Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 296 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №590"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №590

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар банди 2 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №590 "Дар бораи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" рақамҳои "115" ва "95" мутаносибан ба рақамҳои "120" ва "100" иваз карда шаванд.

2. Ба Низомномаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №590 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- ба банди 4 сархатҳои шасту сеюм ва шасту чорум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"- танзими соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ;

- пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ".

3. Дар Сохтори дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №590 тасдиқ шудааст, сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Шӯъбаи пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон

аз 31 майи соли 2012, № 296

ш. Душанбе