "1038" и "94" заменить соответственно цифрами "1599" и "84".
2. В Положение Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утверждённое постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №600 внести следующие изменения и дополнения:
а) пункт 1 после слова "осуществляющим" дополнить словами "разработку и", а слово "миграции" заменить словами "внутренней (добровольной) и экологической миграции";
б) в пункте 5:
- абзац второй изложить в следующей редакции:
"-в соответствии и во исполнение Конституции Республики Таджикистан, законов Республики Таджикистан, решений Президента Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан в установленной сфере деятельности осуществляет следующие задачи:".
- абзац третий подпункт "г" изложить в следующей редакции:
"- осуществляет назначение, перерасчёт и выплату пенсий и государственных социальных пособий, контроль за их правильностью и методическое руководство"; - дополнить новым абзацем следующего содержания:
"- создаёт и ведет базу данных по пенсионерам ".
3. В структуру центрального аппарата Министерства труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утвержденную постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №600 внести следующие изменения и дополнения:
- абзац шестой исключить;
- дополнить новым абзацем следующего содержания:
"Отдел международных отношений и связей с общественностью".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 31 августа 2012 года, № 472