Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999, №129
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999, №129 "Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироти зерин ворид карда шавад:
-дар банди 2 калимаи "панҷсолаи" ба калимаи "ҳаштмоҳаи" иваз карда шавад;
- сархатҳои банди 6 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
" -ҳангоми вафот - дар ҳаҷми маоши вазифавии ҳаштмоҳа;
- ба маъюби гурӯҳи якум - дар ҳаҷми маоши вазифавии шашмоҳа;
- ба маъюби гурӯҳи дуюм - дар ҳаҷми маоши вазифавии панҷмоҳа;
- ба маъюби гурӯҳи сеюм - дар ҳаҷми маоши вазифавии чормоҳа".
2. Корхонаи воҳиди давлатии "Тоҷиксуғурта" санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2012, № 394
ш. Душанбе