Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 майи соли 2012, № 247 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳоИ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба Низомномаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №595 "Дар бораи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироти зайл ворид карда шавад:

- аз банди 1 калимаҳои "таъмини деҳот бо об ва обёрии чарогоҳҳо" хориҷ карда шаванд;

- аз банди 5 калимаҳои "бо об таъминкунии аҳолии деҳот ва обёрии чарогоҳҳо", "бо об таъмин намудани деҳот, обёрии чарогоҳҳо," ва " таъмини аҳолии деҳот бо об ва обёрии чарогоҳҳо" хориҷ карда шаванд.

2. Аз Номгӯи ташкилотҳои системаи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо замимаи 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №595 тасдиқ шудааст, калимаҳои "Муассисаи давлатии "Сарраёсати Тоҷикобдеҳот" ва Корхонаи воҳиди давлатии истифодабарии шоҳроҳҳои обгузари №5 ноҳияи Ҳисор" хориҷ карда шаванд.

3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001, №357 "Дар бораи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

- сархати дуюми банди 18 Оинномаи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001, №357 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"- таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва чарогоҳҳо бо оби нушокӣ ва канализатсия, назорати сифат ва ҷараёни об";

- ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2001, №357 Замимаи нав илова карда шавад (замима мегардад).

4. Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" ҷиҳати қабулу супоридани Муассисаи давлатии "Сарраёсати Тоҷикобдеҳот" чораҳои дахлдор андешида, санадҳои меъёрии ҳукуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намоянд.

5. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар якҷоягӣ бо Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор масъалаҳои амволиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намоянд.

6. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти баҳисобгирӣ тағйироти дахлдор ворид намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 18 майи соли 2012, №247

ш. Душанбе

Замимаи 3

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз

18 майи соли 2012, №247

тасдиқ шудааст

Номгӯи ташкилотҳои системаи Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"

Муассисаи давлатии "Сарраёсати Тоҷикобдеҳот"

Корхонаи воҳиди давлатии истифодабарии шоҳроҳҳои обгузари №5 ноҳияи Ҳисор"