Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Барномаи беҳтаргардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015
Мутобиқи моддаҳои 14 ва 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаи истифодаи қаъри замин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи беҳтаргардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорату идораҳои дахлдор ҳар семоҳа ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи беҳтаргардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 ҳисобот пешниҳод намоянд.
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири ҳар нимсола ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷараёни иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи беҳтаргардонии ҷолибияти сармоягузорӣ ба соҳаи истифодабарии қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2015 ҳисобот пешнихҳд намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 1 августи соли 2012 № 385
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О Программе по улучшению инвестиционной привлекательности сферы недропользования в Республике Таджикистан на 2012-2015 годы
В соответствии со статьями 14 и 18 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью дальнейшего развития сферы недропользования, Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу по улучшению инвестиционной привлекательности сферы недропользования в Республике Таджикистан на 2012-2015 годы (прилагается).
2. Соответствующим министерствам и ведомствам ежеквартально представлять в Государственный комитет по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан отчет о ходе выполнения Плана мероприятий по реализации Программы по улучшению инвестиционной привлекательности сферы недропользования в Республике Таджикистан на 2012-2015 годы.
3. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в конце каждого полугодия представлять в Правительство Республики Таджикистан отчет о ходе выполнения Плана мероприятий по реализации Программы по улучшению инвестиционной привлекательности сферы недропользования в Республике Таджикистан на 2012-2015 годы.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 1 августа 2012 года, № 385