Тартиби ташкили ёрии тиббӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ аз 30 июни соли 2012, № 340

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2012, № 340

тасдиқ шудааст

Тартиби ташкили ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои роҳу нақлиёт

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453)

1. Муқаррароти умумӣ

Тартиби ташкили ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои роҳу нақлиёт тибқи талаботи моддаи 35 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" таҳия гардида, раванди расонидани ёрии тиббиро ҳангоми садамаҳои гуногун аз ҷониби шаҳрвандон, хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ, мақоми давлатии бартарафкунандаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамгироии онҳоро танзим менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

Ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ёрии аввалияи тиббӣ вобаста ба шумораи маҳдуди осебдидагон (на бештар аз 3 нафар), бо шумораи зиёди осебдидагон (бештар аз 3 нафар) ва бо шумораи хеле зиёди осебдидагон (фалокатҳо) ташкил карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

2. Тартиби ташкили ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт (на бештар 3 нафар ва бештар аз 3 нафар)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453)

1. Азназаргузаронии аввалияи осебдидагон ва ҷои ҳодиса дар давоми 10-30 сония гузаронида шуда, ҳолати аслии садама бояд муайян карда шавад.

2. Ҳолати осебдидагон бо тартиби зерин муайян карда мешавад:

- ҳолати ҳуш (баҳуш, беқуш, ҷавоб медиҳад ё не, нимкарахт);

- таппиши набз дар варидҳои марказӣ (дар ҳолати назадани набз гузаронидани чораҳои наҷотбахшӣ);

- нишонаҳои нафаскашӣ (дар ҳолати набудани нафас таъмин намудани нафасдиқии сунъӣ);

- хунравӣ ва намуди он (агар бошад, боздоштани он);

- ҷой доштани шикасти устухонҳо.

3. Ҳангоми осеббардорӣ дар натиҷаи садамаи роҳу нақлиёт то омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ ё то пайдоиши нишонаҳои фавти биологӣ ёрии аввалияи тиббии маҷмӯӣ бо дарназардошти ҳолати шахси осебдида расонида мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

4. Дар сурати беҳуш будан ва набз надоштани осебдида, бояд амалҳои зерин иҷро карда шавад:

а) агар набзи марказӣ набошад (шараёнҳои хоб, рон, китф), вақтро ба санҷиши нишонаҳои нафаскашӣ сарф кардан мумкин нест;

б) бо дарназардошти ҷойҳои шикаста, беморро эҳтиёткорона ба пушт дар сатҳи ҳамвор хобонида, қафаси синаашро аз либос озод ва камарбандро дур кардан лозим аст;

в) дарёфти сарҳади сеяки миёна ва поёнии қафаси сина ва бо ду ангушт пахш намудани изофаи шамшермонанди туш;

г) задани мушт ба нуқтаи дарёфтшуда (муштзанӣ ҳангоми таппиши набз ва шикасти қафаси сина ва қабурғаҳо манъ аст);

д) оғози маҳси пӯшидаи дил (чуқурии фишороварӣ 4-5 см, 60-70 адад дар 1 дақиқа) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453);

е) осебдидаро ба пушт хобонида, сарашро қафо партофта, пас аз тоза намудани ҷисмҳои ғайр (луоби даҳон ва боқимондаи хӯрок ва ғ.), биниашро пахш намуда, бо даст ҷоғашро поён карда, нафасдиҳии сунъиро тавассути даҳон оғоз намудан лозим аст;

ё) ҳангоми нафасдиҳии дуруст, ҳаракати кафаси сина дида мешавад, дар сурати мушоҳида нашудани ҳаракати қафаси сина, такроран ковокии даҳонро тоза ва ҷоғро поён кардан зарур аст;

ж) дар сурати гузаронидани наҷотдиҳии маҷмӯӣ як наҷотдиҳанда ду нафас ва 15 фишоровариро анҷом дода, ҳангоми иштироки ду наҷотдиҳанда 1 нафас ва 5-6 фишороварӣ иҷро карда мешавад;

3) амалҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми мушоҳида шудани ҳолатҳои зерин самаранок арзёбӣ карда мешавад:

- тангшавии гавҳараки чашм;

- сурхшавии пӯст;

- барқароршавии нафас ва дилзанӣ;

- барқароршавии ҳуш;

и) ҳангоми самаранок будани амалҳои наҷотдиҳӣ боздоштани онҳо мумкин нест (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

5. Дар сурати беҳуш будан, вале набз доштани осебдида, бояд амалҳои зерин иҷро карда шаванд:

- осебдидаро (худаш ё сарашро) ба паҳлӯ ва ё шикам хобонидан зарур аст;

- роҳҳои болоии нафасро аз ҷисмҳои ғайр (луоби даҳон ва боқимондаи хӯрок ва ғайра) тоза намудан лозим аст;

- бригадаи ёрии таъҷилии тиббиро даъват намудан зарур аст;

- вобаста ба имконияти мавҷуда ба сари осебдида ях гузоштан лозим аст;

- то омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ назорат намудани ҳолати осебдида (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

6. Дар сурати баҳуш будан ва набз доштани осебдида, ҳангоми бардоштани осебҳои вазнин (ҳангоми садама, афтидан аз баландӣ, ғарқшавӣ), ӯро ба паҳлу хобонида, бригадаи ёрии таъҷилии тиббиро даъват намудан зарур аст.

7. Ҳангоми осеббардорӣ дар осебдида метавонанд намудҳои зерини хунравӣ мушоҳида карда шавад:

- хунравии шараёнӣ;

- хунравии варидӣ;

- хунравии капиллярӣ.

8. Хунравии шараёнӣ нишонаҳои зерин дорад:

- ранги сурхи баланди хун;

- ҷоришавӣ ва зиёдшавии хунравӣ ҳангоми таппиши набз.

9. Қоидаҳо ва усулҳои боздоштани хунравии шараёнӣ:

а) бо ангушт пахш намудани болотар аз мавзеи хунравӣ дар дасту пойҳо, поёнтар аз сар, гардан;

б) гузоштани резинаи боздорандаи хун болотар аз оринҷ ва зону бо қайд намудани вақти гузоштани он;

в) қаткунии максималӣ:

- мондани болиштак аз тарафи сатҳи дарунии дасту пой;

- қаткунии максималии дасту пой ба воситаи болиштак ва мустаҳкамкунӣ бо камарбанд ё дока бо кашиши пурқувват;

- мӯҳлат - 1,5 соат;

- истифодаи усули мазкур ҳангоми шикасти устухонҳо мумкин нест.

10. Қоидаҳои гузоштани резинаи боздорандаи хун:

- ба дасту пойҳо аз болои қабати матоъ гузоштани резинаи боздорандаи хун ва бастани он;

- сахт кашидани гиреҳи якум (нишонаи дурустии гузоштани резинаи боздорандаи хун - қатъ гардидани хунравӣ ва набудани набз поёнтар аз мавзеи резинаи гузошташуда);

- бастани гиреҳҳои минбаъда бо қувваи камтар;

- мустаҳкамкунии гиреҳ ва мондани навиштаҷоти вақт;

- гузоштани бандинаи асептикӣ;

- дар фасли зимистон пӯшонидани дасту пойҳо;

- ҳангоми кабудшавӣ ва варами дасту пойҳо, ҳарчи зудтар кушодани резинаи боздорандаи хун ва аз сари нав бастани он;

- мӯҳлати нигоҳдории резинаи боздорандаи хун на бештар аз 1,5 соат;

- осебдида ҳарчи барвақтар ба беморхона расонида шавад, ҳамон қадар хубтар аст;

- ҳангоми хунравии шараёнӣ бандинаи резинӣ аз захм боло бояд гузошта шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453)

- барои кашидани либос вақт сарф кардан мумкин нест; гузоштани резинаи боздорандаи хун бе қабати матоъ; гузоштани резинаи боздорандаи хун поён аз оринҷ ва зону.

11. Нишонаҳои хунравии варидӣ:

- ранги хун сурхи сиёҳтоб;

- ҷоришавии хун бе таппиши набз.

12. Барои боздоштани хунравии варидӣ бандинаи таранги фишордиҳанда бо фатилабандии захм гузошта мешавад.

13. Ҳангоми бенатиҷа анҷом ёфтани манъкунии хунравӣ бо бандинаи таранги фишордиҳанда хунравии варидӣ бо гузоштани резинаи боздорандаи хун анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

14. Нишонаҳои хунравии капиллярӣ:

- ранги хун сурх;

- фаввораи хун мушоҳида намешавад;

- хунравии тамоми сатҳи захм.

15. Барои боздоштани хунравии капиллярӣ бандинаи фишордиҳандаи асептикӣ гузошта мешавад.

16. Қоидаҳои гузоштани бандинаҳо:

- тозакунии аввалияи захм, дур кардани ҷисмҳои бегонаи ба осонӣ дастрасбуда, шустани захм бо маҳлулҳои безараркунанда;

- коркард намудани канорҳои захм ва ҷойҳои хароши хурд бо маҳлулҳои йод ва ранги анилин, шустани сатҳи захм бо маҳлули 3% диоксидигидроген, хушк кардан;

- гузоштани докаи асептикӣ ба захм, агар бандинаи таранги фишордиҳанда лозим бошад, мувофиқи андозаи захм якчанд докаҳоро гузоштан лозим аст;

- докапеч кардани захм бо тарзи ҳаштгона ё бо часпи захм (лейкопластир) мустаҳкам кардани он;

- бандинаи асептикӣ маҳкам баста мешавад, вазифаи асосӣ - нигоҳ доштани докаҳо дар захм;

- мустаҳкам бандинабандӣ кардан то қатъ гардидани хунравӣ;

- бандинаи ноҷунбонкунӣ бо гузоштани ҷисми сахт (чӯбтахта, сихи оҳанин ва ғайра) бо ноҷунбонкунии ду буғум аз гирди захм ё ҷои шикасти устухон) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453);

- захмро бо об шустан, рехтани маҳлулҳо ба болои захм, мондани пахта мумкин нест.

17. Ҳангоми ҷароҳатбардории қафаси сина даъват кардани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ талаб карда мешавад.

18. То омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ амалҳои зерин иҷро карда шавад:

а) пахш кардан кафи даст ба захм ва маҳкам кардани роҳи ҳаводароӣ;

б) гузоштани бандинаи ҳавонагузаранда бо тартиби зерин:

- гузоштани дока;

- гузоштани маводи герметикии ҳавоногузар (полиэтилен) аз болои дока;

- маҳкам кардан бо часпи захм, бандина бояд ҳавоногузар бошад;

в) шинонидани бемор ва ба ёрии таъҷилии тиббӣ супурдан;

г) аз захм баровардани ҷисмҳои бегона, ҳаракат намудан, хоб кардан мумкин нест.

19. Ҳангоми ҷароҳатбардории ковокии шикам даъват кардани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ талаб карда мешавад.

20. То омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ амалҳои зерин иҷро карда шавад:

- докапеч кардани захм, бо часпи захм мустаҳкам кардани он;

- хобонидани бемор дар ҳолати пойҳояш ба боло ва кушодани камарбанди ӯ;

- узвҳои баромадаро дарун даровардан, ба бемор додани нӯшокӣ мумкин нест.

21. Ҳангоми шикасти дасту пойҳо даъват кардани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ талаб карда мешавад.

22. То омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ муайян кардани намуди шикаст (аён ё ноаён) ва бо тартиби зерин амал намудан:

а) боздоштани хунравӣ;

б) гузоштани бандинаи асептикӣ ба ҷои шикаст;

в) ҷабирагузорӣ; қоидаҳои ҷабирагузорӣ:

- агар имконияти даъват кардани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ мавҷуд бошад, аз гузоштани ҷабира бояд худдорӣ намуд;

- андозаи ҷабира вобаста ба мавзеи беосеби дасту пой гирифта мешавад;

- ҳангоми ҷабирагузорӣ як буғум поёнтар аз ҷои шикаст ва як буғум болотар беҳаракат карда мешавад;

г) гузоштани ҷабира ба осебдидае, ки дар ҳолати курбоққамонанд қарор дорад, мустақилона ҷобаҷогузорӣ кардани устухонпораҳо мумкин нест.

23. Ҳангоми фишурдашавии дарозмуддати дасту пойҳо даъват кардани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва хадамоти наҷотдиҳӣ талаб карда мешавад.

24. То омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва хадамоти наҷотдиҳӣ амалҳои зерин иҷро карда шавад:

- мондани халтачаҳои ях;

- додани 1-1,5 гр. аналгин;

- додани нӯшокии зиёди ширгарм;

- пеш аз озод намудан болотар аз мавзеи фишурдашуда мондани резинаи ҳимоятии боздорандаи хун;

- баъди озодкунӣ бандинабандии мустаҳкам ва ҳатман гузоштани ҷабира;

- такроран мондани халтачаҳои ях, додани нӯшокии зиёд;

- бистаригардонӣ танҳо баъди гузоштани ҷабира;

- супурдан ба бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҳамаи марҳилаҳо;

- пас аз 15 дақиқаи фишурдашавӣ то гузоштани резинаи боздорандаи хун ва додани нӯшокии зиёд, монеаи гардиши хунро бартараф кардан мумкин нест.

25. Хунукзанондан ҳангоми таъсири хунукӣ ба ягон қисми бадан вуҷуд меояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

а) рагҳо танг мешаванд, дар натиҷа норасоии гардиши хун дар қисми муайяни бадан рӯй медиҳад, ки бо сафедчатоб шудани пӯст зоҳир мегардад;

б) вобаста ба ҳаҷми иллати бадан се намуди хунукзанӣ вуҷуд дорад:

- сафедшавӣ ва сурхшавии пӯст;

- пайдоиши пуфакчаҳо;

- карахтшавии (некрози) қисмҳои хунукзадаи бадан.

26. Ҳангоми хунукзании қисмҳои бадан то омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ ёрии аввалия расонида мешавад, ки мақсади асосии он барқароркунии зуди гардиши хун мебошад:

- дар сурати хунукзании дараҷаи якум қисмҳои баданро то гармшавии онҳо бо дастон маҳс кардан ё ба қадри имкон, ба ваннаи бо оби ҳарораташ хонагӣ (18-20 дараҷа) ҷойгир намудан;

- баъди гармшавии қисмҳои хунукзадаи бадан ба онҳо бандинаи бо марҳами бор ё вазелин мегузоранд;

- ҳангоми хунукзании дараҷаи дуюм ва сеюм ёрии аввалияи тиббиро ба осебдида дар хонаи нисбатан гарм мерасонанд;

- қисмҳои хунукзадаи баданро бо оби ҳарораташ хонагӣ (1820 дараҷа) мешӯянд, баъд ба рӯи онҳо докаеро мегузоранд, ки дар обе тар карда шудааст, ки онро мунтазам гарм мекунанд, ҳамзамон осебдида бояд бо дасту пояшро ҳаракат диҳад;

- баъди барқароршавии гардиши хун, қисми хунукзадаи баданро бо докаи тоза мепӯшонанд ва мебанданд;

- ба осебдида нӯшокии ширгарм медиҳанд;

- осебдидаро ба муассисаи тиббӣ интиқол додан лозим аст;

- ҷойҳои хунукзадаро бо барф молидан мумкин нест, зеро дар ҷараёни молидан пӯст мумкин аст захмӣ шавад.

27. 27. Ҳангоми хунукзании умумӣ, ки тамоми баданро хунук задааст аввал ҳисси мондашавӣ, хоболудӣ зоҳир гардида, одам камқувват ва ҳангоми пастшавии ҳарорати бадан беҳуш мешавад, чораҳои зерин андешида мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453):

- шахси хунукзадаро дар хонаи андаке гарм мехобонанд, баъдан ӯро ба ваннаи бо оби ҳарораташ хонагӣ (18-20 дараҷа) мегузоранд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453);

- бадани осебдидаро бо об мешӯянд, аввал бо оби ҳарораташ хонагӣ, баъд бо оби ҳарораташ торафт зиёдшаванда (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453);

- баъди ин, фавран ба наҷотбахшии осебдида шурӯъ мекунанд;

- баъди баҳуш омадан ба осебдида бояд ҷой ё каҳваи сиёҳ нӯшонида шавад, бо кӯрпаи гарм печонида шавад;

- интиқоли ҳарчи зудтари ӯ ба муассисаи тиббӣ ташкил карда шавад.

28. Қоидаҳои интиқоли осебдидагон (пули нидерландӣ):

- осебдида дар ҳолати ба пушт ё ба паҳлӯ хобида интиқол дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453);

- иштироки 3 ва ё зиёда одамон хубтар хоҳад буд;

- наҷотдиҳандаи аввал сару китфи осебдидаро медорад;

- дуюмаш косу дастони ӯро дошта, амалҳои дастаро идора менамояд, "як, ду гирифтем!" гуфта, супориш медиҳад;

- наҷотдиҳандаи сеюм попанҷаҳо ва соқҳоро медорад;

- ҳамаи наҷотдиҳандагон аз як тарафи осебдида, занбар дар тарафи муқобил қарор дорад;

- агар наҷотдиҳандагон зиёд бошанд ва онҳо аз ду тарафи осебдида ҷойгир бошанд, занбарро аз тарафи пойҳо ҷойгир мекунанд;

- вазифаи наҷотдиҳандагон таъмин намудани уфуқӣ ва беҳаракат будани осебдида ҳангоми аз як ҷо ба дигар ҷо гузоштан ва интиқол додани ӯ мебошад;

- ҳангоми интиқоли осебдида бо занбар ба боло бо зинапоя, ба даруни нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва ё ба пеш, бояд сари осебдида дар пеш бошад;

- ҳангоми интиқоли осебдида ба поён бо зинапоя, баровардан аз даруни нақлиёт, бояд пойҳояш аз пеш оянд;

- шахсе, ки аз пеш меравад роҳро интихоб намуда, шахсони аз қафо омадаро аз монеаҳо огоҳ мекунад;

- шахсони аз қафо омадаистода ҳолати беморро назорат менамоянд.

29. Нишонаҳои асосии ҳолатҳои барои ҳаёт хатарнок инҳоянд:

- марги клиникӣ: набудани ҳуш, набзи марказӣ, нафаскашӣ, аксуламали гавҳаракони чашм ба рӯшноӣ;

- марги биологӣ: аломатҳои марги клиникӣ бар илова хушкшавии қарнияи чашм (тирашавии пардаи чашм, шаклдигаркунии мардумаки чашм ҳангоми зер кардан бо ду ангушт-нишонаи Белоглазов), доғҳои гипостатикӣ (ҷасад), шахшавии ҷасад;

- иғмо (афсурдашавии устувори ҳуш): афсурдашавии ҳуш (бемор ба саволҳо ҷавоб намедиҳад), нишонаҳои ҳаёт (нафаскашӣ, таппиши дил) вуҷуд дорад, аксуламал ба дард мувофиқ нест;

- зарба (шок) ҳолати патологии организм, бо аломатҳои норасоии гардиши хун ҷавобан ба омилҳои гуногуни зиёновар (дард, хунравӣ, осеби мағзи сар, заҳролудшавӣ ва ғайра). Нишонаҳо: одатан осебдида баҳуш аст, пӯсташ рангпарида, намнок, фишори шараёнӣ якбора паст шудааст (набзи марказӣ ҳис карда мешавад, аммо набзи канорӣ не, таппиши дил зиёда аз 100 зарба дар 1 дақиқа мебошад);

- хунравии шараёнӣ: ранги хун сурхи баланд, фавра мисли фаввора, набз мезанад, лӯлача дар болои захм аз хуни ҷоришаванда, суръати хунравӣ хеле зиёд аст;

- хунравии варидӣ: ранги хун хеле тира, бо фаввораи ғайрифаъол бе набззанӣ ҷорӣ мешавад;

- хунравии капиллярӣ: аз тамоми сатҳи захм хун меравад;

- аломатҳои ғаркшавии ҳақиқӣ: қабудшавии пӯсти рӯй ва гардан, варам кардани рагҳои гардан, фаровон ҷудо шудани кафк аз бинӣ ва даҳон, фарорасии марги клиникӣ эҳтимол дорад;

- беҳушшавӣ: азхушравии кӯтоҳмуддат, эҳтимол нишонаҳои пешакӣ вуҷуд дошта бошад - заифшавии яку якбора, торикшавии пеши чашм, садо дар гӯшҳо;

- аломатҳои фишурдашавии дарозмуддат (баъди 15 дақиқаи фишорорӣ бо қатъшавии гардиши хун пайдо мешавад), дарди шадиди аз аввал буда ба беҳисии умумӣ иваз мешавад, вуҷуд надоштани набзи ғайримарказӣ дар дасту пойҳои осебдида. Баъди озод кардани дасту пойҳо ҳолати бемор бадтар мешавад (пайдошавии пешоби гулобӣ, нафастангии шадид, варами чӯбмонанди дасту пойҳои осебдида);

- шикасти ноаён: дарди сахт дар дасту пойҳо ҳангоми ҳама гуна кӯшиши ҳаракат кардан, дигаргуншавии шакли дасту пойҳо, варам дар ҷойи шикаст, кӯтоҳшавии дасту пойҳо, пайдошавии ҳаракати ғайритабиии устухонпораҳо;

- шикасти аён: мисли нишонаҳои дар боло номбурда ва ғайр аз ин, устухонпораҳои намудор, одатан, бо хунравӣ шадид мегардад.

30. Дар сурати ғайриимкон будани расонидани ёрии тахассусии тиббӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини наздик, даъват намудани авиатсияи санитарӣ зарур аст.

3. Тартиби ташкили ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо миқдори зиёди осебдидагон (фалокатҳо)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453)

31. Фалокат - ин ё он ҳодисаи алоқаманд ба офатҳои табиӣ, рӯйдодҳо ё дигар зуҳурот, ҳангоме ки байни миқдори зиёди осебдидагон аз як тараф, ва қувваю воситаю хадамоти тиббии шаҳр, минтақа аз тарафи дигар номутавозинӣ ба вуҷуд меояд.

32. Ҳангоми рӯй додани фалокат огоҳонии таъҷилии мақомоти маҳаллӣ, аҳолӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти ёрии тиббӣ ва дигар хадамот аз ҳодисаи фалокат ва андешидани амалҳои ташкилии дахлдор зарур мебошад. Маҳаки эълон кардани фалокат на ҳар садамаи муқаррарӣ, балки садамае мебошад, ки шумораи осебдидагон аз имкониятҳои ёрии таъҷилии шаҳр, минтақа зиёд бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

33. Аслан ҳангоми тақрибан дар як вақт зарар дидани 6-8 ва ё зиёдтар осебдидаи вазнин ба 100 ҳазор аҳолӣ фалокат эътироф мегардад.

34 Хориҷ карда шуд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

35. Ҳангоми ташкили ёрии тиббӣ дар ҷои фалокат ва баъдан дар муассисаҳои табобатӣ, ба гурӯҳҳо тақсим кардани осебдидагон аҳамияти муҳим дода мешавад.

36. Тақсимкунии тиббии осебдидагон ба гурӯҳҳо ин ба гурӯҳҳои якхела ҷудо намудани осебдидагоне мебошад, ки ба онҳо кӯмаки якхелаи тиббӣ расонида мешавад.

37. Мақсади асосии тақсимкунии тиббии осебдидагон ба гурӯҳҳо аз инҳо иборат аст:

- муайян намудан ва расонидани ёрии тиббӣ ба гурӯҳи осебдидагони ҳолаташон нисбатан вазнин;

- ташхиси ҳадди аксар дақиқ сарфи назар аз маҳдуд будани вақт;

- дар асоси ташхиси гузошташуда дакиқ муайян намудани навбат ва усулҳои тахлия (эвакуация) ба ҷойи таъиншуда.

38. Дар ин марҳила ҳангоми тақсимкунии тиббӣ ба гурӯҳҳо таваҷҷуҳ бояд ба муайян кардани беморони ба намудҳои ёрии тиббии зерин эҳтиёҷдошта ҷалб карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453):

- барқарор кардан ва нигоҳ доштани гузарандагии роҳҳои нафас;

- бартараф кардани пневмоторакси шадид;

- гузоштани бандинаи ҳавонагузаранда (окклюзионӣ) ҳангоми захмҳои воридшавандаи қафаси сина;

- боздоштани хунравии берунӣ тавассути усулҳои муваққатӣ (фатилазанӣ, бандинаҳо ва резинаи фишороваранда);

- гузоштани система барои маҳлулгузаронии дарунворидӣ;

- тадбирҳои маҷмӯии наҷотбахшӣ эҳтиёҷ доранд.

39. Ҳангоми ҷой доштани шумораи зиёди осебдидагон бояд дар як соат то 40 бемор ба гурӯхҳои тиббӣ тақсим карда шавад.

40. Баҳодиҳии вазнинии ҳолати шахси осебдида ҳар 20-30 дақиқа имкон медиҳад хунравии дохилӣ тахмин (ташхис) карда шавад, нишонаҳои афзояндаи ҳолати ҳуши осебдида ва ғайра муайян карда шавад.

41. Тақсимкунии тиббии осебдидагон ба гурӯҳҳо дар майдони махсус бо усули бригадавӣ гузаронида мешавад.

42. Аз рӯи натиҷаи тақсимкунии тиббии осебдидагон ба осебдида маълумотномаи ҷадвалӣ (талон) дода мешавад, ки дар он гурӯҳи тақсимкунонӣ ва маълумоти дигари зарурӣ сабт карда мешавад. Маълумотномаи ҷадвалиро дар рӯи кафаки пойафзоли осебдида насб кардан хубтар аст.

43. Ҳангоми тақсимкунии тиббии осебдидагон дар ҷои фалокат онҳо ба 4 гурӯҳ ҷудо карда мешаванд, ки барои ҳар як гурӯҳ ранги хос (маълумотномаи ҷадвалӣ) мувофиқ мебошад:

- (ранги сурх) - шахсони андозаи захмашон на он қадар калон, сӯхтагӣ, харошҳо, латхӯрда, шикасти устухонҳои хурд, ки барои узвҳои ҳаётан муҳим зарар намерасонад. Тахлияи ин гурӯҳи осебдидагонро ҳангоми зарурат то 1,5-2 соат мавқуф гузоштан мумкин аст;

- (ранги сабз) - осебдидагоне, ки ба кӯмаки наҷотбахшӣ ва/ё амалиёти ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз доранд. Ба ин гурӯҳ осебдидагонеро шомил намудан лозим аст, ки ба ҷарроҳии фавқулодда фаврӣ эҳтиёҷ доранд (фатилагузории дил, зарбаи (шок) вазнин дар заминаи хунравии вазнини дохилӣ ва ғ.);

- (ранги зард) - осебдидагоне, ки ба кӯмаки ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд, вале гардиши хун ва нафасгирии онҳо устувор буда, имконияти мавқуф гузоштани тахлияи онҳо дар доираи 40 дақиқа мавҷуд аст;

- (ранги сиёҳ) - осебдидагоне, ки хатари дараҷаи баланди фавдитан доранд: садамаи ногузир, сӯхтагиҳои амиқи паҳновар (зиёда аз 50 фоиз), осебҳои вазнини пайваста якҷоя бо сӯхтагиҳои амиқ, эвентратсияи пурраи узвҳои дохилӣ ҳангоми нуқсони калони девораи шикам, осебгирии фарох ё хеле вазнини яку якбораи 2-3 ҷойи дасту пойҳо (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

44. Ба гурӯҳи алоҳида осебдидагонеро ҷудо мекунанд, ки ҳолати равониашон ноустувор буда, онҳо бояд ба муассисаҳои бемориҳои равонию асаб интиқол дода шаванд. Ба ин гурӯҳи осебдидагон табобати камтарини доруворӣ зарур аст.

4. Ҳамбастагии хизматрасониҳои хадамоти таъҷилӣ ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453)

45. Банақшагирӣ, ташкил ва гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453):

а) мутамарказии роҳбарии корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба тариқи зайл анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453):

- ваколатҳои роҳбарии корҳои оид ба бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиётро роҳбари сохторе, ки аввалин шуда ба ҷои ҳодиса расидааст (Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти ҷустуҷӯӣнаҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Хадамоти бехатарии санитарӣ-эпидемиологӣ ва ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳдаи худ мегирад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453);

- ӯ ӯхдадориҳои роҳбари бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиётро то омадани шахси ваколатдоре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии холатҳои фавқулодда муайян намудаанд ё аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ таъин гардидааст, инчунин роҳбари ташкилоте, ки бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ ба салоҳияти он мансуб дониста шудааст, иҷро мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453);

- иҷрои қарорҳои роҳбари бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиёт барои ҳамаи шаҳрвандон, зерсохторҳое, ки дар бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ иштирок дорад, ҳатмӣ мебошад. Ҳеҷ кас ҳуқуқи ба кори роҳбарии ӯ оид ба бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ дахолат карданро надорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо тартиби муқарраршуда ӯро аз иҷрои вазифа озод намуда, роҳбариро ба зиммаи худ гирад ё шахси дигар ба ин вазифа таъин шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

б) тақсимоти саривақтии вазифаҳо дар бригадаи наҷотдиҳанда барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ба осебдидагон ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453);

в) ба 3 қитъа тақсим намудани иҷрои корҳои наҷотбахшӣ:

- дар қитъаи якум (дар масоҳати 5 метр) танҳо наҷотдиҳандагоне ҷойгир мешаванд, ки ба осебдидагон кӯмак мерасонанд;

- дар қитъаи дуюм (дар масоҳати 10 метр) аъзои дигари гурӯҳи наҷотдиҳӣ ҷойгир мешаванд, ки омодагии кори дастгоҳҳои наҷотдиҳиро таъмин мекунанд;

- дар қитъаи сеюм (дар доираи зиёда аз 10 метр) воситаҳои нақлиётии дастраскунандаи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса, воситаҳои равшанидиҳанда ва иҳотакунандаи қисми воситаҳои нақлиётии садамавӣ ҷойгир мешаванд;

г) пеш аз ҳама анҷом додани корҳо бо мақсади аз байн бурдани таъсири омилҳои осебофари дуюмдараҷа ба наҷотдиҳандагон ва осебдидагон ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт (таъсири гармии оташ, заҳролудшавии кимиёвӣ ва ғайра), инчунин аз байн бурдани амалҳое, ки метавонад боиси пайдошавии манбаъҳои омилҳои осебофари дуюмдараҷа шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453);

д) афзалият додан ба корҳое, ки барои таъминкунии дастрасӣ ба шахсони осебҳои вазнин бардошта, равона карда шудаанд;

е) таъмини ҳарчи зудтари дастрасӣ ба осебдидагон дар воситаи нақлиёти зарардида, ҷиҳати зудтар расонидани ёрии аввалияи тиббӣ;

ё) ба қисмҳо ҷудо намудани воситаи нақлиёт ҳангоми аз он баровардани осебдида, бо мақсади пешгирии осеббардории иловагӣ (хусусан бо осеби устухонҳои кос, қафаси сина, қисмии гардании сутунмӯҳра). Қарори фавран баровардани осебдида аз воситаи нақлиёт аз тарафи роҳбари корҳои наҷотдиҳӣ дар асоси хулосаи кормандони тиб қабул карда мешавад;

ж) пеш аз ҳама анҷом додани тадбирҳои тиббӣ, вобаста ба ҳолати осебдида:

- табобати зидди садамавӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453);

- бедардкунӣ;

- боздоштани хунравӣ;

- мустаҳкамкунии узвҳо ҳангоми шикаст, кафидани бофтаҳо ва ҳоказо.

5. Тартиби фаъолияти нуқтаҳои тиббӣ дар шоҳроҳҳо

46. Дар сурати масофаи байни муассисаҳои тиббии имконияти расонидани ёрии махсусгардонидаи тиббӣ дошта зиеда аз 60 км будан, нуқтаи тиббӣ ва алоқаи фаврии "03" барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ташкил карда мешавад.

47. Нуқтаҳои тиббӣ бояд дар наздикии шоҳроҳ ҷойгир бошад.

48. Аломати нуқтаи тиббӣ бояд дар канори шоҳроҳ ҷойгир карда шавад.

49. Нуқтаи тиббӣ бояд бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ҷиҳозонида шуда бошад, автомошинаҳои махсуси ёрии таъҷилии тиббӣ барои ворид шудан ба ҷойи ҳодиса дошта бошад, бо алоқаи шабонарӯзӣ таъмин буда, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият намояд.

50. Дар ноҳияҳои дурдаст ва мавзеъҳое, ки аз нуқтаҳои калони аҳолинишин дур ҷойгир шудаанд, бояд майдончаҳо барои нишастани чархбол мавҷуд бошад.

51. Дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандон ва кормандони дигари сохторҳои ҳангоми садамаҳои роҳу нақлиёт ёрирасонанда вобаста ба масъалаи мусоидат ба таҳлияи осебдидагони ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ ронандагон бояд ба онҳо мусоидат намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 453).

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2012, № 340

тасдиқ шудааст

Тартиби ташкили ёрии тиббӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ

1. Муқаррароти умумӣ

Тартиби ташкили ёрии тиббӣ ба осебдидагони ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ тибқи талаботи моддаи 37 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳаракат дар роҳ" таҳия гардида, раванди расонидани ёрии тиббиро ҳангоми садамаҳои гуногун аз ҷониби шаҳрвандон, хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ, мақоми давлатии бартарафкунандаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамгироии онҳоро танзим менамояд.

Ҳангоми ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ ёрии аввалияи тиббӣ вобаста ба шумораи маҳдуди осебдидагон (на бештар аз 3 нафар), бо шумораи зиёди осебдидагон (бештар аз 3 нафар) ва бо шумораи хеле зиёди осебдидагон (фалокатҳо) ташкил карда мешавад.

2. Тартиби ташкили ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон ҳангоми ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ (на бештар 3 нафар ва бештар аз 3 нафар)

1. Азназаргузаронии аввалияи осебдидагон ва ҷои ҳодиса дар давоми 10-30 сония гузаронида шуда, ҳолати аслии садама бояд муайян карда шавад.

2. Ҳолати осебдидагон бо тартиби зерин муайян карда мешавад:

- ҳолати ҳуш (баҳуш, беқуш, ҷавоб медиҳад ё не, нимкарахт);

- таппиши набз дар варидҳои марказӣ (дар ҳолати назадани набз гузаронидани чораҳои наҷотбахшӣ);

- нишонаҳои нафаскашӣ (дар ҳолати набудани нафас таъмин намудани нафасдиқии сунъӣ);

- хунравӣ ва намуди он (агар бошад, боздоштани он);

- ҷой доштани шикасти устухонҳо.

3. Ҳангоми осеббардорӣ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар роҳ то омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ ё то пайдоиши нишонаҳои фавти биологӣ ёрии аввалияи тиббии маҷмӯӣ бо дарназардошти ҳолати шахси осебдида расонида мешавад.

4. Дар сурати беҳуш будан ва набз надоштани осебдида, бояд амалҳои зерин иҷро карда шавад:

а) агар набзи марказӣ набошад (шараёнҳои хоб, рон, китф), вақтро ба санҷиши нишонаҳои нафаскашӣ сарф кардан мумкин нест;

б) бо дарназардошти ҷойҳои шикаста, беморро эҳтиёткорона ба пушт дар сатҳи ҳамвор хобонида, қафаси синаашро аз либос озод ва камарбандро дур кардан лозим аст;

в) дарёфти сарҳади сеяки миёна ва поёнии қафаси сина ва бо ду ангушт пахш намудани изофаи шамшермонанди туш;

г) задани мушт ба нуқтаи дарёфтшуда (муштзанӣ ҳангоми таппиши набз ва шикасти қафаси сина ва қабурғаҳо манъ аст);

д) оғози маҳси пӯшидаи дил (чуқурии фишороварӣ 3-5 см, 60-70 адад дар 1 дақиқа);

е) осебдидаро ба пушт хобонида, сарашро қафо партофта, пас аз тоза намудани ҷисмҳои ғайр (луоби даҳон ва боқимондаи хӯрок ва ғ.), биниашро пахш намуда, бо даст ҷоғашро поён карда, нафасдиҳии сунъиро тавассути даҳон оғоз намудан лозим аст;

ё) ҳангоми нафасдиҳии дуруст, ҳаракати кафаси сина дида мешавад, дар сурати мушоҳида нашудани ҳаракати қафаси сина, такроран ковокии даҳонро тоза ва ҷоғро поён кардан зарур аст;

ж) дар сурати гузаронидани наҷотдиҳии маҷмӯӣ як наҷотдиҳанда ду нафас ва 15 фишоровариро анҷом дода, ҳангоми иштироки ду наҷотдиҳанда 1 нафас ва 5-6 фишороварӣ иҷро карда мешавад;

з) ҳангоми гузаронидани наҷотдиҳии маҷмӯӣ бо иштироки ду ва ё зиёда наҷотдиҳандагон, яке аз онҳо рақами аввал ба ҳисоб рафта, амалҳои онҳо бо тартиби зерин сурат мегирад:

- рақами аввал аз тарафи рости осебдида қарор гирифта, маҳси пӯшидаи дилро гузаронида, фишоровариро ҳисоб намуда, барои оғоз намудани нафасдиҳӣ супориш медиҳад;

- рақами дуюм аз тарафи рости осебдида қарор гирифта, нафаси сунъӣ дода, самаранокии чораҳоро назорат менамояд;

- дар ҳолати ҳузур доштани наҷотдиҳандаи сеюм, ӯ рақами аввалро иваз менамояд;

и) рӯ ба рӯ истодани наҷотдиҳандагон, аз пушти ҳамдигар гузаштани онҳо, дахолат намудан ба кори онҳо мумкин нест;

й) амалҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми мушоҳида шудани ҳолатҳои зерин самаранок арзёбӣ карда мешавад:

- тангшавии гавҳараки чашм;

- сурхшавии пӯст;

- барқароршавии нафас ва дилзанӣ;

- барқароршавии ҳуш;

к) ҳангоми самаранок будани амалҳои наҷотдиҳӣ боздоштани онҳо мумкин нест.

5. Дар сурати беҳуш будан, вале набз доштани осебдида, бояд амалҳои зерин иҷро карда шаванд:

- осебдидаро (худаш ё сарашро) ба паҳлӯ ва ё шикам хобонидан зарур аст;

- роҳҳои болоии нафасро аз ҷисмҳои ғайр (луоби даҳон ва боқимондаи хӯрок ва ғайра) тоза намудан лозим аст;

- бригадаи ёрии таъҷилии тиббиро даъват намудан зарур аст;

- вобаста ба имконияти мавҷуда ба сари осебдида ях гузоштан лозим аст;

- то омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ назорат намудани ҳолати осебдида;

- осебдидаро дар ҳолати рӯ ба поён ва бе назорат гузоштан мумкин нест.

6. Дар сурати баҳуш будан ва набз доштани осебдида, ҳангоми бардоштани осебҳои вазнин (ҳангоми садама, афтидан аз баландӣ, ғарқшавӣ), ӯро ба паҳлу хобонида, бригадаи ёрии таъҷилии тиббиро даъват намудан зарур аст.

7. Ҳангоми осеббардорӣ дар осебдида метавонанд намудҳои зерини хунравӣ мушоҳида карда шавад:

- хунравии шараёнӣ;

- хунравии варидӣ;

- хунравии капиллярӣ.

8. Хунравии шараёнӣ нишонаҳои зерин дорад:

- ранги сурхи баланди хун;

- ҷоришавӣ ва зиёдшавии хунравӣ ҳангоми таппиши набз.

9. Қоидаҳо ва усулҳои боздоштани хунравии шараёнӣ:

а) бо ангушт пахш намудани болотар аз мавзеи хунравӣ дар дасту пойҳо, поёнтар аз сар, гардан;

б) гузоштани резинаи боздорандаи хун болотар аз оринҷ ва зону бо қайд намудани вақти гузоштани он;

в) қаткунии максималӣ:

- мондани болиштак аз тарафи сатҳи дарунии дасту пой;

- қаткунии максималии дасту пой ба воситаи болиштак ва мустаҳкамкунӣ бо камарбанд ё дока бо кашиши пурқувват;

- мӯҳлат - 1,5 соат;

- истифодаи усули мазкур ҳангоми шикасти устухонҳо мумкин нест.

10. Қоидаҳои гузоштани резинаи боздорандаи хун:

- ба дасту пойҳо аз болои қабати матоъ гузоштани резинаи боздорандаи хун ва бастани он;

- сахт кашидани гиреҳи якум (нишонаи дурустии гузоштани резинаи боздорандаи хун - қатъ гардидани хунравӣ ва набудани набз поёнтар аз мавзеи резинаи гузошташуда);

- бастани гиреҳҳои минбаъда бо қувваи камтар;

- мустаҳкамкунии гиреҳ ва мондани навиштаҷоти вақт;

- гузоштани бандинаи асептикӣ;

- дар фасли зимистон пӯшонидани дасту пойҳо;

- ҳангоми кабудшавӣ ва варами дасту пойҳо, ҳарчи зудтар кушодани резинаи боздорандаи хун ва аз сари нав бастани он;

- мӯҳлати нигоҳдории резинаи боздорандаи хун на бештар аз 1,5 соат;

- осебдида ҳарчи барвақтар ба беморхона расонида шавад, ҳамон қадар хубтар аст;

- барои кашидани либос вақт сарф кардан мумкин нест; гузоштани резинаи боздорандаи хун бе қабати матоъ; гузоштани резинаи боздорандаи хун поён аз оринҷ ва зону.

11. Нишонаҳои хунравии варидӣ:

- ранги хун сурхи сиёҳтоб;

- ҷоришавии хун бе таппиши набз.

12. Барои боздоштани хунравии варидӣ бандинаи таранги фишордиҳанда бо фатилабандии захм гузошта мешавад.

13. Ҳангоми хунравии варидӣ гузоштани резинаи боздорандаи хун мумкин нест.

14. Нишонаҳои хунравии капиллярӣ:

- ранги хун сурх;

- фаввораи хун мушоҳида намешавад;

- хунравии тамоми сатҳи захм.

15. Барои боздоштани хунравии капиллярӣ бандинаи фишордиҳандаи асептикӣ гузошта мешавад.

16. Қоидаҳои гузоштани бандинаҳо:

- тозакунии аввалияи захм, дур кардани ҷисмҳои бегонаи ба осонӣ дастрасбуда, шустани захм бо маҳлулҳои безараркунанда;

- коркард намудани канорҳои захм ва ҷойҳои хароши хурд бо маҳлулҳои йод ва ранги анилин, шустани сатҳи захм бо маҳлули 3% диоксидигидроген, хушк кардан;

- гузоштани докаи асептикӣ ба захм, агар бандинаи таранги фишордиҳанда лозим бошад, мувофиқи андозаи захм якчанд докаҳоро гузоштан лозим аст;

- докапеч кардани захм бо тарзи ҳаштгона ё бо часпи захм (лейкопластир) мустаҳкам кардани он;

- бандинаи асептикӣ маҳкам баста мешавад, вазифаи асосӣ - нигоҳ доштани докаҳо дар захм;

- мустаҳкам бандинабандӣ кардан то қатъ гардидани хунравӣ;

- бандинаи ноҷунбонкунӣ - бо бандинаи зиёд, таранг бастан, то ҳосилшавии бандинаи корсетӣ;

- захмро бо об шустан, рехтани маҳлулҳо ба болои захм, мондани пахта мумкин нест.

17. Ҳангоми ҷароҳатбардории қафаси сина даъват кардани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ талаб карда мешавад.

18. То омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ амалҳои зерин иҷро карда шавад:

а) пахш кардан кафи даст ба захм ва маҳкам кардани роҳи ҳаводароӣ;

б) гузоштани бандинаи ҳавонагузаранда бо тартиби зерин:

- гузоштани дока;

- гузоштани маводи герметикии ҳавоногузар (полиэтилен) аз болои дока;

- маҳкам кардан бо часпи захм, бандина бояд ҳавоногузар бошад;

в) шинонидани бемор ва ба ёрии таъҷилии тиббӣ супурдан;

г) аз захм баровардани ҷисмҳои бегона, ҳаракат намудан, хоб кардан мумкин нест.

19. Ҳангоми ҷароҳатбардории ковокии шикам даъват кардани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ талаб карда мешавад.

20. То омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ амалҳои зерин иҷро карда шавад:

- докапеч кардани захм, бо часпи захм мустаҳкам кардани он;

- хобонидани бемор дар ҳолати пойҳояш ба боло ва кушодани камарбанди ӯ;

- узвҳои баромадаро дарун даровардан, ба бемор додани нӯшокӣ мумкин нест.

21. Ҳангоми шикасти дасту пойҳо даъват кардани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ талаб карда мешавад.

22. То омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ муайян кардани намуди шикаст (аён ё ноаён) ва бо тартиби зерин амал намудан:

а) боздоштани хунравӣ;

б) гузоштани бандинаи асептикӣ ба ҷои шикаст;

в) ҷабирагузорӣ; қоидаҳои ҷабирагузорӣ:

- агар имконияти даъват кардани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ мавҷуд бошад, аз гузоштани ҷабира бояд худдорӣ намуд;

- андозаи ҷабира вобаста ба мавзеи беосеби дасту пой гирифта мешавад;

- ҳангоми ҷабирагузорӣ як буғум поёнтар аз ҷои шикаст ва як буғум болотар беҳаракат карда мешавад;

г) гузоштани ҷабира ба осебдидае, ки дар ҳолати курбоққамонанд қарор дорад, мустақилона ҷобаҷогузорӣ кардани устухонпораҳо мумкин нест.

23. Ҳангоми фишурдашавии дарозмуддати дасту пойҳо даъват кардани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва хадамоти наҷотдиҳӣ талаб карда мешавад.

24. То омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ ва хадамоти наҷотдиҳӣ амалҳои зерин иҷро карда шавад:

- мондани халтачаҳои ях;

- додани 1-1,5 гр. аналгин;

- додани нӯшокии зиёди ширгарм;

- пеш аз озод намудан болотар аз мавзеи фишурдашуда мондани резинаи ҳимоятии боздорандаи хун;

- баъди озодкунӣ бандинабандии мустаҳкам ва ҳатман гузоштани ҷабира;

- такроран мондани халтачаҳои ях, додани нӯшокии зиёд;

- бистаригардонӣ танҳо баъди гузоштани ҷабира;

- супурдан ба бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар ҳамаи марҳилаҳо;

- пас аз 15 дақиқаи фишурдашавӣ то гузоштани резинаи боздорандаи хун ва додани нӯшокии зиёд, монеаи гардиши хунро бартараф кардан мумкин нест.

25. Хунукзанондан ҳангоми таъсири хунукӣ ба ягон қисми бадан 6,1 вуҷуд меояд.

а) рагҳо танг мешаванд, дар натиҷа норасоии гардиши хун дар қисми муайяни бадан рӯй медиҳад, ки бо сафедчатоб шудани пӯст зоҳир мегардад;

б) вобаста ба ҳаҷми иллати бадан се намуди хунукзанӣ вуҷуд дорад:

- сафедшавӣ ва сурхшавии пӯст;

- пайдоиши пуфакчаҳо;

- карахтшавии (некрози) қисмҳои хунукзадаи бадан.

26. Ҳангоми хунукзании қисмҳои бадан то омадани бригадаи ёрии таъҷилии тиббӣ ёрии аввалия расонида мешавад, ки мақсади асосии он барқароркунии зуди гардиши хун мебошад:

- дар сурати хунукзании дараҷаи якум қисмҳои баданро то гармшавии онҳо бо дастон маҳс кардан ё ба қадри имкон, ба ваннаи бо оби ҳарораташ хонагӣ (18-20 дараҷа) ҷойгир намудан;

- баъди гармшавии қисмҳои хунукзадаи бадан ба онҳо бандинаи бо марҳами бор ё вазелин мегузоранд;

- ҳангоми хунукзании дараҷаи дуюм ва сеюм ёрии аввалияи тиббиро ба осебдида дар хонаи нисбатан гарм мерасонанд;

- қисмҳои хунукзадаи баданро бо оби ҳарораташ хонагӣ (1820 дараҷа) мешӯянд, баъд ба рӯи онҳо докаеро мегузоранд, ки дар обе тар карда шудааст, ки онро мунтазам гарм мекунанд, ҳамзамон осебдида бояд бо дасту пояшро ҳаракат диҳад;

- баъди барқароршавии гардиши хун, қисми хунукзадаи баданро бо докаи тоза мепӯшонанд ва мебанданд;

- ба осебдида нӯшокии ширгарм медиҳанд;

- осебдидаро ба муассисаи тиббӣ интиқол додан лозим аст;

- ҷойҳои хунукзадаро бо барф молидан мумкин нест, зеро дар ҷараёни молидан пӯст мумкин аст захмӣ шавад.

27. Ҳангоми хунукзании умумӣ тамоми баданро хунук задааст, аввал ҳисси мондашавӣ, хоболудӣ зоҳир мегардад, одам камқувват ва ҳангоми пастшавии ҳарорати бадан беҳӯш мешавад.

- шахси хунукзадаро дар хонаи андаке гарм мехобонанд, баъдан ӯро ба ваннаи бо оби ҳарораташ хонагӣ (18-20 дараҷа) мегузоранд;

- бадани осебдидаро бо об мешӯянд, аввал бо оби хунук, баъд бо оби ҳарораташ торафт зиёдшаванда;

- баъди ин, фавран ба наҷотбахшии осебдида шурӯъ мекунанд;

- баъди баҳуш омадан ба осебдида бояд ҷой ё каҳваи сиёҳ нӯшонида шавад, бо кӯрпаи гарм печонида шавад;

- интиқоли ҳарчи зудтари ӯ ба муассисаи тиббӣ ташкил карда шавад.

28. Қоидаҳои интиқоли осебдидагон (пули нидерландӣ):

- осебдида дар ҳолати ба пушт ё ба шикам хобида интиқол дода мешавад;

- иштироки 3 ва ё зиёда одамон хубтар хоҳад буд;

- наҷотдиҳандаи аввал сару китфи осебдидаро медорад;

- дуюмаш косу дастони ӯро дошта, амалҳои дастаро идора менамояд, "як, ду гирифтем!" гуфта, супориш медиҳад;

- наҷотдиҳандаи сеюм попанҷаҳо ва соқҳоро медорад;

- ҳамаи наҷотдиҳандагон аз як тарафи осебдида, занбар дар тарафи муқобил қарор дорад;

- агар наҷотдиҳандагон зиёд бошанд ва онҳо аз ду тарафи осебдида ҷойгир бошанд, занбарро аз тарафи пойҳо ҷойгир мекунанд;

- вазифаи наҷотдиҳандагон таъмин намудани уфуқӣ ва беҳаракат будани осебдида ҳангоми аз як ҷо ба дигар ҷо гузоштан ва интиқол додани ӯ мебошад;

- ҳангоми интиқоли осебдида бо занбар ба боло бо зинапоя, ба даруни нақлиёти ёрии таъҷилӣ ва ё ба пеш, бояд сари осебдида дар пеш бошад;

- ҳангоми интиқоли осебдида ба поён бо зинапоя, баровардан аз даруни нақлиёт, бояд пойҳояш аз пеш оянд;

- шахсе, ки аз пеш меравад роҳро интихоб намуда, шахсони аз қафо омадаро аз монеаҳо огоҳ мекунад;

- шахсони аз қафо омадаистода ҳолати беморро назорат менамоянд.

29. Нишонаҳои асосии ҳолатҳои барои ҳаёт хатарнок инҳоянд:

- марги клиникӣ: набудани ҳуш, набзи марказӣ, нафаскашӣ, аксуламали гавҳаракони чашм ба рӯшноӣ;

- марги биологӣ: аломатҳои марги клиникӣ бар илова хушкшавии қарнияи чашм (тирашавии пардаи чашм, шаклдигаркунии мардумаки чашм ҳангоми зер кардан бо ду ангушт-нишонаи Белоглазов), доғҳои гипостатикӣ (ҷасад), шахшавии ҷасад;

- иғмо (афсурдашавии устувори ҳуш): афсурдашавии ҳуш (бемор ба саволҳо ҷавоб намедиҳад), нишонаҳои ҳаёт (нафаскашӣ, таппиши дил) вуҷуд дорад, аксуламал ба дард мувофиқ нест;

- зарба (шок) ҳолати патологии организм, бо аломатҳои норасоии гардиши хун ҷавобан ба омилҳои гуногуни зиёновар (дард, хунравӣ, осеби мағзи сар, заҳролудшавӣ ва ғайра). Нишонаҳо: одатан осебдида баҳуш аст, пӯсташ рангпарида, намнок, фишори шараёнӣ якбора паст шудааст (набзи марказӣ ҳис карда мешавад, аммо набзи канорӣ не, таппиши дил зиёда аз 100 зарба дар 1 дақиқа мебошад);

- хунравии шараёнӣ: ранги хун сурхи баланд, фавра мисли фаввора, набз мезанад, лӯлача дар болои захм аз хуни ҷоришаванда, суръати хунравӣ хеле зиёд аст;

- хунравии варидӣ: ранги хун хеле тира, бо фаввораи ғайрифаъол бе набззанӣ ҷорӣ мешавад;

- хунравии капиллярӣ: аз тамоми сатҳи захм хун меравад;

- аломатҳои ғаркшавии ҳақиқӣ: қабудшавии пӯсти рӯй ва гардан, варам кардани рагҳои гардан, фаровон ҷудо шудани кафк аз бинӣ ва даҳон, фарорасии марги клиникӣ эҳтимол дорад;

- беҳушшавӣ: азхушравии кӯтоҳмуддат, эҳтимол нишонаҳои пешакӣ вуҷуд дошта бошад - заифшавии яку якбора, торикшавии пеши чашм, садо дар гӯшҳо;

- аломатҳои фишурдашавии дарозмуддат (баъди 15 дақиқаи фишорорӣ бо қатъшавии гардиши хун пайдо мешавад), дарди шадиди аз аввал буда ба беҳисии умумӣ иваз мешавад, вуҷуд надоштани набзи ғайримарказӣ дар дасту пойҳои осебдида. Баъди озод кардани дасту пойҳо ҳолати бемор бадтар мешавад (пайдошавии пешоби гулобӣ, нафастангии шадид, варами чӯбмонанди дасту пойҳои осебдида);

- шикасти ноаён: дарди сахт дар дасту пойҳо ҳангоми ҳама гуна кӯшиши ҳаракат кардан, дигаргуншавии шакли дасту пойҳо, варам дар ҷойи шикаст, кӯтоҳшавии дасту пойҳо, пайдошавии ҳаракати ғайритабиии устухонпораҳо;

- шикасти аён: мисли нишонаҳои дар боло номбурда ва ғайр аз ин, устухонпораҳои намудор, одатан, бо хунравӣ шадид мегардад.

30. Дар сурати ғайриимкон будани расонидани ёрии тахассусии тиббӣ дар нуқтаҳои аҳолинишини наздик, даъват намудани авиатсияи санитарӣ зарур аст.

3. Тартиби ташкили ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон ҳангоми ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ бо миқдори зиёди осебдидагон (фалокатҳо)

31. Фалокат - ин ё он ҳодисаи алоқаманд ба офатҳои табиӣ, рӯйдодҳо ё дигар зуҳурот, ҳангоме ки байни миқдори зиёди осебдидагон аз як тараф, ва қувваю воситаю хадамоти тиббии шаҳр, минтақа аз тарафи дигар номутавозинӣ ба вуҷуд меояд.

32. Ҳангоми рӯй додани фалокат огоҳонии таъҷилии мақомоти маҳаллӣ, аҳолӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хадамоти ёрии тиббӣ ва дигар хадамот аз ҳодисаи фалокат ва андешидани амалҳои ташкилии дахлдор зарур мебошад. Критерияи эълон кардани фалокат на ҳар садамаи муқаррарӣ, балки садамае мебошад, ки шумораи осебдидагон аз имкониятҳои ёрии таъҷилии шаҳр, минтақа зиёд бошад.

33. Аслан ҳангоми тақрибан дар як вақт зарар дидани 6-8 ва ё зиёдтар осебдидаи вазнин ба 100 ҳазор аҳолӣ фалокат эътироф мегардад.

34. Ташкили ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон ҳангоми ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ бо миқдори зиёди осебдидагон (фалокатҳо) дар қисми 2 Тартиби мазкур муқаррар карда шудааст.

35. Ҳангоми ташкили ёрии тиббӣ дар ҷои фалокат ва баъдан дар муассисаҳои табобатӣ, ба гурӯҳҳо тақсим кардани осебдидагон аҳамияти муҳим дода мешавад.

36. Тақсимкунии тиббии осебдидагон ба гурӯҳҳо ин ба гурӯҳҳои якхела ҷудо намудани осебдидагоне мебошад, ки ба онҳо кӯмаки якхелаи тиббӣ расонида мешавад.

37. Мақсади асосии тақсимкунии тиббии осебдидагон ба гурӯҳҳо аз инҳо иборат аст:

- муайян намудан ва расонидани ёрии тиббӣ ба гурӯҳи осебдидагони ҳолаташон нисбатан вазнин;

- ташхиси ҳадди аксар дақиқ сарфи назар аз маҳдуд будани вақт;

- дар асоси ташхиси гузошташуда дакиқ муайян намудани навбат ва усулҳои тахлия (эвакуация) ба ҷойи таъиншуда.

38. Дар ин марҳила ҳангоми тақсимкунии тиббии осебдидагон ба гурӯҳҳо, таваҷҷӯҳ бояд ба муайян кардани бемороне ҷалб карда шавад, ки ба:

- барқарор кардан ва нигоҳ доштани гузарандагии роҳҳои нафас;

- бартараф кардани пневмоторакси шадид;

- гузоштани бандинаи ҳавонагузаранда (окклюзионӣ) ҳангоми захмҳои воридшавандаи қафаси сина;

- боздоштани хунравии берунӣ тавассути усулҳои муваққатӣ (фатилазанӣ, бандинаҳо ва резинаи фишороваранда);

- гузоштани система барои маҳлулгузаронии дарунворидӣ;

- тадбирҳои маҷмӯии наҷотбахшӣ эҳтиёҷ доранд.

39. Ҳангоми ҷой доштани шумораи зиёди осебдидагон бояд дар як соат то 40 бемор ба гурӯхҳои тиббӣ тақсим карда шавад.

40. Баҳодиҳии вазнинии ҳолати шахси осебдида ҳар 20-30 дақиқа имкон медиҳад хунравии дохилӣ тахмин (ташхис) карда шавад, нишонаҳои афзояндаи ҳолати ҳуши осебдида ва ғайра муайян карда шавад.

41. Тақсимкунии тиббии осебдидагон ба гурӯҳҳо дар майдони махсус бо усули бригадавӣ гузаронида мешавад.

42. Аз рӯи натиҷаи тақсимкунии тиббии осебдидагон ба осебдида маълумотномаи ҷадвалӣ (талон) дода мешавад, ки дар он гурӯҳи тақсимкунонӣ ва маълумоти дигари зарурӣ сабт карда мешавад. Маълумотномаи ҷадвалиро дар рӯи кафаки пойафзоли осебдида насб кардан хубтар аст.

43. Ҳангоми тақсимкунии тиббии осебдидагон дар ҷои фалокат онҳо ба 4 гурӯҳ ҷудо карда мешаванд, ки барои ҳар як гурӯҳ ранги хос (маълумотномаи ҷадвалӣ) мувофиқ мебошад:

, (ранги сурх) - шахсони андозаи захмашон на он қадар калон, сӯхтагӣ,

харошҳо, латхӯрда, шикасти устухонҳои хурд, ки барои узвҳои ҳаётан муҳим зарар намерасонад. Тахлияи ин гурӯҳи осебдидагонро ҳангоми зарурат то 1,5-2 соат мавқуф гузоштан мумкин аст;

, (ранги сабз) - осебдидагоне, ки ба кӯмаки наҷотбахшӣ ва/ё амалиёти

ҷарроҳии таъҷилӣ ниёз доранд. Ба ин гурӯҳ осебдидагонеро шомил намудан лозим аст, ки ба ҷарроҳии фавқулодда фаврӣ эҳтиёҷ доранд (фатилагузории дил, зарбаи (шок) вазнин дар заминаи хунравии вазнини дохилӣ ва ғ.);

, (ранги зард) - осебдидагоне, ки ба кӯмаки ҷарроҳӣ эҳтиёҷ доранд,

вале гардиши хун ва нафасгирии онҳо устувор буда, имконияти мавқуф гузоштани тахлияи онҳо дар доираи 40 дақиқа мавҷуд аст;

, (ранги сиёҳ) - осебдидагоне, ки хатари дараҷаи баланди фавдитан

доранд: зарбаи ногузир, сӯхтагиҳои амиқи паҳновар (зиёда аз 50 фоиз), осебҳои вазнини пайваста якҷоя бо сӯхтагиҳои амиқ, эвентратсияи пурраи узвҳои дохилӣ ҳангоми нуқсони калони девораи шикам, осебгирии фарох ё хеле вазнини яку якбораи 2-3 ҷойи дасту пойҳо.

44. Ба гурӯҳи алоҳида осебдидагонеро ҷудо мекунанд, ки ҳолати равониашон ноустувор буда, онҳо бояд ба муассисаҳои бемориҳои равонию асаб интиқол дода шаванд. Ба ин гурӯҳи осебдидагон табобати камтарини доруворӣ зарур аст.

4. Ҳамбастагии хизматрасониҳои хадамоти таъҷилӣ ҳангоми ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ

45. Банақшагирӣ, ташкил ва гузаронидани корҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода мешавад:

а) мутамарказии роҳбарии корҳо оид ба бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ ба тариқи зайл анҷом дода мешавад:

- ваколатҳои роҳбарии корҳои оид ба бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳро роҳбари сохторе, ки аввалин шуда ба ҷои ҳодиса расидааст (Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамоти ҷустуҷӯӣнаҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Хадамоти ёрии таъҷилии тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба ӯҳдаи худ мегирад;

- ӯ ӯхдадориҳои роҳбари бартарафсозии оқибатҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳро то омадани шахси ваколатдоре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаҳои пешгирӣ ва бартарафсозии холатҳои фавқулодда муайян намудаанд ё аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ таъин гардидааст, инчунин роҳбари ташкилоте, ки бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ ба салоҳияти он мансуб дониста шудааст, иҷро мекунад;

- иҷрои қарорҳои роҳбари бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ барои ҳамаи шаҳрвандон, зерсохторҳое, ки дар бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ иштирок дорад, ҳатмӣ мебошад. Ҳеҷ кас ҳуқуқи ба кори роҳбарии ӯ оид ба бартараф кардани оқибатҳои ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ дахолат карданро надорад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо тартиби муқарраршуда ӯро аз иҷрои вазифа озод намуда, роҳбариро ба зиммаи худ гирад ё шахси дигар ба ин вазифа таъин шавад.

б) тақсимоти саривақтии вазифаҳо дар бригадаи наҷотдиҳанда оид ба наҷотдиҳии осебдидагон ҳангоми ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ;

в) ба 3 қитъа тақсим намудани иҷрои корҳои наҷотбахшӣ:

- дар қитъаи якум (дар масоҳати 5 метр) танҳо наҷотдиҳандагоне ҷойгир мешаванд, ки ба осебдидагон кӯмак мерасонанд;

- дар қитъаи дуюм (дар масоҳати 10 метр) аъзои дигари гурӯҳи наҷотдиҳӣ ҷойгир мешаванд, ки омодагии кори дастгоҳҳои наҷотдиҳиро таъмин мекунанд;

- дар қитъаи сеюм (дар доираи зиёда аз 10 метр) воситаҳои нақлиётии дастраскунандаи наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса, воситаҳои равшанидиҳанда ва иҳотакунандаи қисми воситаҳои нақлиётии садамавӣ ҷойгир мешаванд;

г) пеш аз ҳама анҷом додани корҳо бо мақсади аз байн бурдани таъсири омилҳои осебофари дуюмдараҷа ба наҷотдиҳандагон ва осебдидагон ҳангоми ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ (таъсири гармии оташ, заҳролудшавии кимиёвӣ ва ғайра), инчунин аз байн бурдани амалҳое, ки метавонад боиси пайдошавии манбаъҳои омилҳои осебофари дуюмдараҷа шавад;

д) афзалият додан ба корҳое, ки барои таъминкунии дастрасӣ ба шахсони осебҳои вазнин бардошта, равона карда шудаанд;

е) таъмини ҳарчи зудтари дастрасӣ ба осебдидагон дар воситаи нақлиёти зарардида, ҷиҳати зудтар расонидани ёрии аввалияи тиббӣ;

ё) ба қисмҳо ҷудо намудани воситаи нақлиёт ҳангоми аз он баровардани осебдида, бо мақсади пешгирии осеббардории иловагӣ (хусусан бо осеби устухонҳои кос, қафаси сина, қисмии гардании сутунмӯҳра). Қарори фавран баровардани осебдида аз воситаи нақлиёт аз тарафи роҳбари корҳои наҷотдиҳӣ дар асоси хулосаи кормандони тиб қабул карда мешавад;

ж) пеш аз ҳама анҷом додани тадбирҳои тиббӣ, вобаста ба ҳолати осебдида:

- табобати зидди зарба;