Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2012,
№ 456
НИЗОМНОМАИ Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2013 № 169, аз 30.04.2016 № 180, аз 27.11.2019 № 604)
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - "Кумита") мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии пардохти пурра ва саривақтии андозҳо мебошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонидани андозҳоро ба ваколати мақомоти дигар вогузор намудааст.
2. Кумита дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад .
3. Функсияҳои асосии Кумита ин таъмини иҷро ва риоя намудани қонунгузории андоз, таҳияи механизмҳои маъмурияти андоз бо мақсади таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи андозҳо ба буҷетҳои дахлдор, иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои андозбандӣ, аз ҷумла шартномаҳо бо дигар давлатҳо, ба андозсупорандагон тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшон ва сари вақт огоҳ намудани андозсупорандагон оид ба тағйирот дар қонунгузории андоз мебошад.
4. Системаи ягонаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро Дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумита ташкил менамоянд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
5. Кумита татбиқи амалии функсияҳои мақомоти андозро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, роҳбарии системаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда мебошад.
6. Кумита фаъолияти худро бевосита ё тавассути мақомоти ҳудудии худ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо амалӣ менамояд.
2. ВАКОЛАТҲОИ КУМИТА
7. Кумита дар соҳаи фаъолияташ тибқи тартиби муқарраршуда ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
а) лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба масъалаҳои пешбининамудаи банди 1 Низомномаи мазкур барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
б) ҷиҳати иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи муқарраршудаи фаъолиятро, ки ба салоҳияти Кумита мансуб мебошанд, таҳия ва қабул менамояд ;
в) фаъолияти мақомоти ҳудудии андозро доир ба иҷрои функсияҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда ташкил ва ҳамоҳанг менамояд;
г) шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷиро ба қайди давлатӣ мегирад, пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ ва дастрас будани маълумоти онро таъмин менамояд;
д) аз рӯи дуруст ҳисоб намудан, пурра ва сари вақт ба буҷети дахлдор аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид намудани андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмиро назорат менамояд;
е) назорати риояи талабот ба таҷҳизоти назоратӣ - хазинавӣ, тартибу шартҳои бақайдгирӣ ва истифодаи онҳоро амалӣ менамояд;
ж) пломбагузорӣ ва (ё) васл намудани таҷҳизоти назоратии ҳисобкуниро ба амал мебарорад;
з) таҷҳизоти назоратӣ - хазинавиро, ки андозсупорандагон истифода менамоянд, ба қайд мегирад;
и) барои ташкили анборҳои андозӣ иҷозат медиҳад ва феҳристи онҳоро мебарад;
к) ба ҳар як андозсупоранда рақами мушаххас медиҳад ва Феҳристи ягонаи давлатии андозсупорандагон, аз ҷумла Феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашударо мебарад;
л) баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани маблағҳои зиёдатӣ пардохташуда ё зиёдатӣ ситонидашудаи андозҳо, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳоро амалӣ менамояд;
м) озмунҳо мегузаронад ва доир ба таҳияи фармоишот барои таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти системаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин гузаронидани корҳои илмӣтатқиқотӣ барои эҳтиёҷоти давлатии соҳаи муқарраршудаи фаъолият қарордодҳои давлатӣ мебандад;
н) татбиқи сиёсати давлатии соҳаи муқарраршудаи фаъолиятро таҳлил менамояд;
о) татбиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд;
п) якҷоя бо мақомоти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда назорати асъорро ба амал мебарорад;
р) функсияҳои гиранда ва тақсимкунандаи асосии маблағҳои буҷети ҷумҳуриявиро, ки барои нигоҳ доштани системаи мақомоти андоз ва татбиқи функсияҳои ба зиммаи Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз гузошташуда пешбинӣ шудаанд, иҷро менамояд;
с) қабули шаҳрвандонро ба роҳ мемонад, баррасии саривақтӣ ва пурраи муроҷиатҳои шифоҳӣ ва хаттии шаҳрвандон ва андозсупорандагон, доир ба онҳо қабул гаштани қарорҳо ва дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонунгузории Тоҷикистон ба дархосткунандагон ҷавоб ирсол намуданро таъмин менамояд;
т) дар доираи салоҳияти худ ҳифзи маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ, андоз ё давлатиро таъмин менамояд;
у) тайёрии мобилизатсионӣ, инчунин назорат ва ҳамоҳангсозии мақомоти ҳудудии андозро доир ба тайёрии мобилизатсионӣ таъмин менамояд;
ф) тайёрии касбии кормандони системаи мақомоти андоз, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва коромӯзии онҳоро ташкил менамояд;
х) бо мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар соҳаи муқарраршуда ҳамкорӣ менамояд;
ч) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳоро оид ба ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, ба ҳисоб гирифтан ва истифода кардани ҳуҷҷатҳои бойгонӣ, ки дар рафти фаъолияти Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз ба вуҷуд омадаанд, анҷом медиҳад;
ш) аудити дохилиро оид ба мақсаднок ва самаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва мақомоти ҳудудии андоз ташкил менамояд;
э) дигар ваколатҳоеро, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.
8. Кумита бо мақсади татбиқи ваколатҳо дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият тибқи тартиби муқарраршуда ҳуқуқ дорад:
а) тадқиқот, озмоиш, ташхис, таҳлил ва баҳодиҳӣ, инчунин тадқиқоти илмии зарурӣ оид ба масъалаҳои идоракунӣ ва назорат дар соҳаи андозро гузаронад;
б) маълумотеро, ки барои қабул намудани қарорҳо ҷиҳати амалӣ намудани салоҳияти Кумита заруранд, дархост кунад ва гирад;
в) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои вобаста ба салоҳияти Кумита тавзеҳот диҳад;
г) фаъолияти мақомоти ҳудудии андоз ва ташкилотҳои системаи Кумитаро назорат намояд;
д) санҷишҳои андоз гузаронад;
е) ҳамаи самтҳои фаъолияти мақомоти ҳудудии андозро ҳамоҳанг созад ва роҳбарӣ намояд;
ж) бо мақсади таъмини саривақтӣ ва пурраи пардохти андозҳо ба буҷетҳои дахлдор тамоми тадбирҳои маъмурикунонии андозро андешад;
з) аз мақомоти ҳудудии андоз маълумоти барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммаи Кумита гузошташуда зарурро дархост кунад ва гирад;
и) фаъолият ва ташкили кори мақомоти андозро омӯзад ва таҳлил намояд, барои бартараф кардани норасоиҳо ва қонунвайронкуниҳо тадбирҳо андешад, инчунин ҳисоботи роҳбарони мақомоти андозро дар бораи ҳолати корҳои назоратӣ - иқтисодӣ шунавад, барои ташкили чунин корҳо ёрии методӣ ва амалӣ расонад ва таҷрибаи мусбии кори онҳоро паҳн намояд;
к) аз мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти андози давлатҳои хориҷӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумотеро, ки барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои ба зиммаи Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз гузошташуда зарур аст, дархост кунад ва гирад;
л) вобаста ба масъалаҳои иҷро кардани (накардани) қонунгузории андоз аз ҷониби андозсупорандагон ва (ё) агентҳои андоз, аз он ҷумла оид ба истифода бурдани чораҳои маҷбуран ситонидани андозҳо дар шакли боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳои андозсупорандагон дар ташкилотҳои бонкӣ ва молиявию қарзӣ, ҳабси молу мулки андозсупорандагон ва аз ҳисобҳои бонкии андозсупорандагон ва дебиторҳои онҳо ситонидани маблағҳои пулӣ чораҳо андешад;
м) тадбирҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки хусусияти маҳдудкунанда ва пешгирикунанда доранд, инчунин санксияҳоеро, ки бар зидди роҳ надодан ё бартараф намудани оқибатҳое, ки дар натиҷаи аз ҷониби шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ вайрон намудани талаботи ҳатмӣ, бо мақсади пешгирӣ намудани далелҳои вайрон кардани қонунгузории андоз равона шудаанд, андешад;
н) нисбати шахсони мансабдор, воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз муҷозоти андозӣ ва ҷаримаҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намояд;
о) мувофиқи тартиби муқарраргардида нишонаҳои тафриқа ва мукофотҳои идоравӣ муқаррар намояд ва кормандони мақомоти андозро барои дастовардҳои назаррас дар фаъолияти касбиашон бо онҳо мукофотонад;
п) барои ҳалли масъалаҳои соҳа ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намояд;
р) мақомоти ҳамоҳангсоз, машваратӣ ва экспертӣ, аз ҷумла байнисоҳавӣ (шӯроҳо, комиссияҳо, гурӯҳҳо, мушовараҳо) созмон диҳад;
с) барои нашри санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа эълонҳои расмӣ, ҷойгир намудани маводи дигар доир ба масъалаҳои мансуб ба салоҳияти Кумита, мувофиқи тартиби муқарраргардида воситаҳои чопии ахбори омма таъсис диҳад;
т) ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намояд.
9. Кумита ва мақомоти ҳудудии он ӯҳдадоранд:
а) Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои бо қонун ҳимояшавандаи корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликияташон, инчунин шаҳрвандонро риоя намоянд ;
б) татбиқи сиёсати давлатии андозро таъмин намоянд;
в) баҳисобгирии пурра ва саривақтии андозсупорандагон, аз ҷумла супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва объектҳои андозбандӣ, баҳисобгирии андозҳои ҳисобшуда, пардохтшуда ва бақияпулиҳо, назорати ҳисобкунии дуруст, пардохти пурра ва саривақтии андозҳоро ба буҷет таъмин намоянд;
г) оид ба воридоти андозҳо ба буҷет ҳисобот тартиб диҳанд, баҳисобгирӣ ва ҳисоботро оид ба маблағҳои имтиёзҳои додашудаи андоз аз рӯи гурӯҳҳои андозсупорандагон, намудҳои андозҳо ва имтиёзҳо, инчунин минтақаҳо таъмин намоянд;
д) муҷозоти молиявӣ ва дигар муҷозот, ҷаримаҳо ва фоизҳои пешбининамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намоянд ва сари вақт ситонанд;
е) мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ санҷиши андозсупорандагонро гузаронанд;
ж) ӯҳдадориҳои дигарро, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон гузоштаанд, иҷро намоянд.
10. Кумита ҳуқуқ надорад, дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият функсияҳои назорат ва идоракунии амволи давлатиро, ба ғайр аз ҳолатҳои бо қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршаванда татбиқ намояд.
11. Ҳангоми анҷом додани танзими ҳуқуқии соҳа Кумита ҳуқуқ надорад функсия ва ваколатҳоеро, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот пешбинӣ нанамудаанд, муқаррар намояд.
12. Кумита ҳуқуқ надорад, нисбат ба татбиқи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, ҳуқуқи ташкилотҳои ғайридавлатии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ маҳдудият муқаррар намояд, ба истиснои ҳолатҳое, ки имконпазирии муайян намудани чунин маҳдудиятҳо мустақиман дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тибқи асосҳо ва ҷиҳати иҷрои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидаанд, пешбинӣ шудаанд .
3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ КУМИТА
13. Ба Кумита Раис роҳбарӣ менамояд, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.
14. Раиси Кумита барои иҷрои ваколатҳо, функсияҳо, вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои дар соҳаи муқарраршудаи фаъолият ба зиммаи Кумита гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.
15. Раиси Кумита муовинҳо дорад, ки бо пешниҳоди Раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешаванд.
16. Раиси Кумита ваколатҳои зеринро дорад:
а) вазифаҳоро миёни муовинони худ ва кормандони дигари Кумита тақсим менамояд ва барои ташкил ва роҳбарии самтҳои дахлдори фаъолияти Кумита ва иҷрои ӯҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда дараҷаи масъулияти онҳоро муқаррар менамояд;
б) низомномаҳои мақомоти ҳудудии андоз (раёсатҳои андоз, нозиротҳои андоз) ва воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Кумитаро тасдиқ менамояд;
в) шумораи штатии мақомоти ҳудудии андозро дар доираи шумораи ниҳоии тасдиқшудаи кормандони системаи Кумита муқаррар менамояд;
г) кормандони дастгоҳи марказии Кумита, роҳбарони аввал ва дигар шахсони мансабдори мақомоти андозро мувофиқи номгӯи вазифаҳо, ки Раиси Кумита муқаррар намудааст, ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;
д) номзадии муовинони Раиси Кумита ва роҳбарони намояндагиҳои Кумита дар кишварҳои хориҷиро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
е) қабули кормандонро ба кор дар системаи мақомоти андоз дар асоси шартнома ва озмун ташкил менамояд, ҷойивазкунии кормандони роҳбарикунандаро дар системаи мақомоти андоз таъмин менамояд;
ж) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ масъалаҳои марбут ба хизмати давлатӣ дар системаи мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал менамояд;
з) дар доираи маблағгузории барои давраи дахлдор муқарраршуда, ки дар буҷети ҷумҳуриявӣ пешбинӣ шудааст, рӯйхати штатҳо ва сметаҳои хароҷоти нигоҳдории Дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти ҳудудии андозро тасдиқ менамояд;
и) дар бораи ба Низомномаи мазкур ворид намудани тағйиру иловаҳо, дар бораи шумораи ниҳоии штатии кормандон ва доир ба масъалаҳои ташкили фаъолияти Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
к) доир ба ташаккули буҷети ҷумҳуриявӣ дар қисми таъмини молиявии фаъолияти Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
л) дар бораи тасдиқи ҳайати шахсии аъзои мушовараи Кумита, ба истиснои шахсоне, ки ба он аз рӯи вазифа дохил мешаванд, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
м) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро доир ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Кумита тааллуқ доранд, пешниҳод менамояд;
н) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумита таклифҳо пешниҳод менамояд;
о) фармонҳо, қарорҳо, дастурамалҳо, тавсияҳои методӣ қабул ва иҷрои онҳоро назорат менамояд;
п) фармонҳо, дастурамалҳо ва супоришоти роҳбарони мақомоти поёнии андозро, ки ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф мебошанд, бекор менамояд;
р) ваколатҳои роҳбарони мақомоти ҳудудии андоз ва ташкилотҳои системаи Кумитаро оид ба мустақилона ҳал намудани масъалаҳои кадрҳо, молиявӣ ва масъалаҳои дигар муқаррар менамояд;
с) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯйхати кормандони Кумита ва мақомоти ҳудудии андозро барои сарфароз гардонидан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвонҳои фахрӣ пешниҳод менамояд;
т) кормандонро ҳавасманд менамояд, инчунин ба онҳо ҷазои интизомӣ медиҳад;
у) Кумитаро дар тамоми мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар намояндагӣ мекунад;
ф) дигар функсияҳо ва салоҳиятҳоеро, ки Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур муқаррар намудаанд, инчунин ваколатҳои дигари алоҳидаи аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ додашударо иҷро менамояд.
17. Воҳидҳои сохтории Кумита раёсатҳо (шӯъбаҳо) оид ба самтҳои асосии фаъолияти Кумита мебошанд. Ба ҳайати раёсатҳо шӯъбаҳо ва бахшҳо дохил мешаванд.
18. Дар Кумита хайати мушовара (коллегия) дар ҳайати Раиси Кумита (Раиси ҳайати мушовара), муовинони Раиси Кумита (аз рӯи вазифа), сардорони воҳидҳои алоҳидаи Дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз ташкил мешавад.
19. Аъзои ҳайати мушовара, ба истиснои ашхосе, ки ба он аз рӯи вазифа дохил мешаванд, бо пешниҳоди Раиси Кумита аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва аз ҳайати мушовара хориҷ карда мешаванд.
20. Ҳайати мушовара дар ҷаласаҳои худ масъалаҳои асосии ташкили кори мақомоти андозро оид ба такмили маъмурикунонии андоз, афзун гардонидани ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, масъалаҳои роҳбарии амалии фаъолияти мақомоти ҳудудии андоз ва масъалаҳои дигарро муҳокима менамояд.
21. Қарорҳои ҳайати мушовара бо аксари овозҳои аъзои он қабул карда мешаванд ва бо протоколҳо ба расмият дароварда шуда, тавассути фармонҳои Раиси Кумита амалӣ карда мешаванд.
22. Дар мавриди ихтилофот байни Раиси Кумита ва аъзои ҳайати мушовара, Раис қарори худро қабул менамояд, аъзои ҳайати мушовара бошад, метавонанд фикри худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ диҳанд.
23. Маблағгузории хароҷоти нигоҳдории Дастгоҳи марказии Кумита ва мақомоти ҳудудии андоз аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода шуда ва тавассути суратҳисоби ягонаи Хазинадории марказӣ хизматрасонӣ карда мешавад.
24. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ҳудудии андоз шахси ҳуқуқӣ буда, дорои мӯҳр бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи худ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ, мӯҳрҳои дахлдор, штампу бланкаҳо мебошанд.
25. Маҳали ҷойгиршавии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қаробоев, 42/2 мебошад.
Замимаи 2
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2012, № 456
Сохтори Дастгоҳи марказии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Роҳбарият
Сарраёсати баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳо
Сарраёсати назорати андоз
Сарраёсати маъмурикунонии андоз
Раёсати аудити дохилӣ
Раёсати молиявию хоҷагидорӣ
Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус
Раёсати бақайдгирии андозсупорандагон
Раёсати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон
Раёсати ситонидани қарзи андозҳо
Раёсати такмили қонунгузории андоз
Раёсати ҳамкории байналмилалӣ
Раёсати таъмини ҳуқуқӣ
Раёсати технологияҳои иттилоотӣ
Раёсати ташкили гардиши ҳуҷҷатҳо ва коргузорӣ
Бахши робита бо воситаҳои ахбори омма
Замимаи 3
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2012,№ 456
Нақшаи идоракунии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастгоҳи марказӣ
Раёсати андоз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раёсати андоз дар вилояти Хатлон
Раёсати андоз дар вилояти Суғд
Раёсати андоз дар шаҳри Душанбе
Раёсати андози андозсупорандагони калон бо нозиротҳояш дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе (қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.11.2019 № 604)
хориҷ карда шуд

Нозиротҳои андоз дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо
Шӯъбаҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Хатлон, Суғд ва шаҳри Душанбе
Бахшҳои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо
хориҷ карда шуд
Маркази такмили ихтисос
Намояндагиҳои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ
Замимаи 4
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 августи соли 2012, № 456
Номгӯи корхонаҳои (ташкилотҳои) системаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Корхонаи воҳиди давлатии "Редаксияи рӯзномаи "Боҷу хироҷ"
Муассисаи давлатии "Редаксияи маҷаллаи "Паёми андоз"
Корхонаи воҳиди давлатии "Маркази барномасозии маъмурикунонии андоз "АНДОЗ.ТҶ"
Муассисаи давлатии "Хоҷагии автомобилӣ"
хориҷ карда шуд
Корхонаи воҳиди давлатии "Маҷмааи варзишии "XX - солагии Истиқлолият"
Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Комплекси сайёҳии Варзоб" ()