Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи масъалаҳои Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 232 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Мақоми идоракунии Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе" Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад .
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи корӣ таъсис дода, қабулу супоридани Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг" ва Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе"-ро таъмин намояд.
3. Аз Номгӯи муассисаву ташкилотҳои системаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 604 "Дар бораи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои зерин хориҷ карда шаванд:
"Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг";
"Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе".
4. Ба Номгӯи муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, № 594 "Дар бораи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, сархатҳои нав бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Муассисаи нашриявии "Маориф ва фарҳанг";
"Корхонаи воҳиди давлатии "Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе".
5. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро ба қарори мазкур мутобиқ намуда, оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ин қарор бармеоянд, таклиф пешниҳод намоянд .
6. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 4 июли соли 2012, № 350
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О вопросах Издательского предприятия "Маориф ва фарханг" и Государственного унитарного предприятия "Полиграфический комбинат города Душанбе"
(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)
В соответствии со статьей 232 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Определить Министерство образования и науки Республики Таджикистан органом управления Издательского предприятия "Маориф ва фарханг" и Государственного унитарного предприятия "Полиграфический комбинат города Душанбе"
2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан, Министерством культуры Республики Таджикистан совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан создать рабочую комиссию и обеспечить приём и передачу Издательского предприятия "Маориф ва фарханг" и Государственного унитарного предприятия "Полиграфический комбинат города Душанбе"
3. Исключить из Перечня учреждений и организаций системы Министерства культуры Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №604 "О Министерстве культуры Республики Таджикистан", следующие абзацы:"Издательское предприятие "Маориф ва фарханг"; "Государственное унитарное предприятие "Полиграфический комбинат города Душанбе".
4. Включить в Перечень учреждений и организаций системы Министерства образования и науки Республики Таджикистан, утвержденный постановлением Правительства Республики Таджикистан от 28 декабря 2006 года, №594 "О Министерстве образования и науки Республики Таджикистан", новые абзацы следующего содержания :
"Издательское предприятие "Маориф ва фаpхaнг";
"Государственное унитарное предприятие "Полиграфический комбинат города Душанбе"
5. Министерству образования и науки Республики Таджикистан и Министерству культуры Республики Таджикистан привести свои акты в соответствие с данным постановлением и представить предложения по внесению дополнений и изменений в нормативные правовые акты Правительства Республики Таджикистан, исходящие из настоящего постановления
6. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан внести соответствующие изменения в учетные данные.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 4 июля 2012 года, № 350