Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳангсози татбиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 муқаррар карда шавад.
3. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо дар доираи маблағҳои буҷетӣ ва махсуси худ амалӣ намудани чорабиниҳои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016ро таъмин намоянд.
4. Вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:
- аз ҳисоби сарфаи моддаҳои хароҷотии дигар ва маблағхои махсус, аз ҳисоби маблағҳои бақияи озод ва иҷрои барзиёди даромади буҷети маҳаллӣ, тавассути ҷалби маблағҳои ташкилоту муассисаҳои ғайридавдатӣ ва сарпарастон барои иҷрои чорабиниҳои Барномаи мазкур тадбирҳои иловагӣ андешанд;
- татбиқи Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016-ро таъмин намуда, аз натиҷаи корҳои анҷомдодашуда ҳар сол на дертар аз 1 март ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 июни соли 2012, № 335
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Программы развития государственного языка Республики Таджикистан на 2012-2016 годы
В соответствии со статьей 17 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" и с целью всесторонней реализации Закона Республики Таджикистан государственном языке Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Программу развития государственного языка Республики Таджикистан на 2012-2016 годы и План мероприятий по ее реализации (прилагается).
2. Установить Комитет по языку и терминологии при Правительства Республики Таджикистан координатором по реализации Программы развития государственного языка Республики Таджикистан на 2012-2016 годы.
3. Министерствам и ведомствам, организациям и учреждениям в рамках бюджетных и собственных специальных средств обеспечить реализацию мероприятий Программы развития государственного языка Республики Таджикистан на 2012-2016 годы.
4. Министерствам, ведомствам и местным исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областям городу Душанбе, городов и районов республиканского подчинения республики:
- принять дополнительные меры для выполнения мероприятий этой Программы за счет экономии других расходных пунктов и особых средств счет средств свободного остатка и перевыполнения доходов местного бюджета, с привлечением средств негосударственных организации учреждений и спонсоров;
- обеспечить реализацию Программы развития государственного языка Республики Таджикистан на 2012-2016 годы и ежегодно не позднее 1 мая представлять подробную информацию в Правительство Республики Таджикистан.
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе
от 30 июня 2012 года, №335