Дар бораи ворид намудани тағйиру илова ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №588 "Дар бораи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаи "минтақавии" ба калимаи "идоракунии" ва рақамҳои "1551" ва "275" мутаносибан ба рақамҳои "1471" ва "255" иваз карда шаванд.
2. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №309 "Дар бораи Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон":
- дар банди 2 рақами "76" ба рақами "70" иваз карда шавад;
- дар сохтори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 2008, №309 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Шӯъба оид ба намоишгоҳи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 августи соли 2012, № 469
ш. Душанбе