Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, № 334 "Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020"

Санаи амалкуни: 10.02.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдики Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)

Мутобиқи моддаи 6(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тарҳрезии Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда, вобаста аз имкониятҳои воқеии молиявӣ ва ҳаҷми сармоягузории ҷалбшаванда барои татбиқи Стратегияи миллии мазкур маблағҳо ва тадбирҳои заруриро пешбинӣ намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд за Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рафти татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020-ро зери назорат гирифта, оид ба иҷрои саривақтии он тадбирҳои мушаххас андешанд ва ҳар сол маълумотномаро оид ба корҳои ба анҷомрасонида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 июни соли 2012, № 334

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдики Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020

Мутобиқи моддаи 6(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон қарор мекунад:

1. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми тарҳрезии Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда, вобаста аз имкониятҳои воқеии молиявӣ ва ҳаҷми сармоягузории ҷалбшаванда барои татбиқи Стратегияи миллии мазкур маблағҳо ва тадбирҳои заруриро пешбинӣ намоянд.

3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд за Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ рафти татбиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020-ро зери назорат гирифта, оид ба иҷрои саривақтии он тадбирҳои мушаххас андешанд ва ҳар сол маълумотномаро оид ба корҳои ба анҷомрасонида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 30 июни соли 2012, № 334

ш. Душанбе