Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 августи соли 2012, № 385
тасдиқ шудааст
Барномаи беҳтаргардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015
1. Муқаррароти умумӣ
Барномаи беҳтаргардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 (минбаъд - Барнома) барномаи тадбирҳое мебошад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини фаъолияти устувор ва рушди соҳаи истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиду шаффоф ва механизми дахлдор барои ҷалби сармоягузориҳо татбиқ карда мешавад.
Барнома бо мақсади бартараф намудани нуксонҳо дар қонунгузории амалкунанда оид ба истифодаи қаъри замин ва монеаҳои маъмурии боздорандаи пешрафти механизми бозории рушди соҳа таҳия шудааст.
Барнома барои соддагардонии низоми батанзимдарории соҳаи истифодаи қаъри замин, тақвиятбахшии иқтидори сохторӣ ва тадбирҳои сиёсат, рушди инфрасохтори соҳа нигаронида шудааст.
Барнома ба принсипҳо ва муқаррароти асосии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ва Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2012 асос ёфтааст.
Барнома дар татбиқ ва такмили сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба вусъатбахшии суръати рушди иқтисодӣ бо роҳи ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаи истифодаи қаъри замини кишвар нигаронида шудааст, иқдоми муҳим ҳохад буд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ҳамшарикони татбиқи Барнома ташкилотҳои манфиатдори донорӣ ва молиявии байналмилалӣ, намояндагони бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро фаъолона ҷалб хоҳад намуд.
2. Тавсифи масъалаҳое, ки Барнома барои ҳалли онҳо нигаронида шудааст
1. Яке аз шартҳои зарурии рушди бомуваффақияти иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи истифодаи қаъри замин мебошад ва барои ноҳияҳои дурдасти баландкӯҳ бошад, амалан роҳи ягонаи имконпазири баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии иҷтимоии аҳолӣ мебошад.
2. Солҳои охир вусъатёбии фаъолияти сармоягузорӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин ба мушоҳида мерасад, вале ҳанӯз ҳам норасоии сармоягузориҳои дарозмӯҳлат ба соҳаи мазкур шадидан эҳсос мегардад. Бисёр сармоягузорон инро бо номукаммал будани қонунгузории кишвар, расмиёти мураккаби гирифтани иҷозатномаҳо ва барасмиятдарории ҳуқуки истифодаи қаъри замин, инчунин низоми номуташаккили иттилоотии дорои маълумот дар бораи қаъри замин дар кишвар маънидод мекунанд. Манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ояндаи дур аз ҳолати маъдану ашёи хом вобастагии зиёд хоҳанд дошт. Соҳаи истифодаи қаъри замин бояд афзалияти рақобатпазири воқеии ҳоҷагии халқ ва соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз омилҳои таъминкунандаи рушди босуръат ва диверсификатсияи иқтисоди кишвар, болоравии сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ гардад.
3. Дар ояндаи дур барои рушди мутавозини минтакаҳои ҷумҳурӣ азхудкунии ноҳияҳои баландкӯҳ, ки қариб 93%-и ҳудуди онро ташкил медиҳанд, зарур мебошад. Ин ноҳияҳо барои ба гардиши хоҷагӣ ҷалб гардидаи имкониятҳои маҳдуд доранд ва соҳаи истифодаи қаъри замин метавонад барои рушди онҳо нақши ҳалкунандаро бозад.
4. Солҳои охир дар кишвар проблемаи муҳоҷирати дохилии аҳолӣ аз ноҳияҳои баландкӯҳи дурдаст ба пойтахт ва дигар шаҳрҳо хусусияти доимӣ пайдо мекунад. Муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷӣ дар баробари доштани ҷиҳатҳои мусбат, ба рушди бозори меҳнат дар кишвар таъсири манфӣ мерасонад ва оқибатҳои манфии иҷтимоӣ дорад. Муҳоҷират бинобар вуҷуд надоштани ҷойҳои корӣ ва соҳаи имконназири истифодаи меҳнат ба миём омадааст. Рушди соҳаи истифодаи қаъри замин метавонад омили пуриқтидори боздорандаи муҳоҷирати дохилӣ ва хориҷӣ гардад. Ғайр аз ин, таъсиси як ҷойи кор дар соҳаи истифодаи қаъри замин боиси ба вуҷуд омадани ҳадди ақал якчанд ҷойҳои корӣ дар истеҳсолот ва соҳаҳои ба ҳам наздик мегардад.
5. Дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ инфрасохтори геологии ба қадри кофӣ босифат ва васеъ дар шакли харитаҳои муфассали геологӣ, харитаҳои майдонҳои геофизикӣ ва геохимиявӣ, инчунин дигар таҳқиқоти минтақавӣ ташаккул дода шуда буд. Садҳо конҳои канданиҳои фоиданоки навъҳои гуногун ошкор карда шуда буданд. Қаламрави кишвар дорои захираҳои маъдании хеле сершуморе мебошад, ки иқтидори онҳо истифоданашуда боқӣ мемонад.
6. Соҳаи истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи маъдану ашёи ҳоми хубе дорад, ки ҳаҷми он барои таъмин намудани азхудкунии саноатии он ва рушди соҳа дар ояндаи дарозмуддат кофӣ мебошад. Болоравии босуръати нархҳои ҷаҳонии маҳсулоти маъдану ашёи хом соҳаи истифодаи қаъри заминро барои сармоягузориҳо хеле ҷолиб мегардонад.
7. Айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 конҳое омӯхта шудаанд, ки дорои иқтидори тасдиқгардидаи коркарди минбаъда мебошанд. Ин конҳои сурб ва руҳ, мис ва висмут, сурма ва симоб, металлҳои асил, молибден ва волфрам, оҳан, қалъагӣ, ашёи хоми бор, стронтсий, шпати плавик, намаксангҳо, сангҳои ороишӣ, нимқиматбаҳо ва қиматбаҳо, сангҳои сохтмонӣ ва бисёр намудҳои дигари ашёи хоми маъданй барои саноати сохтмон, ангиштсангҳо, антратсит, графит, нафту газ, озокерит, обҳои зеризаминии ширин, термалӣ ва маъданӣ, фосфоритҳо, инчуннн як қатор дигар канданиҳои фоиданок, дар маҷмӯъ зиёда аз 50 намуд захираҳои маъданӣ мебошанд. 28 конҳои кашфшуда тиллодор мебошанд, ки ҳаҷми захираҳои онҳо садҳо тонна арзёбӣ шудааст. Ғайр аз ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бузургтарин конҳои нуқра дар ҷаҳон ҷойгир аст, ки барои ба даст овардани ҳуқуқи азхудкунии он тендери байналмилалӣ эълон шудааст. Тибқи арзёбии мутахассисон, кони Конимансури Калон дар шимоли кишвар дорои захираи тақрибан 70 000 тонна нуқра, инчунин ҳаҷми саноатии маъдани руҳ ва сурб мебошад. Баанҷомрасии бомуваффақияти тендери мазкур нуфузи сармоягузории кишварро хеле беҳтар сохта, барои ҷалби сармоягузориҳои калонҳаҷм ба иқтисоди кишвар заминаи хуб мегузорад.
8. Рағбати сармоягузорон нисбати захираҳои карбогидридҳо дар қаламрави кишвар хеле афзуд. Иктишофи нафт ва газ дар минтақаҳои ояндадор ширкатҳои бонуфуз ва сармояҳои онҳоро ҷалб намуд.
9. Вале то ба ҳол соҳаи истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди иқтисодии кишвар ба дараҷаи кофӣ мусоидат накардааст, ки дар ин бора маълумоти омории якчанд соли охир гувоҳӣ медиҳад. Аксаран маълумоти мавҷуда вазъи воқеии корҳоро дар соҳа инъикос карда наметавонад, ки ин дар навбати худ, саъю кӯшишҳои муайянеро ҷиҳати ба роҳ мондани низоми муосири ҷамъоварии маълумоти оморӣ дар соҳаи мазкур тақозо менамояд.
10. Соҳаи истифодаи қаъри замин дар кишвар бо иштироки давлат дар раванди азхудкунии қаъри замин тавассути корхонаҳои мавҷудаи давлатӣ ва дороиҳо (активҳо) дар ҷамъиятҳои саҳомӣ ва корхонаҳои муштарак бо иштироки сармояи хориҷӣ тавсиф мегардад. Вуҷуд надоштани заминаи қонунгузории муносиб ва таҷрибаи идоракунии корпоративӣ аз ҷониби мақомоти давлатии ваколатдор истифодаи самараноки дороиҳои давлатиро дар соҳаи истифодаи қаъри замин таъмин намекунад.
11. Мавҷудияти истифодабарандагони қаъри замин бо иштироки саҳмии давлат боиси ба вуҷуд омадани ихтилофи манфиатҳо байни нақши давлат ҳамчун молик ё саҳоми ширкатҳо ва нақши давлат ҳамчун "танзимгари" бахши истихроҷи маъдан мегардад.
12. Вазъияти мазкур таҳия ва татбиқ тадбирҳои таъхирнопазирро оид ба таҷдиди назар намудани сиёсат нисбати иштироки давлат дар корхонаҳои муштарак ва идоракунии дороиҳои давлат дар соҳаи истифодаи қаъри замин тақозо менамояд.
13.Тоҷикистон дар мавриди аз ҳисоби буҷети давлатӣ пурра гардонидани иттилооти геологӣ имкониятҳои хеле маҳдуд дорад, бинобар ин ба чалб намудани сармоягузориҳои дохилӣ ва берунӣ ба соҳаи омӯзиши геологӣ ва кашфи қаъри замин зарурат ҷой дорад.
14. Воридоти сармоягузориҳои мустақили хориҷӣ ба соҳаи истифодаи қаъри замин дар соли 2010 52,8 миллион доллари Штатҳои Муттаҳидаи Америкаро ташкил дод, ки ба 22,9%-и ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба кишвар баробар аст. Ин нишондиҳандаҳо паст буда, ба эҳтиёҷоти воқеии соҳаи истифодаи қаъри замин мутобиқ намебошанд.
15. Ба ақидан коршиносон сабабҳои сатҳи пасти фаъолнокии сармоягузорон инҳо мебошанд:
§1.Сатҳи пасти дастрасӣ ва номукаммалии иттилооти геологӣ
16. Аксари иттилооти марбут ба соҳаи истифодаи қаъри замин сирри давлатӣ мебошад, ки барои сармоягузорони эҳтимолӣ ҳангоми қабули қарор нисбати сармоягузорӣ ба ин ё он лоиҳа мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад. Сармоягузорӣ ба соҳаи истифодаи қаъри замин маблағгузории зиёдро тақозо менамояд ва ба сармоягузор иттилооти боэътимоди геологие, ки дар асоси он сармоягузор метавонад ҳама хавфҳоро арзёбӣ намуда, қарорҳо қабул кунад, хеле зарур мебошад. Ҷамъоварӣ ва нигоҳдории иттилооти геологӣ асосан дар ҳомилҳои коғазӣ сурат мегирад. Дар бойгониҳо ҳазорҳо ҳисоботи геологии чопи мошинй маҳфузанд, ки дорои иттилооти бебаҳои солҳои пешин мебошанд. ки истифодаи он дар шакли мавҷуда хеле мушкил буда, бо истифодаи усулҳои муосири ҷамъоварй, коркард ва ҳифзи маълумоти геологӣ ба шакли рақамй гузаронидани он зарур мебошад. Айни ҳол танҳо қисми ками иттилооти геологӣ ва геохимиявӣ ба манбаъҳои электронии маълумот ворид карда шудааст. Батартибдарории иттилоот дар ҳомилҳои электронӣ бо пайвасткунии онҳо ба системаи ҷаҳонии иттилооти географӣ, бешубҳа, сатҳи ҷолибияти кишварро барои сармоягузорон баланд хоҳад кард. Масъалаҳои ба истифодабарандагони эҳтимолии қаъри замин пешниҳод кардани иттилоот ва арзиши дастрасӣ ба он то ба ҳол ба танзим дароварда нашудаанд. Стандартҳои ҳисоботдиҳӣ барои истифодабарандагони қаъри замин ва назорати пешниҳод кардани он такмили ҷиддиро талаб мекунанд. Иттилоот оид ба қаъри замин, ки ба давлат тааллуқ дорад, бояд дастраси умум бошад ва ҳарчи васеътар интишор карда шавад. Бойгонӣ бояд ҳамчун китобхонаи оммавӣ дар асоси худхароҷотбарорӣ фаъолият намояд. Иттилоот низ бояд барои ҳамаи хоҳишмандон дастрас буда, вақти махфӣ будани иттилооти геологие, ки ба ширкатҳо пешниҳод карда мешавад, бояд мақдуд карда шавад.
§2. Номукаммалии қонунгузорӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин
17. Ҳар сармоягузор ҳангоми қабули қарор барои сармоягузорӣ, дар навбати аввал, заминаи меъёрии ҳуқуқии кишварро меомӯзад, то ки шароити пешбурди фаъолияти ҳоҷагидориро маълум намояд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" соли 1994 қабул гардида, баъдан солҳои 1995, 2008 ва 2010 ба он тағйиру иловаҳо ворид карда шуда буданд. Дар он гарчанде гузариш ба муносибатҳои бозорӣ зикр шуда бошад ҳам, вале назорати қатъии давлат ба амалҳои истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ нигоҳ дошта мешавад.
18. Тавре коршиносони мустақил ва намояндагони мақомоти давлатии масъули татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ эътироф мекунанд, Қонуни амалкунанда дар бораи сарватҳои зеризаминӣ, ки зиёда аз 15 сол қабл қабул гардида буд, ҳоло ба талаботи замон ва вазъи ҷамъиятию сиёсӣ ҷавобгӯ намебошад. Илова бар ин дар давраи амали ин Қонун ба ихтилофот дар шартҳои истифодаи қаъри замин роҳ дода мешуд. Масалан дар аксари иҷозатномаҳои додашуда мӯҳлати ба истифода додани кон пешбинӣ нашуда, ҳаҷми сармоягузорӣ, нақшаҳои коркарди конҳоро зикр намешуданд.
19. Чунин вазъияти вобаста ба "бозистодани" конҳо дар навбати аввал ба давлат ҳамчун молики сарватҳои зеризаминӣ, ки амалан онҳоро ғайриоқилона истифода мекунад, манфиатовар нест: конҳо аз худ карда намешаванд, омӯзиши геологӣ оид ба ошкор намудани конҳо ва захираҳои нави ашёи хом гузаронида намешавад, ба буҷети давлат маблағҳо ворид намешаванд. Ба ақидаи мутахассисон, проблема аз бисёр ҷиҳат бо низоми иҷозатномадиҳии истифодабарии қаъри замини дар қонунгузорӣ оид ба сарватҳои зеризаминӣ муқарраргардида алоқаманд мебошад.
20. Давлат аз ҷиҳати хуқуқӣ аз ӯҳдадориҳое, ки низоми иҷозатномадиҳӣ муқаррар намудааст, дар канор мебошад. Иҷозатнома ҳамчун шартнома бо мақомоти давлатӣ, иқтибосоти заруриро аз қонунгузории амалкунанда дар бар гирифта наметавонад (дар навбати аввал нисбати ҳамаи имтиёзоти андозӣ ва маҳдудиятҳои зарурии масуниятҳои мустақили давлат ва моликияти он, ки кафолатҳои бевоситаи давлатии ҳуқуқ ва манфиатҳои истифодабарандаро тақозо мекунанд). Дар натиҷа, на иҷозатнома, на низоми иҷозатномадиҳӣ дар маҷмӯъ наметавонанд устувории шартҳои истифодаи қаъри заминро таъмин намоянд.
21. Дар низоми иҷозатномадиҳӣ имконияти ба шахси дигар гузашт кардани ҳуқуқҳо ё ба замонат гузоштани онҳо вуҷуд надорад. Ҳуқуқи замонат барои истифодабарандагони қаъри замин, хусусан хориҷиён, хеле муҳим мебошад, - ин пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки татбиқи лоиҳаҳои бузурги истифодаи қаъри замин бе ҷалби маблағҳои қарзии хаҷман калон ғайриимкон аст. Дар қонунгузорӣ вуҷуд надоштани механизми зарурии мубодилаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин боиси маҳдуд гардидани амали механизмҳои бозорӣ, поймолгардии ҳуқуқу манфиатҳои иқтисодии истифодабарандагони қаъри замин ва худи давлат мегардад.
22. Дар Қонуни амалкунанда дар бораи сарватҳои зеризаминӣ хеҷ гуна кафолатҳое, ки бинобар тағйирот дар қонунгузорӣ пешбинӣ гардидаанд ва дар натиҷаи амалҳои худсаронаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба вуҷуд омадаанд, умуман вуҷуд надоранд.
23. Ҷиҳати дигари муҳим масъалаи ҳимоят аз қатъи яктарафаи ҳуқуқи истифодаи қаъри замин мебошад. Дар шароити низоми иҷозатномадиҳии амалкунанда вазъият барои истифодабарандагони қаъри замин чандон ҷолиб наменамояд. Меъёрҳои норавшан ва васеь ифодагардидаи Қонун "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" дар қисмати қатъ намудан ва боздоштани ҳуқуқи истифодаи қаъри замин ба мақомоти давлатӣ имкон медиҳанд ин меъёрҳоро тавре тафсир диҳанд, ки ин мақомот тавонанд бо ташаббуси муассисаҳое, ки иҷозатномаро додаанд, онро бозхонанд ё бекор кунанд.
24. Низоми иҷозатномадиҳӣ имкон намедиҳад, ки барои ҳал намудани масъалаи баҳсталаб ниҳодҳои судяи байналмилалӣ истифода карда шаванд. Дар айни замон тартиби литсензионии истифодаи қаъри замин дар ҳамон шакле, ки он қабул гардидааст ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, наметавонад манфиатҳои худи давлатро қонеъ ва ҳимоят кунад. Аз ҷумла, давлат қодир нест иқтидорҳои бузурги иқтисодии қаъри заминро истифода намояд.
25. Низоми ҳуқуқии миллӣ дар ҳоли ҳозир бояд истифодабарандагони қаъри заминро ба таври воқеӣ ва боэътимод бо маҷмӯи ҳуқуқҳо ба захираҳои табиӣ, ки дар бисёр кишварҳо ба қадри кофӣ меъёрӣ мебошанд, таъмин кунад.
§3. Низоми номукаммали батанзимдарории давлатӣ ва вуҷуд доштани миқдори зиёди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин зарур мебошанд
26. Вуҷуд доштани шумораи зиёди вазорату идораҳое, ки соҳаи истифодаи қаъри заминро танзим менамоянд, тақсимоти ғайридақиқи ваколатҳо байни онҳо, аз он ҷумла байни мақомоте, ки батанзимдарории истифодаи қаъри заминро анҷом медиҳанд, мақомоти ҳифзи муҳити зист, бехатарии меҳнат, мақомоти андоз, истифодаи замин ба сармоягузор барои дарк намудани муносибати мутақобилаи байни сохторҳои мухталифе, ки соҳаи истифодаи қаъри зиминро танзим менамоянд, мушкилот эҷод мекунанд, ки гузаштан аз ҳама зинаҳои расмиёти пешбинигардидаро мураккаб мегардонад.
27. Норавшании тасвият ва тақсимоти ваколатҳои мақомоти давлатӣ, вуҷуд надоштани механизмҳои ҳамкории байни онҳо монеаҳои муайяне ба вуҷуд меорад ва барои дахолати худсарона ба фаъолияти истеҳсолии ширкатҳои истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ шароит медиҳад.
28. Бо дарназардошти он, ки соҳаи муносибатҳои истифодаи қаъри замин то андозаи муайян ба манфиатҳои ҷамъиятӣ дахл мекунад, дар шароити кунунӣ пайдо кардани таносубҳои зарурии воситаҳои хусусӣ ва ҷамъиятии танзими муносибатҳои зикргардида муҳим мебошад. Ба ин тавассути шартномаҳои истифодаи қаъри замин ноил гардидан имконпазир аст.
29. Рушди муносибатҳои шартномавӣ дар истифодаи қаъри замин бояд ба ҷалби мунтазами сармоягузориҳо, истифодаи оқилонаи табиат ва устувории муносибатҳои тарафҳо, ҷорӣ намудани техникаи муосир ва технологияҳои пешқадам, пеш аз ҳама ба туфайли ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, мусоидат намояд. Бавуҷудоӣ ва тақвияти нақши муносибатҳои шартномавӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин ба он мусоидат хоҳад кард, ки субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар сурати вуҷуд доштани нуқсонҳо дар қонунгузорӣ метавонанд тибқи салоҳдиди худ ва принсипҳои манфиатнокии ҳоҷагидорӣ амал кунанд.
30. Такмилдиҳии ҷиддии расмиёти гирифтан ва дар ихтиёр доштани иҷозатнома барои истифодаи қаъри замин тақозо карда мешавад. Расмиёти иҷозатномадиҳӣ ҳам аз нигоҳи вақт ва ҳам аз ҷиҳати хароҷот хеле мураккаб аст ва барои сармоягузор хавфҳои беасос ба вуҷуд меорад.
31. Низоми дар Тоҷикистон ташаккулёфтаи иҷозатномадиҳӣ барои истифодаи қаъри замин, ки мебоист барои истифодаи оқилонаи қаъри замин асос гузорад, амалан бархӯрдҳои муқарраргардидаи фароҳам намудани шароити истифодабарии қаъри заминро заиф мегардонад. Дар низоми иҷозатномадиҳӣ аслан шартҳои мушаххас вуҷуд надоранд-ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок, мӯҳлати оғози корҳои ҷустуҷӯии геологӣ, мӯҳлатҳои таҳияи ҳуҷҷатҳои технологӣ ва ба иқтидори лоиҳавӣ баромадани конҳои канданиҳои фоиданоки коркардшаванда ва ғайра. Дар натиҷа, барои ҳатмӣ набудани иҷрои талабот оид ба истифодаи оқилонаи қаъри замин аз ҷониби корхонаҳои истифодабарандаи қаъри замин шароит ба вуҷуд оварда мешавад. Сохтори назорати давлатии истифодаи қаъри замин, дар сурати вуҷуд надоштани шартҳои мушаххаси истифодаи қаъри замин, имконияти воқеӣ надорад, ки ҷиҳати таъмини манфиатҳои давлат ва ҷомеа ба сохторҳои тиҷоратӣ таъсир расонад.
§4.Низоми андози мураккаб ва ғайришаффоф
32. Низоми андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти тағйироти зуд-зуд қарор дорад, ки чунин ҳолат раванди банақшагириро барои сармоягузор мушкил мегардонад. Имтиёзоти андозӣ дар марҳилаи корҳои ҷустуҷӯии геологӣ кофӣ намебошанд. Низоми андози амалкунандае, ки нисбати истифодаи қаъри замин татбиқ мегардад, мукаммал нест: меъёрҳои роялти барои баъзе намудҳои канданиҳои фоиданок аз ҳад баланд карда шудаанд, ки азхудкунии конҳои навро маҳдуд месозанд; механизми истеҳлок ба навсозии саривақтии фондҳои асосӣ мусоидат намекунад, механизми истифодаи андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) номукаммал аст, кафолатҳои қонунгузории устуворгардонии низоми андоз вуҷуд надоранд. Такмилдиҳии низоми андоз бояд ба азхудкунии конҳое, ки дар таркиби маъданашон унсурҳои фоиданок нисбатан камтар буда, дар минтақаҳои дурдасту душворраси кишвар ҷойгиранд, мусоидат намояд.
3. Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома
33. Мақсадҳои асосии Барнома аз инҳо иборатанд:
- имконияти зуд баланд бардоштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар аз ҳисоби рушди фаъолонаи соҳаи истифодаи қаъри замин тавассути фароҳам овардани шароити мусоид ва шаффоф барои ҷалби сармоягузориҳо;
- фаъолият ва рушди устувори соҳаи истифодаи қаъри замини кишвар тавассути истифодаи самараноки захираҳои бои ашёи ҳоми маъдани он, вусъатбахшии азхудкунии саноатии онҳо ва таъсис додани инфрасохтори иҷтимоию иқтисодии вобастабуда, ки устувории рушди иқтисодии кишвар, рақобатпазирии он ва болоравии сифати зиндагии аҳолиро таъмин мекунад:
- таъсис додани механизми самараноки ҷалби сармоягузориҳо ба кишвар дар ҳаҷме, ки барои суръатбахшии рушди соҳаи истифодаи қаъри замин зарур мебошад.
34. Ноилшавӣ ба мақсадҳои асосии Барнома бо татбиқи вазифаҳои зерин алоқаманд мебошад:
- таъсис додани низоми ягонаи қонунгузорие, ки соҳаи истифодаи қаъри заминро танзим менамояд;
- такмил додани низоми институтсионалӣ ва сохтори идоракунии соҳа;
- такмил додани расмиёти иҷозатномадиҳӣ ва гирифтани иҷозатномаҳо дар соҳаи истифодаи қаъри замин;
- такмил додани механизмҳои идоракунии дороиҳои (активҳои) давлат дар соҳаи истифодаи қаъри замин;
- ҷорӣ намудани низоми "равзанаи ягона" дар соҳаи истифодаи қаъри замин, аз он ҷумла ҳангоми иҷозатномадиҳӣ, гирифтани иҷозатномаҳо, ташхиси лоиҳаҳо ва пешбарии лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
- таҳия ва ҷорӣ кардани механизми пешбарии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаи истифодаи қаъри замин;
- такмил додани механизмҳои истифодаи замин вобаста ба истифодаи қаъри замин бо роҳи таъсис додани захираи давлатии заминҳои конҳои канданиҳои фоиданок;
- такмил додани инфрасохтори соҳаи геология, аз ҷумла таҳия намудани манбаи ягонаи маълумоти дорои иттилооти геологӣ дар ҳомилҳои электронӣ ва гузаштан ба низоми байналмилалии таснифоти захираҳои конҳои канданиҳои фоиданок;
- таҳия ва тасдиқ намудани стандартҳои ҳисоботдиҳӣ барои истифодабарандагони қаъри замин бо талаботи мунтазам пешниҳод кардани ҳисоботҳои геологӣ, аз ҷумла пешниҳоди ҳатмии манбаи электронии маълумоти озмоиш;
- таҳия намудани расмиёт ва механизмҳои дастрасии соддагардида ба иттилооти геологӣ ва истифодаи он;
- таъсис додани низоми тайёр кардани кадрҳо ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳаи истихроҷи маъдан.
35. Амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дар Барнома гузошташуда бояд баробар сурат гирад, зеро ноил гардидан ба натиҷаи чашмдошт таъсиррасонии ҳамзамонро ҳам ба омилҳои берунӣ ва ҳам ба омилҳои дохилии рушди соҳа талаб менамояд. Чунин бархӯрд якҷоякунии тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ ва таъминоти иттилоотию таҳлилиро дар назар дорад.
4. Мӯҳлатҳо ва марҳилаҳои татбиқи Барнома
36. Мӯҳлати татбиқи Барнома - аз соли 2012 то соли 2015. Татбиқи Барнома аз ду марҳила иборат аст:
- марҳилаи аввали татбиқи Барнома - солҳои 2012-2013. Дар ин марҳила гузаронидани чорабиниҳо барои ташаккулдиҳии инфрасохтор ва бакорандозии механизмҳои татбиқи Барнома, ки аз таъсиси механизми иттилоотӣ ва ҳамтои англисизабони он, манбаи электронии тамосҳои (суроғаҳои) коршиносон, ба роҳ мондани ҳамкории самараноки вазорату идораҳои ба соҳаи истифодаи қаъри замин ҷалбгардида, таъсиси инфрасохтори меъёрии ҳуқуқӣ ва институтсионалии тақсимоти маблағҳои кӯмаки бевоситаи молиявӣ барои татбиқи Барнома иборат мебошанд, ба нақша гирифта мешавад.
- марҳилаи дуюми татбиқи Барнома солҳои 2013-2015-ро фаро гирифта, чорабиниҳоро оид ба татбиқ ва такмилдиҳии минбаъдаи шароит барои ҷалби сармоягузориҳо ба соҳаи истифодаи қаъри замин тавассути инфрасохтор ва механизмҳое, ки дар марҳилаи аввали татбиқи Барнома ташаккул дода шудаанд, дар бар мегирад.
37. Натиҷаҳои татбиқи Барнома барои рушди минбаъдаи соҳаи истифодаи қаъри замин истифода карда мешаванд.
5. Нақшаи чорабиниҳои Барнома
38. Чорабиниҳои Барнома аз рӯи самтҳо асосан барои такмилдиҳии заминаи меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи истифодаи қаъри замин, беҳтарсозии инфрасохтори геологӣ, кор дар соҳаи сиёсати институтсионалӣ ва такмилдиҳии сохторҳои давлатӣ, такмилдиҳии низоми андоз, соддагардонии расмиёти иҷозатномадиҳӣ ва такмилдиҳии низоми танзими соҳаи истифодаи қаъри замин нигаронида шудаанд.
39. Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи беҳтар гардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 замима мегардад.
6. Таъминоти молиявии Барнома
40. Татбиқи Барномаи мазкур маблағгузории махсуси буҷетиро тақозо намекунад ва аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор дар доираи салоҳиятҳои онҳо ва маблағҳои лоиҳаҳои кӯмаки техникии ташкилотҳои донорӣ анҷом дода мешавад.
7. Механизми татбиқи Барнома
41. Назорати умумӣ ва ҳамоҳангсозии ҷараёни татбиқи Барномаи мазкурро Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои муқарраргардида анҷом медиҳад.
42. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати ташаббусгари таъсиси Гурӯҳи корӣ оид ба мониторинги ҷараёни татбиқи Барномаи мазкур баромад мекунад. Ҳангоми гузаронидани мониторинг бояд нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаи истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва натиҷаҳои фаъолияти истифодабарандагони қаъри замине, ки Барномаи мазкур ба онҳо нигаронида шудааст, ба инобат гирифта шавад.
43. Ба ҳайати гурӯҳи корӣ бояд намояндагони вазорату идораҳо воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалие, ки дар соҳаи беҳтарсозии муҳити соҳибкорӣ фаъолият мекунанд, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дохил бошанд.
Замима
Ба Барномаи беҳтаргардонии
ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи и
стифодабарии қаъри замин дар
Ҷумҳурии Тоҷикистон барои
солҳои 2012-2015
Нақшаи чорабиниҳо
Ниг. ба замима