Низомномаи Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2012, № 449

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 3

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 августи соли 2012,

№ 449 тасдиқ шудааст

Низомномаи Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон

I. Муқарароти умумӣ

1. Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Шӯро) бо мақсади татбиқи Ташаббуси баланд намудани шаффофияти соҳаҳои истихроҷ таъсис дода шуда, мақоми машваратӣ мебошад, ки назорати умумӣ, ҳамгироӣ ва кӯмаки машваратиро дар татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

2. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.

II. Вазифаҳо ва функсияҳои асосии Шӯро

3. Вазифаҳои асосии Шӯро инҳо мебошанд:

- баррасӣ ва назорати иҷроиши чорабиниҳо оид ба татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ;

- таҳияи пешниҳодҳо ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дар асоси озмун интихоб намудани ташкилоти байналмилалии аудиторӣ барои омода намудани ҳисоботи ҷамъбастӣ мутобиқи меъёрҳои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ барои соли тақвимии дахлдор;

- баррасӣ, муҳокима ва тасдиқи ҳисоботи ҷамъбастии Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ барои интишори он;

- бо тартиби муқарраршуда ҷалб намудани мутахассисон ва олимони ватаниву хориҷӣ барои баҳодиҳии ташхисӣ оид ба ҷараёни татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ташкилотҳои ҳамаи шаклҳои моликият, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва иттиҳодҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон ва ҷомеаи байналмилалӣ бо мақсади таҳким ва рушди минбаъдаи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ;

- таҳия ва барои баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатӣ пешниҳод намудани тавсияҳо ва пешниҳодҳои дахлдор оид ба такмили минбаъдаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истихроҷи маъдани кӯҳӣ.

4. Ба функсияҳои Шӯро дохил мешаванд:

- баҳодиҳии монеаҳои ҷорӣ ва потенсиалӣ барои баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти соҳаҳои истихроҷ, аз он ҷумла таҳлили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, масъалаҳои институтсионалӣ ва танзимшавандаи соҳаҳои истихроҷ, маҳдудиятҳои молиявӣ ва дигар маҳдудиятҳо;

- таҳияи Нақшаи кории Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсадҳои аниқ, ки ба санҷиш ва баҳодиҳӣ фаро гирифта мешаванд, ҷадвали муваққатии корҳо ва баҳодиҳии воқеии хавфу хатар ва маҳдудиятҳои имконпазир дар муассисаҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодҳои соҳибкорӣ ва корхонаҳои соҳаҳои истихроҷ, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ ворид намудани тағйирот ба Нақшаи корӣ;

- дар мӯҳлатҳои муқарраршуда ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани Нақшаи корӣ ва пешниҳодҳо ҷиҳати ворид намудани тағйирот ба он;

- таҳияи ёддоштҳои тафоҳум байни корхонаҳо, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, иттиҳодҳои соҳибкорӣ, мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

- тасдиқи натиҷаҳои бо роҳи озмун интихоб намудани ширкати аудиторӣ барои муқоисаи ҳарсолаи ҳисоботи ташкилотҳои соҳаҳои истихроҷ ва мақомоти давлатӣ;

- тасдиқи натиҷаҳои бо роҳи озмун интихоб намудани Валидатори мустақил;

- ҷалби кӯмакҳои донорҳо ва дигар сарпарастон барои татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

III. Ҳайати Шӯро ва тартиби ташаккули он

5. Ба ҳайати Шӯро тибқи замимаи 3 қарори мазкур намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин мутобиқи расмиёти муқаррарнамудаи Коалитсияи ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони корхонаҳои истихроҷ, бо тартиби кушод ва шаффоф интихобшудаи намояндагони бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомил мешаванд.

6. Раиси Шӯро аз рӯи вазифа муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

IV. Ваколатҳои раиси Шӯро

7. Ба кори Шӯро роҳбарии умумӣ менамояд.

8. Рӯзномаи ҷаласа ва тартиби баррасии масъалаҳоро дар ҷаласаҳои Шӯро бо пешниҳоди Котиботи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Точикистон муайян менамояд.

9. Дар мавридҳои зарурӣ ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯроро даъват менамояд.

V. Тартиби кори Шӯро

10. Шакли асосии фаъолияти Шӯро ҷаласаҳои Шӯро мебошанд.

11. Ҷаласаҳои Шӯро дар ҳолатҳои зарурӣ, вале на камтар аз як маротиба дар се моҳ гузаронида шуда, дар сурати иштироки на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои Шӯро эътибор пайдо мекунанд.

12. Қарорҳои Шӯро бо тарафдории аксари аъзои Шӯро қабул гардида, дар шакли протокол бо пешниҳоду тавсияҳо оид ба масъалаҳои баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти соҳаҳои истихроҷ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъуланд, ба расмият дароварда мешаванд.

13. Таъминоти ташкилии фаъолияти Шӯроро Котиботи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми доимоамалкунанда мебошад, ба амал мебарорад.

14. Сохтор, ҷадвали корӣ ва кормандони Котиботи Ташаббуси таффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбари мақоми дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Шӯро тасдиқ менамояд.

15. Мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраршуда Шӯро ва Котиботи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои гузаронидани ҷаласаҳо ва дар сатҳи дахлдор ташкил намудани кори ҳамарӯзаи Котиботи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ бо биноҳои хизматӣ таъмин намуда, таъминоти моддию техникӣ ва молиявии фаъолияти онҳоро барои татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

VI. Ваколатҳои Котиботи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон

16. Функсияҳои Котиботи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҷамъоварӣ ва таҳлили ҳисобот оид ба Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ аз муассисаҳо ва корхонаҳои давлатии соҳаҳои истихроҷ;

- омодасозӣ ва татбиқи стратегияи робита бо ҷомеаи шаҳрвандӣ барои оммавӣ гардонидани принсипҳои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ, тавсеаи ҳисобот оид ба Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ ва протоколҳои ҷаласаҳои Шӯро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таҳлил ва омода намудани тавсияҳо барои таъмини пуррагии ҳаҷми маълумоти талабшуда оид ба Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ бо забонҳои давлатӣ ва русӣ ва ба ҷаласаи Шӯро пешниҳод намудани онҳо.

- ҳамкорӣ бо Раёсати байналмилалии Шӯрои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ дар шаҳри Осло (Норвегия) бо мақсади мутобиқати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои шаффофияти муқарраршудаи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ;

- ташкил ва пешбурди сомонаи интернетии Котиботи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ, таҷдиди доимии мӯҳтаво ва таъмини реҷаи интерактивии кори он;

- гузаронидани машваратҳо оид ба Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ ва дастгирии равобити шарикӣ бо намояндагони муассисаҳои давлатӣ, ширкатҳои соҳаҳои истихроҷ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори омма, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ ва дигар тарафҳои манфиатдор бо мақсади фаҳмондани принсипҳои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ;

- таҳияи Ёддошти Тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Котиботи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва корхонаҳои соҳаҳои истихроҷ;

- таҳияи заминаи меъёрӣ барои таъмини мутобиқати ҳисоботҳои Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ;

- мушоиати ташкилии расмиёти интихоби озмунии ширкати байналмилалии аудиторӣ аз ҷониби Шӯро барои омода намудани ҳисоботи ҷамъбастии Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ барои соли тақвимии дахлдор;

- мониторинги корҳои ҷорӣ ва баҳодиҳии таъсири Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ ба рушди иҷтимоӣиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- бо тартиби муқарраршуда нашри ҳисоботҳо ва маводи таҳлили бо забонҳои давлатӣ ва русӣ.

Приложение 3

Утверждено

постановлением Правительства Республики Таджикистан

от "31 " августа 2012 года, №449

Положение о Совете Инициативы прозрачности добывающих отраслей Республики Таджикистан

I. Общие положения

1. Совет Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан (далее - Совет) образован в целях реализации Инициативы повышения прозрачности деятельности добывающих отраслей и является консультативным органом, обеспечивающим общий надзор, координацию и консультативную помощь в реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в. Республике Таджикистан.

2. В своей деятельности Совет руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан и настоящим Положением.

II. Основные задачи и функции Совета

3. Основными задачами Совета являются:

- рассмотрение и осуществление контроля за выполнением мероприятий по реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях;

- выработка предложений и рекомендаций по вопросам реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в Республике Таджикистан;

- выбор на тендерной основе международной аудиторской компании для подготовки сводного отчета в соответствии с критериями Инициативы прозрачности в добывающих отраслях за соответствующий календарный год

- рассмотрение, обсуждение и утверждение для публикации сводного отчета Инициативы прозрачности в добывающих отраслях.

- привлечение в установленном порядке специалистов и ученых, включая зарубежных, для осуществления экспертных оценок о ходе мероприятий по реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в Республике Таджикистан.

- взаимодействие с государственными органами и органами местного самоуправления, организациями всех форм собственности, гражданским обществом и предпринимательскими объединениями, международными организациями, действующими в Таджикистан и международным сообществом в целях укрепления и дальнейшего развития Инициативы прозрачности добывающих отраслей.

- разработка и внесение на рассмотрение соответствующих рекомендаций и предложений по дальнейшему совершенствованию государственной политики в горнодобывающей сфере в государственные органы и Правительство Республики Таджикистан.

4. В функции Совета входят:

- оценка текущих и потенциальных препятствий для повышения прозрачности деятельности добывающих отраслей, включая анализ нормативных правовых актов, институциональных и регулятивных вопросов добывающих отраслей, финансовых и других ограничений;

- разработка Рабочего плана Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в Республике Таджикистан с четкими целями, поддающимися измерению и оценке, временным графиком работ и реальной оценкой возможных рисков и ограничений в государственных учреждениях, гражданском сообществе и добывающих предприятиях, а также предложений по внесению изменений в этот Рабочий план по мере необходимости .

- предоставление в установленные сроки Рабочего плана и предложений по внесению изменений в него на рассмотрение Правительства Республики Таджикистан

-• разработка меморандумов о взаимопонимании между предприятиями, организациями гражданского общества, предпринимательскими объединениями, государственными органами и органами местного самоуправления;

- утверждение результатов конкурсного отбора аудиторской компании для ежегодной сверки отчетов добывающих предприятий и государственных органов;

- утверждение результатов конкурсного отбора независимого Валидатора;

- привлечение донорской помощи и других спонсоров для реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в Республике Таджикистан.

III. Состав Совета и порядок его формирования

5. В состав Совета согласно приложению 3 настоящего постановления входят представители органов государственной власти, также согласно установленной процедуре Коалиции организаций гражданского общества и представителей добывающих предприятий, открытым и прозрачным путём избранные представители частного сектора и гражданского общества.

6. Председателем Совета по должности является заместитель Министра Финансов Республики Таджикистан.

IV. Полномочия Председателя Совета

7. Осуществляет общее руководство работой Совета.

8. По представлению Секретариата Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан определяет повестку дня и порядок рассмотрения вопросов на заседаниях Совета.

9. В случае необходимости созывает внеочередные заседания Совета.

V.Организация деятельности Совета

10. Основными формами деятельности Совета являются заседания Совета.

11. Заседания Совета проводятся по мере необходимости, но не реже одного раз в квартал и считаются правомочными, если на них присутствуют две трети состава Совета.

12. Решения Совета принимаются при одобрении большинства его членов и оформляются в виде протокола с выработанными предложениями или рекомендациями Правительству Республики Таджикистан и иным государственным органам Республики Таджикистан, ответственным за реализацию Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в Республике Таджикистан по вопросам повышения прозрачности деятельности добывающих отраслей.

13. Организационное обеспечение деятельности Совета осуществляет Секретариат Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан, являющийся постоянно действующим рабочим органом.

14. Структуру, штатное расписание и сотрудников Секретариата Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан утверждает руководитель уполномоченного органа Правительства Республики Таджикистан по вопросам реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в Республике Таджикистан по представлению Совета.

15. Уполномоченный орган Правительства Республики Таджикистан по вопросам реализации Инициативы прозрачности в добывающих отраслях в Республике Таджикистан в установленном порядке обеспечивает Совет и Секретариат Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан служебными помещениями для проведения заседаний Совета и организации на соответствующем уровне ежедневной работы Секретариата Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан, а также осуществляет материально-техническое и финансовое обеспечение их деятельности для реализации Инициативы прозрачности добывающих отраслей в Республике Таджикистан.

VI. Полномочия Секретариата Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан

16. Функции Секретариата Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан:

- сбор и анализ отчетов по Инициативе прозрачности в добывающих отраслях от государственных учреждений и предприятий добывающих отраслей;

- подготовка и реализация стратегии связи с гражданским обществом для популяризации принципов Инициативы прозрачности в добывающих отраслях, распространения отчетов по Инициативе прозрачности в добывающих отраслях и протоколов заседаний Совета в Республике Таджикистан;

- анализ и подготовка рекомендаций для обеспечения полноты требуемого объема информации по Инициативе прозрачности в добывающих отраслях на государственном и русском языках и их представление в заседание Совета;

- взаимодействие с Международным Правлением Совета Инициативы прозрачности добывающих отраслей в г. Осло (Норвегия) в целях соответствия Республики Таджикистан критериям прозрачности, установленным Инициативой прозрачности добывающих отраслей

- создание и в надлежащем состоянии содержание веб-сайта Секретариата Инициативы прозрачности в добывающих отраслях, постоянное обновление содержания и обеспечение интерактивного режима работы веб-сайта;

- проведение консультаций по Инициативе прозрачности в добывающих отраслях и поддержка партнерских связей с представителями государственных учреждений, добывающих компаний, общественных объединений, СМИ, органов.местного самоуправления и других заинтересованных сторон с целью разъяснения принципов Инициативы прозрачности в добывающих отраслях;

- подготовка Меморандумов взаимопонимания о сотрудничестве между Секретариатом Инициативы прозрачности в добывающих отраслях Республики Таджикистан, организациями гражданского общества и добывающими предприятиями;

- разработка нормативной базы для обеспечения соответствия отчетов по Инициативе прозрачности в добывающих отраслях международным стандартам финансовой отчетности;

- организационное сопровождение процедуры тендерного отбора Советом независимой международной аудиторской компании для подготовки сводного отчета Инициативы прозрачности в добывающих отраслях за соответствующий календарный год;

- мониторинг текущих работ и оценка влияния Инициативы прозрачности в добывающих отраслях на социально-экономическое развитие Республики Таджикистан;

- публикация в установленном порядке отчетов и аналитических материалов на государственном и русском языках.