Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999, №142
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999, №142 "Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни давлатӣ" тағйироти зерин ворид карда шавад:
-дар банди 2 калимаи "панҷсолаи" ба калимаи "ҳаштмоҳаи" иваз карда шавад;
-банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"5.Маблағи суғурта дар чунин ҳолатҳо ва ба андозаҳои зайл пардохта мешавад:
а) дар ҳолати ба ҳалокат расидани хизматчии давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ - дар ҳаҷми музди меҳнати ҳаштмоҳа;
б) дар ҳолати маъюбшавӣ ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ:
-ба маъюби гурӯҳи 1 - дар ҳаҷми музди меҳнати шашмоҳа;
-ба маъюби гурӯҳи II - дар ҳаҷми музди меҳнати панҷмоҳа;
-ба маъюби гуруҳи Ш - дар хаҷми музди меҳнати чормоҳа".
2. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2012, № 395
ш. Душанбе