Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, №313
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Қоидаҳои ҳисобкунии музди миёнаи меҳнат барои пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ, кӯмакпулӣ дар вақти аз кор рафтан, кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки ба пардохти музди миёнаи меҳнат алоқаманданд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2007, № 313 тасдиқ карда шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- банди 14 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"14. Музди миёнаи якрӯзаи меҳнат барои ҳисоб кардани кӯмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ бо роҳи тақсими музди меҳнати моҳона ба ҳамаи рӯзҳои кории моҳи корношоямӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба андозаи кӯмакпулии марбута бо ҳисоби фоиз нисбат ба музди меҳнати моҳона (аз 60 то 100 фоиз) кӯмакпулии рӯзона бо роҳи зарб задан ба теъдоди рӯзҳои корие, ки дар ҳамин моҳ дар натиҷаи корношоямӣ аз даст дода шудаанд, муайян карда мешавад.";
- дар банди 15:
- ҷумлаи якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Барои кормандони дорои низоми мукофотии музди меҳнат, ҳисобкунии музди меҳнати моҳона барои пардохти вақти корношоямии муваққатӣ аз ҳисоби музди меҳнати моҳонаи се моҳи пурраи корӣ пеш аз корношоямии муваққатии корманд анҷом дода мешавад.";
- аз ҷумлаи дуюм калимаи "миёнаи" хориҷ карда шавад.
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ санадҳои худро ба қарори мазкур мувофиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июни соли 2012, № 349
ш. Душанбе