Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, № 529 "Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои буҷети давлатии ҳамасола пешбинишаванда барои соҳаи маориф ҷихати амалӣ намудани чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2015 тадбирҳои зарурӣ андешанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3. Вазорату кумитаҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ доранд, доир ба ҷалб намудани захираҳои моддию техникӣ ва молиявии давлатӣ, ғайрибуҷетӣ, корхонаҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳо, институтҳои молиявии байналмилалӣ (бонкҳо, фондҳо), ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шахсони алоҳида ва дигар сарпарастон барои татбиқи амалии масъалаҳои Барномаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии лоиҳаҳои инвеститсионии хориҷӣ бо афзалияти ҷалби маблағҳои сарпарастон дар шакли грантҳо, ёриҳои беғаразона, инчунин карзҳои дарозмуддати бефоиз талаботи маблағгузории Барномаи мазкурро ба инобат гиранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

аз 2 ноябри соли 2007 № 529

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Государственной программе развития профессионального образования в Республике Таджикистан на 2008-2015 годы

(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)

В соответствии со статьей 28 Закона Республики Таджикистан "Об образовании" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Одобрить Государственную программу развития профессионального образования в Республике Таджикистан на 2008-2015 годы (прилагается).

2.Министерству образования и науки Республики Таджикистан, Министерству экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерству финансов Республики Таджикистан в пределах средств ежегодно предусматриваемых из государственного бюджета для сферы образования принять необходимые меры для реализации мероприятий Государственной программы развития профессионального образования в Республике Таджикистан на 2008-2015 годы (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

3.Министерствам и комитетам, имеющим подведомственные учебные заведения профессионального образования, принять необходимые меры по привлечению материально-технических и финансовых ресурсов государственных, внебюджетных, коммерческих предприятий и организаций, международных финансовых институтов (банков, фондов), общественных организаций, отдельных личностей и других спонсоров для реализации задач предусмотренных указанной Программой.

4.Министерству образования и науки  Республики Таджикистан совместно с Министерством экономического развития и торговли Республики Таджикистан, Министерством финансов Республики Таджикистан и Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан при рассмотрении проектов внешних инвестиций учесть потребности финансирования указанной Программы с приоритетом привлечения средств спонсоров в форме грантов, безвозмездной помощи, а также долгосрочных кредитов на беспроцентной основе (в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66).

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                    Э.Рахмонов

от 2 ноября 2007 года № 529

г.Душанбе