Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муайян намудани Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026
№ 177)
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад (№ 177):
1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шавад.
2. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам мониторинги татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"-ро гузаронида, аз рӯи натиҷаҳои он ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 майи соли 2012, № 286
ш. Душанбе
аз 31 майи соли 2012, № 286
ш. Душанбе
...