Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.05.2014 № 303 аз эътибор соқит дониста шуд.
Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003, №302
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2003, №302 "Дар бораи тасдиқи коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, ҷойҳои беоб ва ноҳияҳои баландкӯҳ" калимаҳои "музди меҳнати ҳадди ақал" ба калимаҳои "ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд.
2. Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июни соли 2012, № 347,
ш. Душанбе