Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2012, №339
тасдиқ шудааст
Тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақта ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ татбиқ карда мешаванд
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2013 № 112)
1. Тартиби мазкур мутобики моддаҳои 3 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" таҳия гардида, тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақтаро ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ (минбаъд - шахси ҳимояшаванда) ҳангоми ба онҳо расонидани зарари ҷисмонӣ, гирифтани маъюбӣ ва ё дар сурати ба ҳалокат расидани (вафоти) шахси ҳимояшаванда дар робита бо иштироки ӯ дар мурофиаи судии ҷиноятӣ - ба аъзои оилаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд, муайян менамояд.
2. Асос барои пардохти ёрдампулии яквақта ба шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд) қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоии мақомоте мебошад, ки дар бораи муқаррар намудани ҳимояи давлатии шахси ҳимояшаванда қарор қабул мекунад: суд (судя), прокурор, сардори мақомоти таҳқиқ ё тафтишот, роҳбари мақомоти амаликунандаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, ки дар истеҳсолоти онҳо ариза (маълумот) дар бораи ҷиноят ё парвандаи ҷиноятӣ қарор дорад, агар аз ҷониби қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад ().
3. Ҳангоми баровардани қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби мақоме, ки оид ба муқаррар намудани ҳимояи давлатӣ нисбати шахси ҳимояшаванда қарор қабул мекунад, хоҳиши шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд) ҷиҳати интихоби ёрдампулиҳои яквақтаи андозаи муқарраргардида, ҳангоми мавҷудияти ҳуқуқ ба ёрдампулиҳои яквақтаи гуногун, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд, ба инобат гирифта мешавад.
4. Дар қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ асосҳои пардохти ёрдампулии яквақта ба андозаи муқарраршуда, маълумоти ҳуҷҷате, ки шахсияти гирандаро тасдиқ мекунад, ҳамчунин маълумоти ҳуқуқии (реквизити) ҳисобе, ки аз ҷониби шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсони дар таъминоти ӯ қарордошта) дар ташкилотҳои қарздиҳӣ кушода шудаанд ё номгӯ ва суроғаи бонки маҳалли зист ва ё манзили таъиннамудаи ӯ (ё аз рӯи интихоби шахсони мазкур) қайд карда мешаванд.
5. Қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-мақоми ваколатдор) барои иҷро ва ҳамчунин ба шахсоне, ки нисбати онҳо қарори (таъиноти) мазкур бароварда шудааст, фиристода мешавад.
6. Ҳангоми ҳалокати (вафоти) шахси ҳимояшаванда, ки дар робита бо иштироки ӯ дар истеҳсолоти судии ҷиноятӣ ба вуқӯъ омадааст, ба аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда), ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд, ёрдампулии яквақта дар ҳаҷми 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт карда мешавад.
7. Ҳангоми ба шахси ҳимояшаванда дар робита бо иштироки ӯ дар мурофиаи судии ҷиноӣ расондани зарари ҷисмонӣ (маъюбӣ) ё расондани дигар намуди зарар ба саломатии ӯ (ҷароҳат, осеб, контузия), ки боиси маъюбият гардидааст ва аз ҷониби мақомоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ гурӯҳи маъюбӣ муайян карда шудааст, чунин ёрдампулии яквақта пардохт карда мешавад:
- ба маъюбони гурӯҳи I - дар ҳаҷми 240 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- ба маъюбони гурӯҳи II - дар ҳаҷми 140 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- ба маъюбони гурӯҳи III - дар ҳаҷми 90 нишондиҳанда барои ҳисобҳо.
8. Ба шахси ҳимояшаванда, ёрдампулии яквақта ҳангоми дар робита бо иштироки ӯ дар мурофиаи судии ҷиноӣ, вобаста аз дараҷаи вазниниаш расондани зарари ҷисмонӣ ё дигар намуди зарар ба саломатии ӯ, тибқи хулосаи ташхиси судию тиббӣ, ки боиси маъюбӣ нагардидааст, пардохт карда мешавад:
- дараҷаи вазнин - дар ҳаҷми 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- дараҷаи миёна - дар ҳаҷми 75 нишондиҳанда барои ҳисобҳо;
- дараҷаи сабук - дар ҳаҷми 50 нишондиҳанда барои хисобҳо.
9. Ёрдампулии яквақта, ки тибқи бандҳои 6, 7 ва 8 пардохт карда шудааст, минбаъд аз ҳисоби шахсони гунаҳкор аз лаҳзаи пардохт рӯёнида мешавад.
10. Қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ аз ҷониби мақомоте, ки оид ба татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул кардааст, дар муддати як шабонарӯз аз лаҳзаи ба ҳалокат расидани (ё вафот кардани) шахси ҳимояшаванда ва ё аз ҷониби муассисаи давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ пешниҳод гардидани маълумотномае, ки далели муқаррар гаштани маъюбиятро тасдиқ мекунад, қабул гардида, бетаъхир ба мақоми ваколатдори татбиқкунандаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ пешниҳод карда мешавад.
11. Қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ бояд аз ҷониби мақоми ваколатдор дар муддати 10 шабонарӯз аз лаҳзаи дастрас намудани он иҷро гардад.
12. Ёрдампулии яквақта ба шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ карор доранд), мувофиқи тартиби муқарраргардида аз рӯи маълумотҳои ҳуқуқии (реквизитҳои) ҳисоби дар қарор (таъинот) зикргардида, ки аз ҷониби қабулкунандаи ёрдампулии яквақта дар ташкилоти қарздиҳӣ кушода шудааст ва ё ҳисоби бонкии маҳалли истиқомат ва ё манзили муқаррарнамудаи ӯ қайд гардиданд, гузаронида мешавад.
13. Дар ҳолате, ки агар ба шахси ҳимояшаванда дар робита бо иштироки ӯ дар мурофиаи судии ҷиноятӣ зарари ҷисмонӣ ё дигар намуди зарар ба саломатӣ расонда шавад, ки он боиси маъюбият ё марг гардад, ҳуқуқи гирифтани ёрдампулии яквақтаи дар бандҳои 6 ва 7 Тартиби мазкур зикргардида аз лаҳзаи муқаррар намудани маъюбият ё далели марг ба вуҷуд меояд.
14. Баъд аз муқаррар намудани маъюбияти шахси ҳимояшаванда ё далели марги ӯ, ки дар натиҷаи расондани зарари ҷисмонӣ ё дигар намуди зарар ба саломатии ӯ ба вуҷуд меояд, мақоми ваколатдор пардохт мекунад:
- ба шахси ҳимояшаванда - мутобиқ ба гурӯҳи маъюбият тафовути байни ҳаҷми ёрдампулии яквақтаи, ки дар банди 7 Тартиби мазкур зикргардида ва ҳаҷми кӯмакпулии яквақтаи қаблан ба ӯ дар асоси банди 8 Тартиби мазкур пардохтгардида;
- ба аъзои оилаи шахси ҳимояшаванда ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд, - тафовути байни ҳаҷми ёрдампулии яквақтаи дар банди 6 Тартиби мазкур зикргардида ва ҳаҷми ёрдампулии яквақтаи қаблан ба шахси ҳимояшаванда мутобиқи бандҳои 7 ва 8 Тартиби мазкур пардохташуда.
15. Пардохти тафовути дахлдори дар банди 7 Тартиби мазкур зикргардида аз ҷониби мақоми ваколатдор дар асоси қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ дар давоми 10 шабонарӯз аз лаҳзаи аз шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд) ё аз намояндаи қонунии ӯ (онҳо) гирифтани ҳуҷҷатҳои зерин амалӣ мегардад:
- нусхаи мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи маълумотномае, ки далели муқаррар гаштани маъюбиятро тасдиқ мекунад ва аз ҷониби муассисаи давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ба шахси ҳимояшаванда дода шудааст;
- нусхаи мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи шаҳодатнома дар бораи марги шахси ҳимояшаванда;
- маълумотнома дар бораи ҳайати оилаи шахси ҳимояшаванда ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд);
- нусхаҳои мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсонеро, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд, тасдиқ менамоянд ва барои фарзандони аз синни 18 - солагӣ калон, вале ба синни 23 - солагӣ нарасида, - хуҷҷатҳое, ки далели таҳсилро дар муассисаи таҳсилотии шакли таълими рӯзона тасдиқ менамоянд.
16. Ҳангоми муайян гардидани ҳолатҳое, ки татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоиро нисбати шахси ҳимояшаванда ғайриимкон мегардонанд (пешниҳоди маълумоти ғайриобъективӣ ва ё баръало бардурӯғ дар бораи вазъи саломатӣ, хешӣ бо шахси ҳимояшаванда ё дар таъминоти ӯ қарор доштан, синну соли кӯдакони ӯ, дар муассисаи таҳсилотии шакли таълими рӯзона таълим гирифтани онҳо ва ғайра), мақоме, ки дар бораи татбиқ намудани чораҳои дастгирии иҷтимоӣ қарор қабул намудааст, ба мақоми ваколатдори татбиқкунадаи чораҳои дастгирии иҷтимоӣ дар бораи қатъ кардан ё тағйир додани ин чораҳо дархост пешниҳод менамояд.
17. Мақоме, ки дар бораи татбиқи ҳимояи давлатӣ қарор қабул менамояд, метавонад аз шахсони ҳимояшаванда ё аъзои оилаи онҳо ва шахсони дар таъминоти онҳо қарордошта маълумоти иловагӣ, ки барои пардохти ёрдампулии яквақта заруранд, дархост намояд.
18. Ёрдампулии яквақтае, ки аз ҷониби шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд) гирифта нашудаанд, бо даъвои онҳо бе маҳдудияти мӯҳлат пардохт карда мешавад.
19. Пардохти ёрдампулии яквақта ба шахсони ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд) аз ҷониби мақоми ваколатдор бо риояи махфӣ нигоҳ доштани маълумоти дастрасшуда амалӣ мегардад.
20. Ҳисобот дар бораи ёрдампулиҳои яквақтае, ки ба шахсони ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд) пардохт шудаанд, аз ҷониби мақоми ваколатдор мувофиқи тартиби муқарраргардида амалӣ мегардад.
21. Маълумот дар бораи пардохти ёрдампулиҳои яквақта аз ҷониби мақоми ваколатдор бо дархости мақоме, ки оид ба татбиқи чораҳои ҳимояи давлатӣ қарор қабул мекунад ё мақоме, ки чораҳои амниятиро татбиқ менамояд, пешниҳод мегардад.
22. Амали мақоми ваколатдор вобаста ба масъалаҳои пардохти ёрдампулии яквақта метавонад мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди шикоят қарор дода шавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 июни соли 2012, №339
тасдиқ шудааст
Тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақта ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ татбиқ карда мешаванд
1. Тартиби мазкур мутобики моддаҳои 3 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ" таҳия гардида, тартиб ва андозаи пардохти ёрдампулии яквақтаро ба иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ, ки нисбати онҳо чораҳои дастгирии иҷтимоӣ (минбаъд - шахси ҳимояшаванда) ҳангоми ба онҳо расонидани зарари ҷисмонӣ, гирифтани маъюбӣ ва ё дар сурати ба ҳалокат расидани (вафоти) шахси ҳимояшаванда дар робита бо иштироки ӯ дар мурофиаи судии ҷиноятӣ - ба аъзои оилаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд, муайян менамояд.
2. Асос барои пардохти ёрдампулии яквақта ба шахси ҳимояшаванда (аъзои оилаи шахси ҳимояшавандаи ҳалокшуда (вафоткарда) ва шахсоне, ки дар таъминоти ӯ қарор доранд) қарор (таъинот) дар бораи татбиқи чораҳои дастгирии иҷтимоии мақомоте мебошад, ки дар бораи муқаррар намудани ҳимояи давлатии шахси ҳимояшаванда қарор қабул мекунад: суд (судя), прокурор, сардори мақомоти таҳқиқ ё тафтишот, ки дар истеҳсолоти онҳо ариза (маълумот) дар бораи ҷиноят ё парвандаи ҷиноятӣ қарор дорад, агар аз ҷониби қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.