ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ЗАХИРАИ МОДДИИ ДАВЛАТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2006 "Дар бораи захираи моддии давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2006, №12, мод.540; с.2009, №5, мод.322) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархатҳои шашум ва чордаҳум калимаҳои "мақоми татбиқкунандаи сиёсат" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
- сархати дувоздаҳум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи захираи давлатӣ ваколатдор карда шудааст;";
- сархати сездаҳум хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 4:
- дар қисми 1 калимаҳои "мақоми ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 2 калимаҳои "(ба истиснои захираҳои сафарбарӣ)" хориҷ карда, калимаҳои "мақоми татбиқкунандаи сиёсат" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд;
- дар қисми 3 калимаҳои "мақоми татбиқкунандаи сиёсат" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 8:
- дар сархати якум калимаҳои "мақомоти ваколатдор ва татбиқкунандаи сиёсатро" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатиро" иваз карда шаванд;
- сархатҳои ҳафтум, ҳаштум ва нӯҳум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"- бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи навкунӣ ва ивазкунии сарватҳои моддии захираи давлатӣ қарор қабул мекунад;
- тартиби ҷуброни хароҷоти нигоҳдорандагони масъули сарватҳои захираи давлатиро, ки нигоҳдории захираи моддии давлатӣ, аз ҷумла захираи сафарбариро амалӣ менамоянд, муайян мекунад;
- ҳамоҳангсозӣ, назорат ва мониторинги системаи захираи давлатиро амалӣ менамояд;".
4. Моддаи 9 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 9. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ:
- сиёсати давлатиро дар соҳаи захираи давлатӣ мутобиқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ менамояд;
- оид ба такмил додани сиёсати давлатӣ, тартибу меъёр ва қоидаҳои соҳаи захираи давлатӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- идоракунии сарватҳои моддии захираи давлатиро тибқи талаботи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи захираи давлатӣ таъмин менамояд;
- баровардани сарватҳои моддии захираи давлатиро бо мақсади навкунӣ ва ивазкунӣ дар асоси қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- баровардани сарватҳои моддии захираи давлатиро аз ҳолати ҳифозат ва бо тартиби қарздиҳӣ (бо мақсади минбаъд баргардонидани онҳо ба захираи давлатӣ) дар асоси қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд;
- номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои нигоҳдорандаи масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ, нуқтаҳои нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатиро муайян ва тасдиқ менамояд;
- дар бораи ҳаҷм ва таркиби хароҷот оид ба харид ва нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвилкунандагони сарватҳои моддӣ ба захираи давлатиро интихоб намуда, бо онҳо шартнома мебандад;
- ба таҳвилкунандагон маблағи сарватҳои моддии ба захираи давлатӣ воридшударо пардохт менамояд;
- назоратро оид ба нигоҳдории миқдор ва сифати сарватҳои моддии захираи давлатӣ амалӣ менамояд;
- оид ба гузаронидани санҷишҳои ҳолати нигоҳдории сарватҳои моддӣ дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои нигоҳдорандаи масъули сарватҳои моддии захираи давлатӣ ва нуқтаҳои нигоҳдории сарватҳои моддии захираи давлатӣ қарор қабул карда, барои гузаронидани онҳо метавонад мутахассисон ва коршиносони дахлдорро ҷалб намояд;
- ваколатҳои дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи захираи давлатӣ муайян мекунанд, амалӣ менамояд.".
5. Моддаи 9(1) хориҷ карда шавад.
6. Дар қисми 2 моддаи 10, қисми 3 моддаи 11, қисмҳои 3 ва 5 моддаи 12 ва қисми 3 моддаи 16 калимаҳои "мақоми татбиқкунандаи сиёсат" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
7. Дар қисми 4 моддаи 12 калимаҳои "мақоми ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 13:
- дар қисми 2 калимаҳои "мақоми татбиқкунандаи сиёсат дар мувофиқа бо мақоми ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар қисмҳои 5 ва 8 калимаҳои "мақоми ваколатдор" ба калимаҳои "мақоми ваколатдори давлатӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе,
3 июли соли 2012, № 841
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикпстон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ"
Мутобиқи моддаи 36 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ" қабул карда шавад.
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 6 июни соли 2012, № 829
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи захираи моддии давлатӣ" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев
ш. Душанбе, 14 июни соли 2012, №337