Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, №347
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар номгӯй ва банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, № 347 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн" баъд аз калимаҳои "кӯмакпулӣ барои дафн" калимаҳои "ба аъзои оилаи камбизоат", инчунин дар дебочаи қарор баъд аз калимаи "аҳолии" калимаи "камбизоати" илова карда шаванд.
2. Дар Низомномаи тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулӣ барои дафн, ки бо қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри соли 1998, № 347 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар номгӯй ва матни Низомнома баъд аз калимаҳои "кӯмакпулӣ барои дафн" калимаҳои "ба аъзои оилаи камбизоат" илова карда шаванд;
- аз банди 1 Низомнома калимаҳои "ҳангоми вафоти шахси суғурташуда, инчунин ҳангоми фавти аъзои хонавода, ки таҳти саробонии ӯ қарор доранд" хориҷ карда шуда, ҳамзамон рақам ва калимаи "500 (панҷсад) сомониро" ба калимаҳои "баробари бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо" иваз карда шаванд;
- дар сархати дуюми банди 4 Низомнома калимаҳои "органҳои ҳокимияти иҷроияи маҳаллии (ҳукуматҳо)" ба калимаҳои "мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар банди 6 Низомнома баъд аз калимаи "фавт" калимаҳои "тибқи рӯйхати тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ" илова карда шаванд;
- дар бандҳои 2 ва 7 Низомнома калимаҳои "корманди суғурташуда" ба калимаи "шаҳрванд" иваз карда шавад;
- дар банди 14 Низомнома калимаҳои "аз тарафи органҳое, ки мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо) муайян мекунад, аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ" ба калимаҳои "тибқи рӯйхати аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайяншаванда аз ҳисоби маблағҳои мақомоти дахлдор" иваз карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июни соли 2012, № 345,
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 сентября 1998 года, №347
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Название и пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 3 сентября 1998 года, №347 "Об утверждении Положения о порядке и условиях выплаты пособия на погребения" после слов "пособия на погребения" дополнить словами "членам малоимущей семьи", а также в преамбуле постановления после слова "защищённости" дополнить словом "малоимущего".
2. В Положение о порядке и условиях выплаты пособия на погребение, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 сентября 1998 года, №347, внести следующие изменения и дополнения:
- название и текст Положения после слов "пособие на погребение" дополнить словами "членам малоимущей семьи";
- из пункта 1 Положения слова "застрахованного лица, а также в случае смерти членов его семьи, находящихся на его иждивении" исключить, одновременно цифру и слова "500 (пятьсот) сомони" заменить словами "двадцатикратный размер показателя для расчётов";
- во втором абзаце пункта 4 Положения слова "органом исполнительной власти на местах (хукуматом)" заменить словами "местных исполнительных органов государственной власти";
- пункт 6 Положения после слова "смерти" дополнить словами "согласно списка, утвержденного местным исполнительным органом государственной власти.";
- в пунктах 2 и 7 Положения слова "застрахованного работника" заменить словом "гражданина";
- в пункте 14 Положения слова "органом, определяемым исполнительной власти на местах (хукуматами), за счёт средств местных бюджетов" заменить словами "согласно списку, определяемому местным исполнительным органом государственной власти, за счет средств соответствующего государственного органа.".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 30 июня 2012 года, № 345