Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 284 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд"

Санаи амалкуни: 30.12.2015

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.03.2018 № 148 аз эътибор соқит дониста шуд.

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 823)

Мутобиқи банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2011, № 1147 "Дар бораи истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамоми хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро, ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд, тибқи талаботи Қоидаҳои мазкур амалӣ намуда, аз натиҷаи иҷрои он ҳар нимсола ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намоянд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2015 № 823).

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон             Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 маӣи соли 2012, № 284

ш. Душанбе

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд

Мутобиқи банди 4 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 октябри соли 2011, №1147 "Дар бораи истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамом (хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).

2. Вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамоми хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасонро, ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд, тибқи талаботи Қоидаҳои мазкур амалӣ намуда, аз натиҷаи иҷрои он ҳар нимсола ба Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот манзур намоянд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 маӣи соли 2012, № 284

ш. Душанбе