Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тасдиқи Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 10.02.2016 № 66)
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қарор мекунад:
1. Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи лоиҳаи буҷети соҳаи маориф ҷиҳати татбиқи Барномаи давлатии ислоҳот ва рушди соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 дар доираи нишондиҳандаҳои тасдиқгардидаи Буҷети давлатӣ барои солҳои 2013-2014 ва солҳои минбаъда пешниҳодшуда чораҳои зарурӣ андешад .
3. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати иҷрои қарори мазкур тадбирҳои амалӣ андешад .
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2012 № 200
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
Об утверждении Государственной программы реформирования и развития сферы начального и среднего профессионального образования Республики Таджикистан на 2012-2020 годы
(в редакции постановления Правительства РТ от 10.02.2016г.№66)
Согласно статьи 7 Закона Республики Таджикистан "О государственных прогнозах, концепциях, стратегиях и программах социально-экономического развития Республики Таджикистан" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Утвердить Государственную программу реформирования и развития сферы начального и среднего профессионального образования Республики Таджикистан на 2012-2020 годы (прилагается).
2. Министерству образования и науки Республики Таджикистан принять необходимые меры при разработке проекта бюджета сферы образования с целью внедрения Государственной программы реформирования и развития сферы начального и среднего профессионального образования Республики Таджикистан на 2012-2020 годы в рамках утвержденных показателей Государственного бюджета на 2013-2014 и последующие годы
3. Министерству образования и науки Республики Таджикистан совместно с соответствующими министерствами, ведомствами и местными исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, Согдийской и Хатлонской областей, города Душанбе, городов и районов республиканского подчинения принять действенные меры по реализации данной Программы
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
30 апреля 2012 года №200
г. Душанбе