Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2012, № 350 "Дар бораи масъалаҳои Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе"

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Мақоми идоракунии Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе" Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи корӣ таъсис дода, қабулу супоридани Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе"-ро таъмин намояд. (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

3. Аз Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои зерин хориҷ карда шаванд:

"Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг";

"Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе".

4. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг";

"Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе".

5. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намуда, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин қарор бармеоянд, таклиф пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

6. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ Раҳмон

аз 4 июли соли 2012, № 350

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи масъалаҳои Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе"

Мутобиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Мақоми идоракунии Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе" Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.

2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи корӣ таъсис дода, қабулу супоридани Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе"-ро таъмин намояд.

3. Аз Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои зерин хориҷ карда шаванд:

"Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг";

"Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе".

4. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг";

"Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе".

5. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намуда, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин қарор бармеоянд, таклиф пешниҳод намоянд.