Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 майи соли 2012, № 262 "Дар бораи тасдиқи Тартиби ташкил намудани паноҳгоҳҳо ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Тартиби ташкил намудани паноҳгоҳҳо ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби ташкил намудани паноҳгоҳҳо ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Муқаррар карда шавад, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии методӣ ва назорати ташкил ва дар ҳолати омодагӣ нигоҳ доштани паноҳгоҳҳо ва дигар иншоотҳои мудофиаи гражданиро анҷом медиҳад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 31 майи соли 2012, № 262

ш. Душанбе

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об утверждении Порядка создания убежищ и иных объектов гражданской обороны

В соответствии со статьей 20 Конституционного закона Республики Таджикистан "О Правительстве Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Порядок создания убежищ и иных объектов гражданской обороны (прилагается).

2. Установить, что Комитет по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан осуществляет методическое руководство и контроль за созданием и поддержанием в готовности убежищ и иных объектов гражданской обороны.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

г. Душанбе

от 31 мая 2012 года, №262