Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд аз 31 майи соли 2012, № 284

Санаи амалкуни: 30.12.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 148 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 майи соли 2012, №284,

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 823)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд (минбаъд - Қоидаҳо) бо мақсади амалӣ намудани банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2011, № 1147 "Дар бораи истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ" тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" ва инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд.

2. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:

-объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) - ҳама гуна хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон мебошад, ки дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ қарор дошта, вале сохтмонаш ба итмом нарасидааст;

-бино - объекти фаъолияти шаҳрсозӣ мебошад, ки аз конструксияҳои борбардор, инҳисоркунанда ё якҷояшуда иборат буда, ҳаҷми бо ҳам пайвастаро ба вуҷуд меоранд, ки вобаста ба таъиноти вазифавӣ барои зистан ва будубоши одамон, иҷрои намудҳои гуногуни равандҳои истеҳсолӣ пешбинӣ гардидаанд;

-иншоот - объекти фаъолияти шаҳрсозӣ буда, системаи сохтмонии ҳаҷмдор, мусаттаҳ ё хаттӣ аст, ки аз конструксияҳои борбардор, инҳисоркунанда ё якҷояшуда таркиб ёфта, барои иҷрои намудҳои гуногуни равандҳои истеҳсолӣ, нигоҳдории мавод, маснуот, таҷҳизот, барои будубоши муваққатии одамон, ҷойгиронии одамон, бор ва ғайра пешбинӣ гардидааст;

-ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ - матлаби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ё давлат оид ба таъмини шароити мусоиди зист ва фаъолияти инсон, ки дар шакли ҳуҷҷатҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ (нақшаҳо, маводи графикӣ ва матнӣ, ҳисоби хароҷотӣ ва муҳандисӣ пешниҳод мегардад;

-парвандаи бақайдгирии объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) - ҳуҷҷати феҳристи ягонаи бақайдгирии давлатии амволи ғайриманқул ва ҳуқуқ ба он мебошад, ки аризаҳои асл, аз ҷумла аризаҳо оид ба бақайдгирии давлатӣ, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки асос барои бақайдгирии давлатӣ нисбати объекти мушаххаси молу мулки ғайриманқул мебошанд, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо дар бар мегирад;

-бақайдгирии техникии молу мулк ва амволи ғайриманкул - ҷамъ, барқароркунӣ ва таҳрири маълумот оид ба мавҷудият, ҷойгиршавӣ, ҳайат, майдон ва дигар хусусиятҳо, ҳолат, арзиши молу мулки ғайриманқул дар асоси натиҷаҳои таҳқиқи воқеии амволи ғайриманқул;

-бақайдгирии техникии объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) - ҷамъ, барқароркунӣ ва таҳрири маълумот оид ба мавҷудият, ҷойгиршавӣ, ҳайат, майдон ва дигар хусусиятҳо, ҳолат, нархгузории (азнавнархгузории) объектҳои сохтмонашон нотамом дар асоси таҳқиқи воқеии онҳо.

3. Қоидаҳои мазкур объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон)-ро, ки дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷойгир мебошанд муайян намуда, асос ва тартиби ба муомилоти гражданӣ баровардан, инчунин бақайдгирии давлатии хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасони сохтмонашон нотамомро ба танзим медарорад.

4. Ба муомилоти гражданӣ баровардани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) - ҳама гуна объекти сохтмонаш мавқуфгузошташудае мебошад, ки барои бунёди он ҳамчун бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, вале нотамом мебошад, бо замин алоқамандии мустаҳкам дошта, таъинот, ҷойгиршавӣ ва андозаи он дар ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои он сабт шуда, инчунин шаҳодатномаи объекти сохтмонаш нотамомро дорад.

5. Шаҳодатномаи объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) ҳуҷҷате мебошад, ки ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқукиро ба объекти сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) муайян мекунад.

6. Объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои зерин эътироф карда мешаванд:

-қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон иҷозат медиҳад;

-супориши меъморию банақшагирӣ;

-шартҳои техникӣ барои таъминоти муҳандисию техникии иншоот;

-санади тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин (Сертификати ҳуқуки истифодаи замин);

-ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон, ки бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ мувофиқа шудааст;

-хулосаи мусбии экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон, ки аз ҷониби Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 823);

-иҷозати пешбурди корҳои сохтмонӣ.

7. Ҳангоми гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва иншооти сохтмонӣ ба дигар шахс, мӯҳлати амали иҷозат барои пешбурди корҳои сохтмонию васлкунӣ, ки пеш аз гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва иншооти сохтмонӣ гирифта шудааст, нигоҳ дошта мешавад.

8. Объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), инчунин ҳуқуқҳо ба онҳо бояд аз қайди давлатӣ гузаранд.

9. Бақайдгирии давлатии объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), инчунин ҳуқуқҳо ба онҳо бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бақаидгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он" амалӣ карда шавад.

10. Барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод мегарданд:

-ариза дар бораи бақайдгирии давлатӣ (ба ариза пардохтномаи хизматрасонии мақоми бақайдгиранда замима мегардад);

-ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти мушаххаси ба китоби бақайдгирӣ ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ воридшавандаро доранд ва ҳуҷҷатҳое, ки ваколати намояндагон ва шахсони мансабдорро тасдиқ мекунанд;

-ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатӣ асос мебошанд;

-дигар ҳуҷҷатҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд.

11. Қабули қарор оид ба муомилоти гражданӣ баровардани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) дар ҳолате мавриди баррасӣ қарор дода мешавад, ки ҳаҷми иҷрои корҳои сохтмонии он на камтар аз 60 фоизро ташкил дода, ба он таҳкурсӣ, девор ва конструксияҳои оҳану бетонӣ, плитаҳои болопӯши байни ошёнаҳо, боми хона ва дару тирезаҳо дохил мешаванд.

12. Шаҳрвандон ҳуқуқи бунёди иморатҳои муваққатӣ, хоҷагӣ ва маиширо дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии меъморӣ ва шаҳрсозӣ доранд.

2. Асосҳои ба муомилоти гражданӣ баровардани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон)

13. Барои ба муомилоти гражданӣ баровардани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), шахси воқеӣ ба мақомоти нотариалии маҳалли истиқомат, ки бевосита

объекти сохтмонаш нотамом дар он ҷойгир мебошад, ҳуҷҷатҳои дар банди 6 Қоидаҳо зикргардидаро пешниҳод менамояд.

14. Ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) ва бақайдгирии он меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шартномаи муздноки хизматрасонӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ татбиқ карда мешавад.

3. Тартиби ба муомилоти гражданӣ баровардани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон)

15. Шахсони воқеие, ки дар замини наздиҳавлигиашон объекти сохтмонаш нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) доранд, барои ба муомилоти гражданӣ баровардан ва бақайдгирии объекти номбурда ба корхонаҳои ҷумҳуриявӣ ё ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул муроҷиат менамоянд.

16. Ҳангоми номаълум ғайб задани шахси дорои объекти сохтмонаш нотамом вориси он бо тартиби муқарраркардаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

17. Баъди анҷоми амалиёти нотариалӣ вобаста ба хариду фурӯш, тӯҳфа, мерос, гарав ва ғайраҳо оид ба объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), соҳибмулк барои иваз намудани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба мақомоти заминсозии маҳаллӣ муроҷиат менамояд.

18. Тартиби иваз намудан ва додани сертификати нави ҳуқуқи истифодаи заминро санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

19. Соҳибмулки объекти сохтмонаш нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) ҳамчун анҷомдиҳандаи сохтмони мавқуфгузошташуда ӯҳдадор аст сохтмонро ба итмом расонида, барои қабул ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат намояд.

4. Бақайдгирии давлатии объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон)

20. Мақоми махсуси ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирии давлатии амволи ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он вазифадор мебошад, ки ҳуқуқи соҳибмулкии навро баъди анҷом додани амалиётҳои нотариалӣ хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасони сохтмонашон нотамомро бо пешниҳод намудани хуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи соҳибмулкӣ ба қайд гиранд.

21. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор аст, ки ҳангоми муроҷиати соҳибмулкони объектҳои сохтмонашон нотамом тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба муомилоти гражданӣ баровардани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасони) ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба расмият дарорад.

22. Дар ҳолати қонеъ нагардонидани муроҷиати соҳибмулкон аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шаҳрвандон (соҳибмулкон) ҳуқуқ доранд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба судҳо муроҷиат намоянд.

23. Соҳибмулки нав вазифадор аст, ки баъди ба анҷом расидани амалиёти нотариалӣ сохтмони хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасони сохтмонашон нотамомро ба анҷом расонида, бо тартиби муқарраргардида барои гирифтани хуҷҷати дахлдор ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муроҷиат намояд.

5. Муқаррароти хотимавӣ

24. Баҳсҳои вобаста ба муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамомро (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.

25. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин мақоми ваколатдори давлатӣ барои риоя накардани талаботи Қоидаҳои мазкур ҳангоми ба муомилоти гражданӣ баровардани объекҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон) тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.